МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 19
СУРУДИ 11 Офаридаҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд
Ба фариштаҳои вафодор пайравӣ кунед
«Яҳуваро ситоиш кунед» (ЗАБ. 103:20).
МАҚСАД
Мо баъзе намунаи фариштаҳои содиқро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр ба онҳо пайравӣ кунем.
1, 2. а) Мо аз фариштаҳо чӣ фарқ дорем? б) Аз кадом ҷиҳат мо ба фариштагон монандем?
ВАҚТЕ Яҳува моро ба роҳи ростӣ ҷалб кард, моро даъват намуд, ки ба хонаводаи бузурги парастандагонаш ҳамроҳ шавем. Ба он одамони бешумор ва миллионҳо фариштагони содиқ дохил мешавад (Дон. 7:9, 10). Агар дар бораи фариштагон фикр кунем, пеш аз ҳама ба ёдамон меояд, ки онҳо аз мо чӣ қадар бузургтаранд. Масалан, онҳо солҳои зиёд пеш аз пайдо шудани одамон вуҷуд доштанд (Айюб 38:4, 7). Онҳо назар ба мо хеле пурқувватанд ва чунон поку росткоранд, ки мо, инсонҳои нокомил, ба дараҷаи онҳо расида наметавонем (Луқ. 9:26).
2 Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мо аз бисёр ҷиҳат ба фариштагон монандем. Масалан, мо мисли онҳо соҳибихтиёрем ва сифатҳои зебои Яҳуваро аз худ карда метавонем. Ҳар яки мо соҳиби ном, хислатҳо ва таъйиноти гуногун ҳастем ва ниёзи парастиш кардани Худоро дорем (1 Пет. 1:12).
3. Мо аз фариштагони содиқ чӣ меомӯзем?
3 Азбаски мо аз бисёр ҷиҳат ба фариштагон монандем, аз намунаи хуби онҳо бисёр чизро меомӯзем ва қувват мегирем. Дар ин мақола мебинем, ки чӣ тавр мо ҳам мисли фариштагони вафодор хоксору одамдӯст бошем, истодагӣ кунем ва барои пок нигоҳ доштани ҷамоат саҳм гузорем.
ФАРИШТАГОН ХОКСОРАНД
4. а) Хоксории фариштагон дар чӣ маълум мешавад? б) Чаро фариштагон хоксоранд? (Забур 89:7).
4 Фариштаҳои содиқ хоксор мебошанд. Ҳарчанд онҳо пуртаҷриба, тавоно ва бохираданд, ҳамеша ба дастуроти Яҳува итоат мекунанд (Заб. 103:20). Вақти иҷрои супоришҳояшон онҳо аз корҳои бузургашон ҳеҷ гоҳ лоф намезананд ё қувваи ғайриодияшонро намоиш намедиҳанд. Баъзан номҳояшон ошкор намешаванд, вале онҳо аз пайи шуҳрат нашуда, бо хурсандӣ хости Худоро ба ҷо меорандa (1 Мӯсо 32:24, 29; 4 Подш. 19:35). Ин фариштагони хоксор ҷалолеро, ки ба Яҳува тааллуқ дорад, аз худ намекунанд. Барои чӣ? Зеро онҳо Яҳуваро дӯст медоранд ва ба ӯ эҳтироми беандоза доранд. (Забур 89:7-ро хонед.)
5. Як фаришта ҳангоми ислоҳ кардани Юҳаннои расул чӣ тавр хоксорӣ нишон дод? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
5 Хоксории фариштагон аз як воқеа намоён гашт. Биёед онро дида бароем. Тақрибан соли 96-уми милодӣ фариштае, ки номаш маълум нест, ба Юҳаннои расул рӯъёи ҳайратангезеро нишон дод (Ошкор. 1:1). Ин рӯъё ба Юҳанно чунон таъсир кард, ки ӯ ба фаришта саҷда карданӣ шуд. Лекин ин фариштаи вафодор дарҳол ӯро манъ карда, чунин гуфт: «Ҳаргиз ин тавр накун! Ман ҳам мисли ту ва бародаронат... ғулом ҳастам. Ба Худо саҷда кун» (Ошкор. 19:10). Чӣ хел ҷавоби хоксорона! Ин фаришта аз пайи таърифу шуҳрат набуд. Ӯ дарҳол диққати Юҳанноро ба Яҳува равона кард. Ҳамзамон ӯ ба Юҳаннои расул бо назари паст нанигарист. Ҳарчанд ин фариштаи хоксор аз Юҳанно қудрату таҷрибаи хеле бештар дошт, худро мисли Юҳанно ғулом номид. Вақти ислоҳ кардани ин расули пиронсол ҳам, фаришта ӯро сарзаниш накард ва бо ӯ дағалона рафтор нанамуд. Баръакс, ӯ меҳрубон буд. Аз афташ, фаришта дарк кард, ки Юҳанно ҳайратзада аст.
Фаришта ҳангоми бо Юҳанно ҳамсуҳбат шудан хоксорӣ нишон медиҳад (Ба сархати 5 нигаред.)
6. Чӣ тавр ба хоксории фариштагон пайравӣ карда метавонем?
6 Мо чӣ тавр ба хоксории фариштагон пайравӣ карда метавонем? Мо низ ҳангоми иҷрои супоришҳоямон намехоҳем, ки ҳавобаландиву худнамоӣ кунем (1 Қӯр. 4:7). Ғайр аз ин, агар назар ба дигарон солҳои зиёдтар ба Яҳува хизмат карда бошем ё соҳиби таъйиноти махсус бошем, мо набояд худро боло гирем. Ҳар қадаре таъйиноти бештар дошта бошем, ҳамон қадар бояд худро кам ҳисобем (Луқ. 9:48). Мисли фариштагон мо мехоҳем хизмати дигаронро ба ҷо орем, на ин ки худнамоӣ кунем.
7. Ҳангоми ислоҳ кардан ё маслиҳат додан чӣ тавр хоксорӣ нишон дода метавонем?
7 Баъзан ба мо лозим меояд, ки ба касе, масалан, ба ҳамимоне ё фарзандамон маслиҳат диҳем ё ӯро ислоҳ кунем. Ҳатто агар дар чунин ҳолатҳо маслиҳати рӯирост додан зарур бошад, мо бояд хоксор бошем. Мо аз фариштае, ки Юҳанноро бо меҳрубонӣ ислоҳ кард, ибрат гирифта метавонем. Баъзан лозим меояд, ки ба шахс рӯирост маслиҳат диҳем, вале эҳтиёт мешавем, ки ӯро дилшикаста насозем. Агар худро боло нагирем, мо маслиҳати Каломи Худоро бо ҳамдардиву эҳтиром мерасонем (Қӯл. 4:6).
ФАРИШТАҲО ОДАМОНРО ДӮСТ МЕДОРАНД
8. а) Аз рӯйи суханони Луқо 15:10 фариштагон чӣ хел муҳаббаташонро ба одамон нишон медиҳанд? б) Чӣ тавр фариштагон дар кори мавъиза ба мо кумак мекунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
8 Фариштагон худро аз одамон дур намегиранд ва ба онҳо бепарво нестанд. Баръакс, онҳо одамонро дӯст медоранд. Аз тавба кардани гунаҳкоре фариштагон шодӣ мекунанд — хоҳ гӯсфанди гумшудае назди Яҳува баргардад, хоҳ шахсе ҳаёташро дигар карда, ростиро қабул кунад. (Луқо 15:10-ро хонед.) Фариштаҳо ҳамчунин дар кори хушхабаррасонӣ фаъоланд (Ошкор. 14:6). Ҳарчанд худашон ба одамон хушхабарро намерасонанд, онҳо баъзан воизонро сӯйи касоне, ки дар бораи Яҳува фаҳмидан мехоҳанд, роҳнамоӣ мекунанд. Мо аниқ гуфта наметавонем, ки дар ин ё он маврид фаришта дахолат кардааст ё не. Охир, Яҳува бо дигар роҳҳо низ одамонро дастгириву халқашро роҳнамоӣ мекунад, масалан, бо рӯҳи муқаддасаш (Кор. 16:6, 7). Ба ҳар ҳол Яҳува ба фариштаҳо бисёр супоришҳоро бовар мекунад. Барои ҳамин мо бовар дорем, ки вақти хушхабаррасонӣ фариштаҳо моро дастгирӣ мекунанд. (Ба чорчӯбаи «Дуоҳои онҳо беҷавоб намонд» нигаредb.)
Ҳамсарон хизматашонро навакак ба охир расонданд. Вақти ба хона баргаштан хоҳар ҷавондухтари зиқу рӯҳафтодаро мебинад. Хоҳар дарк мекунад, ки фариштагон онҳоро сӯйи ташнагони ростӣ раҳнамоӣ мекунанд. Ӯ мехоҳад он духтарро тасаллӣ диҳад (Ба сархати 8 нигаред.)
9. Чӣ тавр мисли фариштагон одамонро дӯст дошта метавонем?
9 Чӣ тавр мисли фариштаҳо одамдӯст бошем? Вақте дар ҷамоат барқарор шудани касеро эълон мекунанд, мо мисли фариштаҳо хурсандӣ мекунем. Мо он шахсро нағз пешвоз гирифта, муҳаббатамонро нишон дода метавонем (Луқ. 15:4–7; 2 Қӯр. 2:6–8). Ғайр аз ин, ба фариштаҳо пайравӣ карда, аз таҳти дил дар кори мавъиза иштирок мекунем (Пандгӯ 11:6). Чи хеле ки фариштаҳо ба мо барои паҳн кардани хушхабар ёрӣ медиҳанд, мо ҳам бо ҳар роҳ бародару хоҳаронро дар хизмат дастгирӣ мекунем. Масалан, мо метавонем нақша кашида, бо воизи камтаҷриба хизмат кунем ё ба бародару хоҳари пиронсол ё бемор ёрӣ диҳем, то дар хизмат иштирок карда тавонад.
10. Аз саргузашти Сара чӣ меомӯзем?
10 Агар мисли пештара мавъиза карда натавонем-чӣ? Ба ҳар ҳол метавонем роҳҳоеро кобем, ки бо фариштагон дар кори хушхабаррасонӣ иштирок кунем. Хоҳарамон Сараc аз Ҳиндустон ҳамин хел кард. Баъди тақрибан 20 соли пешрав хизмат карданаш Сара бемор шуда, бистарӣ гашт. Аз ин вазъияташ ӯ сахт рӯҳафтода шуд. Лекин бо дастгирии ҳамимонони меҳрубон ва омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас оҳиста-оҳиста хурсандӣ пайдо кард. Акнун ӯ бояд вазъияти навашро ба назар гирифта, хизмат мекард. Азбаски ӯ ҳатто шишта нома навишта наметавонист, танҳо ба воситаи телефон мавъиза мекард. Вақте ӯ ба одамон гашта занг мезад, аз онҳо мефаҳмид, ки боз кӣ ба ин хабар шавқ дорад. Ин чӣ натиҷа овард? Ҳамагӣ дар якчанд моҳ Сара 70 омӯзанда ёфт. Ӯ бо ҳамаи онҳо омӯзиш карда наметавонист, барои ҳамин баъзеяшонро ба дигар воизон дод. Бисёре аз ин омӯзандагон акнун ба вохӯриҳо меоянд. Мо дилпурем, ки фариштагон бо бародару хоҳароне, ки мисли Сара бо тамоми қувват хизмат мекунанд, ҳамкорӣ карда хурсандӣ мегиранд.
ФАРИШТАГОН ИСТОДАГӢ МЕКУНАНД
11. Чӣ тавр фариштагони вафодор истодагӣ мекунанд?
11 Фариштагони вафодор намунаи беҳтарини истодагӣ мебошанд. Онҳо ҳазорҳо сол инҷониб бадкориву беадолатиро тоқат мекунанд. Онҳо диданд, ки чӣ тавр Шайтон ва фариштагони зиёде бар зидди Яҳува баромаданд (1 Мӯсо 3:1; 6:1, 2; Яҳд. 6). Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки деви пурзӯре ба як фариштаи вафодор муқобилат карда буд (Дон. 10:13). Ғайр аз ин, фариштагон шоҳиди он буданд, ки дар таърихи инсоният одамони хеле кам парастиши покро тарафдорӣ мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда фариштагони содиқ бо ғайрату хурсандӣ хизмати Яҳуваро давом медиҳанд. Онҳо медонанд, ки Яҳува дар вақти муайян ҳамаи беадолатиро бартараф мекунад.
12. Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки истодагӣ кунед?
12 Мо чӣ тавр ба истодагии фариштагон пайравӣ карда метавонем? Мо низ мисли фариштагон шоҳиди беадолатиҳо шуда метавонем, лекин дилпурем, ки дар вақти даркорӣ Худо ҳамаи бадиҳоро решакан мекунад. Барои ҳамин ба фариштаҳои бовафо пайравӣ карда «некӣ карданро бас намекунем» (Ғал. 6:9). Яҳува ваъда медиҳад, ки барои истодагӣ кардан ба мо қувват мебахшад (1 Қӯр. 10:13). Мо метавонем аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем, зеро он пурсабрӣ ва хурсандӣ ба бор меорад (Ғал. 5:22; Қӯл. 1:11). Агар шумо бо озору азият рӯ ба рӯ шуда бошед-чӣ? Пурра ба Яҳува такя кунед ва ба тарсу хавотирӣ дода нашавед. Ӯ, албатта, шуморо дастгирӣ карда, қувват мебахшад (Ибр. 13:6).
ФАРИШТАГОН ДАР ПОКИИ ҶАМОАТ САҲМ МЕГУЗОРАНД
13. Дар ин рӯзҳои охир ба фариштагон кадом супориши махсус дода шудааст? (Матто 13:47–49).
13 Дар ин рӯзҳои охир Яҳува ба фариштагон супориши махсусе додааст. (Матто 13:47–49-ро хонед.) Хушхабарро шунида миллионҳо одамони гуногун ба роҳи ростӣ ҷалб мешаванд. Баъзеи онҳо ислоҳ шуда, масеҳии ҳақиқӣ мегарданд, дигарон бошанд, не. Яҳува ба фариштагон супориш додааст, ки «бадкоронро аз росткорон ҷудо» кунанд, яъне онҳо уҳдадоранд, ки барои покии ҷамоат саҳм гузоранд. Ин маънои онро надорад, ки дар байни ҷамоат ҳеҷ гоҳ мушкилӣ намешавад ва ё, агар одам аз ҷамоат дур карда шавад, имкони баргаштан надорад. Лекин мо аз як чиз дилпурем: фариштагон барои пок нигоҳ доштани ҷамоат бисёр меҳнат мекунанд.
14, 15. Барои рӯҳану ахлоқан пок нигоҳ доштани ҷамоат мо чӣ тавр ба фариштагон пайравӣ карда метавонем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
14 Мо чӣ тавр барои пок нигоҳ доштани ҷамоат ба фариштагон пайравӣ карда метавонем? Мо мехоҳем, ки дар рӯҳану ахлоқан пок мондани ҷамоат саҳм гузорем. Барои ин мо ёрони хубро интихоб карда, диламонро ҳимоя мекунем ва ҳар чизеро ки ба муносибати мову Яҳува рахна мегузорад, рад мекунем (Заб. 101:3). Ҳамчунин мо азми вафодории ҳамдинонамонро қавӣ карда метавонем. Масалан, агар аз ягон гуноҳи ҷиддии ҳамимонамон хабардор шавем, чӣ кор карда метавонем? Аз муҳаббат ба ӯ мегӯем, ки дар ин бора ба пирон хабар диҳад. Агар ӯ ин корро накунад, мо худамон пиронро хабардор мекунем, зеро мехоҳем ҳамимонамон ҳар чӣ тезтар шифои рӯҳонӣ ёбад (Яъқ. 5:14, 15).
15 Сад афсӯс ки, баъзан ҳамдинони гуноҳкарда аз ҷамоат дур карда мешаванд. Дар ин ҳол мо бо онҳо «дигар ҳамнишин» намешавемd (1 Қӯр. 5:9–13). Бо ҳамин роҳ ҷамоат пок нигоҳ дошта мешавад. Илова бар ин, бо шахси дуршуда суҳбат накардамон нишонаи муҳаббати мост. Чӣ тавр? Эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ ба худ омада, назди Яҳува баргардад. Агар ӯ пушаймон шуда, ба ҷамоат баргардад, мо дар баробари Яҳува ва фариштаҳо шодӣ мекунем (Луқ. 15:7).
Агар аз ягон гуноҳи ҷиддии ҳамимонамон хабардор шавем, чӣ кор карда метавонем? (Ба сархати 14 нигаред.)e
16. Аз кадом ҷиҳат ба фариштагон пайравӣ кардан мехоҳед?
16 Чӣ шараф аст, ки мо метавонем бо чашми имон ба олами рӯҳонӣ назар дӯзем ва бо фариштагон ҳамкорӣ кунем. Биёед аз ҷиҳатҳои зерин ба фариштагони вафодор пайравӣ кунем: хоксорӣ, одамдӯстӣ, истодагӣ ва ахлоқану рӯҳан пок нигоҳ доштани ҷамоат. Агар мо ба ин фариштагони бовафо пайравӣ кунем, метавонем то абад қисми хонаводаи парастандагони Яҳува гардем.
СУРУДИ 126 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!
a Аз садҳо миллион фариштагон дар Китоби Муқаддас танҳо номи дутояш оварда шудааст — Микоил ва Ҷабраил (Дон. 12:1; Луқ. 1:19).
b Барои пайдо кардани мисолҳои дигар ба «Индекси адабиёти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) сарлавҳаи «Фариштагон», зерсарлавҳаи «роҳнамоии фариштагон (мисолҳо)» нигаред.
c Номҳо иваз шудаанд.
d Чи хеле дар «Муроҷиати Ҳайати роҳбарикунанда № 2 (2024)» гуфта шуд, агар шахси аз ҷамоат дуршуда ба вохӯрӣ ояд, воизон аз рӯйи имони таълимёфтаашон амал карда метавонанд. Онҳо худашон қарор мекунанд, ки он шахсро пешвоз гирифта салом кунанд ё не.
e ШАРҲИ РАСМ: Хоҳар ба дӯсташ мегӯяд, ки бо пирон гап занад. Аз байн чанд вақт мегузараду дӯсташ бо пирон гап намезанад ва хоҳар худаш дар бораи он масъала ба пирон хабар медиҳад.