ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 июн саҳ. 14-19
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • МО НАМЕДОНЕМ АНҶОМ КАЙ МЕОЯД
  • МО НАМЕДОНЕМ ЯҲУВА ЧӢ ХЕЛ АМАЛ МЕКУНАД
  • МО НАМЕДОНЕМ ФАРДО ЧӢ МЕШАВАД
  • ЯҲУВА МОРО АЗ ҲАМА БЕҲТАР МЕДОНАД
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Дар ёд доред, ки Яҳува «Худои зинда» аст
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Мо дар бораи довариҳои ояндаи Яҳува чиро медонем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Аз васияти мардони бовафо ибрат гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 июн саҳ. 14-19

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 26

СУРУДИ 122 Матину устувор бошед!

Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред

«Ба фаҳмидани Худои Тавоно зӯри ақламон намерасад» (АЙЮБ 37:23).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр дар вақтҳои норавшанӣ ба Яҳува такя кунем, он чиро намедонем тан гирем ва ба он чӣ медонем, диққат диҳем.

1. Яҳува кадом қобилиятҳоро ба мо ато кардааст ва барои чӣ?

ЯҲУВА моро бо қобилияти донишомӯзӣ, фаҳму дарк ва бохирадона амал кардан офаридааст. Барои чӣ? Худо мехоҳад, ки мо дониши ӯро ба даст орем ва ақламонро кор фармуда, ба ӯ хизмат кунем (Пнм. 2:1–5; Рум. 12:1).

2. а) Мо чӣ маҳдудият дорем? (Айюб 37:23, 24). (Ҳамчунин ба расм нигаред.) б) Агар ҳадшинос бошем, мо ба чӣ бовар мекунем?

2 Ҳарчанд Яҳува моро бо қобилияти омӯхтан офаридааст, дониши мо маҳдуд аст. (Айюб 37:23, 24-ро хонед.) Мисоли Айюбро ба ёд меорем. Яҳува бо як қатор саволҳо маълум сохт, ки Айюб бисёр чизро намедонад. Аз ин воқеа ӯ хоксортар гашту фикрронияшро ислоҳ кард (Айюб 42:3–6). Агар мо ҳам бо ҳадшиносӣ тан гирем, ки ҳама чизро намедонем, ба Яҳува такя мекунем. Мо бовар дорем, ки Яҳува маълумоти бароямон заруриро мекушояд, то қарорҳои бохирадона карда тавонем (Пнм. 2:6).

Вақте Яҳува бо Айюб гап мезанад, аз байни абрҳо нур медурахшад. Элиҳу ва се дилбардори ғамовари Айюб инро мушоҳида мекунанд.

Вақте мисли Айюб тан мегирем, ки ҳама чизро намедонем, аз ин фоида мегирем (Ба сархати 2 нигаред.)


3. Дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Дар ин мақола мо мебинем, ки чиро намедонем ва ин чӣ мушкилиҳоро ба вуҷуд меорад. Мо ҳамчунин мефаҳмем, ки барои чӣ надонистани баъзе чизҳо ба фоидаи мост. Омӯхтани ин фикрҳо бовари моро ба Яҳува, «Донои якто», қавӣ мегардонад. Мо дилпур мешавем, ки Яҳува он чиро ки бароямон ҳақиқатан ҳам зарур аст, ошкор месозад (Айюб 37:16).

МО НАМЕДОНЕМ АНҶОМ КАЙ МЕОЯД

4. Мувофиқи Матто 24:36 мо чиро намедонем?

4 Матто 24:36-ро хонед. Мо намедонем анҷоми ин замона кай меояд. Ҳатто Исо вақти дар замин буданаш тан гирифт, ки «рӯз ва соат»-и анҷомро намедонадa. Баъдтар ӯ ба расулонаш гуфт, ки Яҳува, Вақтшиноси бузург, баъзе масъалаҳоро «дар ихтиёри» худ мегузорад (Кор. 1:6, 7). Худоямон рӯзу соати анҷомро аллакай муқаррар кардааст, вале пай бурдани он аз фаҳму хиради мо берун аст.

5. Надонистани рӯзу соати анҷом чӣ мушкилиҳо меорад?

5 Аз суханони Исо бармеояд, ки мо намедонем чӣ қадари дигар бояд анҷомро интизор шавем. Шояд, мо аз интизорӣ дилхаста ё бетоқат шудаем, хусусан агар солҳои зиёд ба Яҳува хизмат карда истода бошем. Ё мумкин бароямон бардоштани мазоқу таънаҳои хешу табор вазнинӣ кунад (2 Пет. 3:3, 4). Эҳтимол, мо фикр кунем, ки, агар рӯзу соати анҷомро медонистем, бароямон сабр кардан ва бардоштани мазоқу таънаҳои дигарон осонтар мешуд.

6. Чаро надонистани вақту соати анҷом барои мо хуб аст?

6 Санаи анҷомро ошкор накарда Яҳува барои мо як кори хубе кардааст. Ӯ ба мо имкон додааст, ки аз муҳаббату имон ба ӯ хизмат кунем. Имони мо ва хизмати мо ба Яҳува беқайду шарт ва бемуҳлат аст. Биёед аз пайи соату дақиқаи «рӯзи Яҳува» нашавем, балки диққатамонро ба баракатҳое, ки он рӯз меорад, равона кунем. Ҳамин тавр мо ба Яҳува сахттар мечаспем ва бо ғайрати бештар ба ӯ хизмат мекунем (2 Пет. 3:11, 12).

7. Мо чиро медонем?

7 Биёед диққатро ба он чӣ равона кунем, ки медонем. Яҳува дар Китоби Муқаддас пешгӯйиҳое овардааст, ки аз рӯйи онҳо соли саршавии охирзамонро ҳисоб кардан мумкин аст: мо медонем, ки рӯзҳои охир соли 1914 сар шуданд. Ҳамчунин дар Каломи Худо як ба як гуфта мешавад, ки аз он вақт сар карда кадом воқеаҳо мешаванд. Барои ҳамин мо дилпурем, ки «рӯзи бузурги Яҳува наздик аст» (Саф. 1:14). Мо ҳамчунин медонем, ки Яҳува ба мо чӣ супориш додааст. Ӯ мехоҳад, ки мо «хушхабари Подшоҳии Худо»-ро ба одамон ҳар чӣ бештар расонем (Мат. 24:14). Ин хабар имрӯз тахминан дар 240 давлат ба беш аз 1000 забон паҳн карда мешавад. Ба мо зарур нест «рӯз ва соат»-и анҷомро донем, то ин паёми ҷонбахшро бо ғайрати зиёд расонем.

МО НАМЕДОНЕМ ЯҲУВА ЧӢ ХЕЛ АМАЛ МЕКУНАД

8. Суханони «амалҳои Худоро. . . наметавонӣ бифаҳмӣ» чӣ маъно доранд? (Пандгӯ 11:5).

8 Барои иҷро кардани нияташ Яҳува баъзан сабабгори чизе мешавад ё ба он роҳ медиҳад. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «амалҳои Худоро. . . наметавонӣ бифаҳмӣ». (Пандгӯ 11:5-ро хонед.) Ин чӣ маъно дорад? Як фикр кунед: олимон то имрӯз пурра намефаҳманд, ки чӣ тавр кӯдак дар шиками модараш инкишоф меёбад. Ба ҳамин монанд, мо намедонем, ки чаро Яҳува ба баъзе воқеаҳо роҳ медиҳад ё ӯ дар ҳаққи мо чӣ кор карданист (Заб. 37:5).

9. Агар мо намедонем, ки Яҳува чӣ хел амал мекунад, чӣ душвориҳо пеши роҳамон баромада метавонанд?

9 Дар бисёр ҳолатҳо мо намедонем, ки Яҳува чӣ хел амал мекунад. Аз ҳамин сабаб, шояд, мо камғайрат шавем. Мумкин диламон нашавад, ки доираи хизматамонро васеъ карда, аз баҳри роҳати худ бароем ва ҳаётамонро одӣ карда, ба ҷойи камвоиз кӯчем. Бисёре аз мо дар хизмати мавъиза заҳмати зиёд мекашем ё ки бо ягон лоиҳаи рӯҳонӣ бандем. Агар дар хизматамон мо натиҷаҳои калонро набинем ё ягон душворӣ пеши роҳамон барояд, шояд, диламон дур равад, ки Яҳува аз мо розист.

10. Чӣ тавр амал кардани Яҳуваро надониста, мо кадом сифатҳои муҳимро пайдо мекунем?

10 Чӣ тавр амал кардани Яҳуваро надонистан ба мо як фоида дорад. Мо метавонем чунин сифатҳои хуб ба монанди ҳадшиносӣ ва хоксориро инкишоф диҳем. Мо дарк мекунем, ки фикрҳои Яҳува аз фикрҳои мо болотаранд (Иш. 55:8, 9). Мо ба Яҳува бештар такя карданро ёд мегирем ва барои кушоиши кор аз ӯ кумак мепурсем. Вақте дар хизмати мавъиза ё ягон лоиҳаи ташкилот самари хуб ба даст меорем, мо Яҳуваро ҷалол медиҳем (Заб. 127:1; 1 Қӯр. 3:7). Агар натиҷаҳои мехостаамон ба даст наоянд, мо дар ёд дорем, ки вазъият ҳоло ҳам пурра дар дасти Яҳува аст. Агар инро фаромӯш насозем, осоиштагиро нигоҳ медорем (Иш. 26:12). Мо чизеро, ки аз дастамон биёяд, мекунему дигарашро ба дасти Яҳува месупорем. Мо дилпурем, ки Яҳува ба мо дастуроти саривақтӣ медиҳад, ҳатто агар он мисли замонҳои пеш муъҷизавор набошад (Кор. 16:6–10).

11. Мо дар бораи чӣ мулоҳиза кардан мехоҳем?

11 Мо медонем, ки Яҳува ҳамеша меҳрубон, боадолат ва хирадманд аст; ӯ заҳматеро, ки мо ба хотири ӯ ва ҳамдинон мекашем, қадр мекунад. Мо ҳамчунин медонем, ки Яҳува содиқонашро ҳамеша мукофот медиҳад (Ибр. 11:6). Аз ин рӯ мехоҳем дар бораи ин чизҳо мулоҳиза кунем.

МО НАМЕДОНЕМ ФАРДО ЧӢ МЕШАВАД

12. Мувофиқи Яъқуб 4:13, 14, мо чиро намедонем?

12 Яъқуб 4:13, 14-ро хонед. Ҳақиқати зиндагӣ ин аст, ки мо намедонем пагоҳ бо мо чӣ мешавад. Дар ин дунё мо аз «замони баду воқеаҳои ногаҳонӣ» эмин нестем (Пандгӯ 9:11). Аз ин рӯ намедонем, ки нақшаҳоямон барор мегиранд ё пагоҳ зинда ҳастем ё не.

13. Надонистани фардо чӣ тавр ҳаёти моро вазнинтар мекунад?

13 Надонистани фардо ҳаёти моро вазнинтар мекунад. Чӣ тавр? Вақте мо дар бораи оянда хавотирӣ мекашем, шодию хурсандиро аз даст медиҳем. Фалокатҳои ногаҳонӣ ва воқеаҳои ғайричашмдошт бо худ ғаму андуҳ меоранд. Вақте орзуҳоямон ҷомаи амал намепӯшанд, мо ноумеду дилшикаста мешавем (Пнм. 13:12).

14. Хушбахтии мо дар чист? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

14 Вақте мо ба душвориҳо тоб меорем, исбот мекунем, ки аз муҳаббати самимӣ ба Падари осмониямон хизмат мекунем, на барои ягон фоида. Аз саргузашти қаҳрамонони Китоби Муқаддас маълум мешавад, ки Яҳува тамоми мушкилотро аз пеши роҳамон чида намегирад ва тақдири моро дар пешониямон наменависад. Ӯ медонад, ки хушбахтӣ дар он нест, ки одам ояндаашро донад. Хушбахтии инсон дар ин аст, ки аз Яҳува раҳнамоӣ пурсаду ба сухани ӯ итоат кунад (Ирм. 10:23). Вақте мо пеш аз қарор кардан аз Яҳува маслиҳат мепурсем, гӯё дар диламон чунин мегӯем: «Агар Яҳува хоҳад ва зиндаю саломат бошем, чунин ё чунон мекунем» (Яъқ. 4:15).

Силсиларасм: 1. Падару писар борхалтаашонро тайёр мекунанд. Онҳо дар борхалтаашон дар қатори дигар чизҳои зарурӣ Китоби Муқаддас меандозанд. 2. Дар берун борон меборад. Падар, модар ва писар дар таги хаймаашон паноҳ ёфтаанд. Онҳо дар ҳолати фавқулода аз захираашон истифода мебаранд.

Агар аз Яҳува раҳнамоӣ пурсему ба ӯ итоат кунем, соҳиби дастгириву баракати ӯ мешавем (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)b


15. Мо дар бораи оянда чиро медонем?

15 Мо намедонем пагоҳ чӣ рӯй медиҳад, вале ҳаминро медонем, ки Яҳува ба мо ҳаёти абадиро ваъда додааст, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар замин. Мо медонем, ки Яҳува дурӯғ намегӯяд ва чизе пеши роҳашро гирифта наметавонад, ки ӯ ваъдаҳояшро иҷро кунад (Тит. 1:2). Танҳо ӯ «оқибатро аз аввал ва чизеро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим пешгӯйӣ» мекунад. Пешгӯйиҳои ӯ ҳам дар замони гузашта иҷро мешуданд, ҳам дар оянда иҷро мешаванд (Иш. 46:10). Мо медонем, ки ҳеҷ як мушкилӣ моро аз дасти пурмеҳри Яҳува дур карда наметавонад (Рум. 8:35–39). Ӯ барои бардошт кардан ба мо хирад, тасаллӣ ва қуввати лозима медиҳад. Мо дилпурем, ки Яҳува ба мо мадад мекунад ва моро баракат медиҳад (Ирм. 17:7, 8).

ЯҲУВА МОРО АЗ ҲАМА БЕҲТАР МЕДОНАД

16. Мувофиқи Забур 139:1–6 Яҳува чиро медонад, ки дар ақли мо намеғунҷад?

16 Забур 139:1–6-ро хонед. Офаридгори мо сиришти моро медонад, аз тану ҷон ва зеҳну дили мо ба хубӣ огоҳ аст. Ӯ ҳар лаҳза аз ҳоли мо хабардор шуда меистад. Ӯ аз рафтору гуфторамон ва сабабашон огоҳ аст. Чуноне ки шоҳ Довуд гуфт, чашми ғамхор ва дасти пурнавозиши Яҳува ҳеҷ гоҳ аз мо дур нест. Як тасаввур кунед, Парвардигори олам, Офаридгори замину осмон, Яҳува, ба мо ин қадар таваҷҷуҳ мекунад. Аз донистани ин сарамон ба осмон мерасад. Довуд дуруст гуфта буд: «Дарки ин аз фаҳмиши ман берун аст, чунон баланд аст, ки бароям ақлнорас аст» (Заб. 139:6).

17. Чаро баъзан диламон дур рафта метавонад, ки Яҳува моро мефаҳмад?

17 Шояд, ба сабаби маданият, тарбия ё эътиқоди пештара бароямон Падари ғамхору меҳрубони худ дидани Яҳува душвор бошад. Ё, шояд, ба сабаби гуноҳҳои пештараамон мо фикр кунем, ки Яҳува аз мо безор аст ва аз мо хеле дур аст. Чунин фикру ҳиссиёт аз дили Довуд ҳам мегузашт (Заб. 38:18, 21). Баъзеи дигар ҷон коҳонда тарзи ҳаёташонро иваз мекунанд, то дар назари Яҳува ахлоқи пок дошта бошанд. Шояд, гоҳе ба сари онҳо чунин фикр роҳ ёбад: «Агар Худо дарду ранҷи маро фаҳмад, чаро мехоҳад, ки ман табиатамро дигар кунам? Чаро ӯ маро чи хеле ки ҳастам, қабул намекунад?»

18. Чаро бояд тан гирем, ки Яҳува моро аз худамон беҳтар медонад? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

18 Яҳува моро аз худамон беҳтар медонад ва чизҳои некеро дар мо мебинад, ки худамон намебинем. Мо набояд ба ин ҳақиқат шубҳа кунем. Ҳарчанд Яҳува нуқсонҳоямонро мебинад, ӯ моро дӯст медорад, чунки сабаби ҳар рафтору ҳиссиётамонро медонад (Рум. 7:15). Яҳува қобилияту зебоиҳои ниҳони моро мебинад. Ин фикр моро қувват мебахшад, ки шодона ва содиқона ба ӯ хизмат кунем.

Силсиларасм: 1. Бародари рӯҳафтодае аз тиреза ба торикӣ ва боронӣ нигоҳ дорад. 2. Дар биҳишт бародар бо дӯстонаш ба саёҳат баромадаасту табиати зеборо тамошо дорад.

Яҳува дилпуриямонро ба дунёи нав қавӣ сохта, дар душвориҳои ногаҳонии ҳаёт дастамонро мегирад (Ба сархатҳои 18 ва 19 нигаред.)c


19. Мо чиро дар бораи Яҳува медонем?

19 Мо медонем, ки Яҳува муҳаббат аст — дар ин ҳеҷ шакке нест (1 Юҳ. 4:8). Мо медонем, ки Яҳува аз муҳаббат меъёрҳои одилонаашро ба мо додааст ва ӯ ҳама вақт некхоҳи мост. Мо медонем, ки Яҳува барои мо ҳаёти абадиро мехоҳад. Барои ин ӯ ба мо товонро ато кардааст. Аз баракати товон мо бо вуҷуди хатокориямон ризои Худоро соҳиб шуда метавонем (Рум. 7:24, 25). Мо медонем, ки «Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳама чизро медонад» (1 Юҳ. 3:19, 20). Яҳува ҳама чиро дар бораи мо медонад ва ӯ бовар дорад, ки мо аз уҳдаи иҷрои хосташ мебароем.

20. Чӣ тавр аз ташвиши зиёдатӣ худро эмин дорем?

20 Яҳува ҳеҷ маълумоти заруриро аз мо пинҳон намедорад. Вақте мо бо ҳадшиносӣ инро тан мегирем, мо худро аз ғаму ташвиши зиёдатӣ эмин медорем. Мо диққатамонро ба он чизе мекунем, ки дар ихтиёрамон аст ва он чизеро, ки аз ихтиёрамон берун аст, ба Яҳува месупорем. Ҳамин тавр мо ба Яҳува, ба «Донои якто», таваккал мекунем (Айюб 36:4). Имрӯз мо баъзе чизҳоро нағз намефаҳмем. Вале мо интизори ояндае ҳастем, ки дар он аз Худованди бузургамон як умр таълим гирифта, дар бораи ӯ чизҳои нав ба навро омӯхтан мегирем (Пандгӯ 3:11).

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Барои чӣ надонистани вақти анҷом ба фоидаи мост?

  • Барои чӣ надонистани фардо ба фоидаи мост?

  • Чаро бояд дар ёд дорем, ки Яҳува моро нағз мешиносад?

СУРУДИ 156 Аз Худо дилпур хоҳам буд

a Азбаски Исо ҷангро зидди ҷаҳони Шайтон сарварӣ мекунад, хулоса кардан мумкин аст, ки ҳозир ӯ медонад Ҳармаҷиддӯн кай мешавад ва кай ӯ «ғолиб» меояд (Ошкор. 6:2, 19:11–16).

b ШАРҲИ РАСМ: Падаре бо писараш дар борхалтаашон ҳама чизҳоро ҷо ба ҷо мекунанд ва ҳамин тавр ба ҳолатҳои фавқулода тайёр мешаванд.

c ШАРҲИ РАСМ: Бародаре, ки бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудааст, дар бораи дунёи нав мулоҳиза меронад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан