МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 27
СУРУДИ 79 Ёрӣ ба шогирдони нав
Ба омӯзандагон ёрӣ диҳед, ки хизматгори Яҳува шаванд
«Дар имон устувор монед. . . қавӣ бошед» (1 ҚӮР. 16:13).
МАҚСАД
Ба омӯзандагон барои дар роҳи ростӣ қадам задан далерию имон даркор аст. Мо мефаҳмем, ки барои пайдо кардани ин сифатҳо ба онҳо чӣ тавр ёрдам кунем.
1, 2. а) Чаро баъзе омӯзандаҳо барои дар роҳи ростӣ қадам задан дудилаанд? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
ОЁ ШУМО даррав қарор кардед, ки Шоҳиди Яҳува мешавед? Эҳтимол, шумо метарсидед, ки ҳамкорон, дӯстон ва аъзои оилаатон аз шумо рӯ мегардонанд. Ё, шояд, фикр кардед, ки аз рӯйи талабҳои Худо зиндагӣ кардан душвор аст ва шумо аз уҳдааш намебароед. Агар ин фикрҳо аз саратон гузашта бошанд, шумо дудилагии омӯзандагонро хуб мефаҳмед.
2 Исо медонист, ки чунин тарсу хавотириҳо одамро аз пешравии рӯҳонӣ боздошта метавонанд (Мат. 13:20–22). Лекин ӯ аз касоне, ки барои пайравӣ кардани ӯ дудила буданд, умедашро намеканд. Исо бо намунааш нишон дод, ки ба воситаи чор қадами зерин чӣ тавр ба ин одамон кумак кунем: 1) омӯзандагон бояд монеаҳоро пай баранд, 2) муҳаббаташонро ба Яҳува зиёд кунанд, 3) Яҳуваро дар ҷойи аввал монанд ва 4) мушкилиҳояшонро паси сар кунанд. Чӣ тавр мо ҳангоми омӯзиш аз китоби «То абад зинда бошед!» маслиҳатҳои Исоро ба кор бурда метавонем?
БА ОМӮЗАНДА КУМАК КУНЕД, КИ МОНЕАҲОРО ПАЙ БАРАД
3. Барои шогирди Исо шудан чӣ пеши роҳи Ниқӯдимусро мегирифт?
3 Ниқӯдимус ном сардори машҳури яҳудиён барои пайрави Исо шудан бояд монеаҳоро паси сар мекард. Танҳо баъди шаш моҳи хизмати Исо ӯ дарк кард, ки Исо фиристодаи Худо мебошад (Юҳ. 3:1, 2). Лекин Ниқӯдимус «аз тарси яҳудиён» бо Исо паноҳӣ вомехӯрд (Юҳ. 7:13; 12:42). Эҳтимол, ӯ фикр кард, ки, агар шогирди Исо шавад, бисёр чизҳоро аз даст медиҳадa.
4. Чӣ тавр Исо ба Ниқӯдимус ёрӣ расонд?
4 Ниқӯдимус Шариатро хуб медонист, лекин ӯ бояд мефаҳмид, ки Яҳува аз ӯ чӣ интизор аст. Исо чӣ тавр ба ӯ ёрӣ расонд? Ӯ вақтро дареғ надошта, ҳатто нисфи шаб, бо Ниқӯдимус суҳбат кард. Исо ба вай қадам ба қадам фаҳмонд, ки барои шогирдаш шудан бояд кадом корҳоро кунад: аз гуноҳҳояш тавба кунад, дар об таъмид гирад ва ба Писари Худо имон орад (Юҳ. 3:5, 14–21).
5. Чӣ тавр ба омӯзанда ёрӣ расонем, ки монеаҳояшро пай барад?
5 Агар омӯзанда Навиштаҳоро хуб донад ҳам, ӯ бояд пай барад, ки барои пешравияш чӣ хори сари роҳ шудааст. Шояд, кор ё зиддияти аъзои оила ба пешравии рӯҳонияш халал мерасонанд. Барои омӯзандаатон вақт ҷудо кунед. Шумо метавонед ӯро ба як пиёла чой ё сайругашт таклиф кунед. Дар чунин лаҳзаҳо, шояд, ӯ худро озод ҳис карда, гиреҳи дилашро кушояд. Ба ӯ фаҳмонед, ки на ба хотири шумо, балки аз муҳаббат ба Яҳува дар ҳаёташ дигаргуниҳо дарорад.
6. Чӣ тавр ба омӯзанда кумак кунем, ки роҳи ростиро маҳкам дорад? (1 Қӯринтиён 16:13).
6 Вақте омӯзанда мефаҳмад, ки Яҳува дар дурусткорӣ мададгори ӯст, барояш иҷрои гуфтаҳои Худо осон мешавад. (1 Қӯринтиён 16:13-ро хонед.) Нақши шуморо бо муаллимони мактаб монанд кардан мумкин. Дар вақти мактабхониятон кадом муаллим ба шумо бештар маъқул буд? Аз афташ, муаллиме, ки бо шумо пурсабр буд ва шуморо аз қобилиятҳоятон дилпур кард. Ба ҳамин монанд, муаллими хуби Каломи Худо ба омӯзандааш на танҳо хости Худоро таълим медиҳад, балки ӯро аз дастгирии Яҳува дилпур месозад. Ӯ мефаҳмад, ки шогирдаш бо ёрдами Яҳува ҳама тағйироти даркориро дар ҳаёташ дароварда метавонад. Мо чӣ тавр муаллими беҳтар шавем?
БА ОМӮЗАНДА КУМАК КУНЕД, КИ МУҲАББАТАШРО БА ЯҲУВА ЗИЁД ГАРДОНАД
7. Чӣ тавр Исо муҳаббати шунавандагонашро ба Яҳува зиёд гардонд?
7 Исо медонист, ки, агар шогирдонаш Яҳуваро дӯст доранд, чизҳои фаҳмидаашонро ба кор мебаранд. Ӯ доим ба онҳо чизҳоеро таълим медод, ки муҳаббаташонро ба Падари осмонияшон зиёд мегардонд. Масалан, ӯ Яҳуваро ба марде монанд кард, ки ба фарзандонаш чизҳои хуб медиҳад (Мат. 7:9–11). Эҳтимол, баъзе шунавандагони Исо падари меҳрубон надоштанд. Вақте Исо мисоли падареро овард, ки писари саркашашро бо меҳрубонӣ қабул кард, бешак, дили одамон об шуд. Ҳамин тавр Исо муҳаббати бепоёни Яҳуваро ба фарзандони заминияш ошкор кард (Луқ. 15:20–24).
8. Чӣ тавр меҳри Яҳуваро дар дили омӯзанда зиёд кунем?
8 Агар дар вақти омӯзиш диққатро ба хислатҳои Худо равона кунед, шумо ҳам муҳаббати омӯзандаатонро ба Яҳува зиёд карда метавонед. Масалан, ҳар боре ки омӯзиш мекунед, аз омӯзандаатон пурсед: «Аз ин мавзуъ дар бораи муҳаббати Яҳува чиро мефаҳмӣ?» Вақте мавзуи товонро мегузаред, фаҳмонед, ки он шахсан барои ӯ дода шуд (Рум. 5:8; 1 Юҳ. 4:10). Вақте омӯзандаатон мефаҳмад, ки Яҳува шахсан ӯро дӯст медорад, муҳаббати ӯ низ ба Яҳува зиёд мегардад (Ғал. 2:20).
9. Чӣ сабаб шуд, ки Майкл ҳаёташро дигаргун кард?
9 Ба мисоли Майкл аз Индонезия аҳамият диҳед. Ӯ дар оилаи Шоҳидон калон шуд, лекин таъмид нагирифт. Дар синни 18-солагӣ Майкл барои кор ба дигар давлат кӯчида, ронандаи мошини боркаш шуд. Баъдтар, ӯ ба Индонезия баргашта оиладор шуд, лекин боз оилаашро монда, ба кори пештарааш баргашт. Дар ин миён зану духтараш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда, пешравӣ карданд. Пас аз он ки модараш аз дунё гузашт, Майкл ба хона баргашта, падарашро нигоҳубин мекард. Баъдтар ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ҳангоме Майкл бахши «Бештар фаҳмед»-ро аз дарси 27-уми китоби «То абад зинда бошед!» муҳокима мекард, дилаш реш-реш шуд. Вақте ӯ мулоҳиза меронд, ки чӣ тавр Яҳува азоби Писарашро дида, дард кашид, Майкл гиря кард. Ҳамин тавр миннатдории ӯ барои товон зиёд гашту оҳиста-оҳиста ҳаёташро дигар кард ва таъмид гирифт.
БА ОМӮЗАНДА КУМАК КУНЕД, КИ ЯҲУВАРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МОНАД
10. Чӣ тавр Исо ба шогирдони аввалинаш кумак кард, ки хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал монанд? (Луқ. 5:5–11). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
10 Касоне, ки Исоро аввалин бор пайравӣ карданд, дарк карданд, ки ӯ Масеҳи ваъдашуда мебошад. Лекин онҳо бояд мефаҳмиданд, ки хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал монанд. Вақте ки Исо Петрусу Андриёсро даъват кард, ки шогирдони доимии ӯ шаванд, онҳо якчанд вақт боз ӯро пайравӣ мекарданд (Мат. 4:18, 19). Онҳо, аз афташ, бо Яъқубу Юҳанно бо кори сердаромади моҳигирӣ машғул буданд (Марқ. 1:16–20). Баъдтар, вақте Петрусу Андриёс «тӯрҳояшонро монда», аз пайи Исо рафтанд, аз афташ, онҳо роҳи дигари таъмини оилаашонро ёфтанд. Чаро онҳо хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал монданд? Аз рӯйи нақли Луқо муъҷизаи Исо боварии онҳоро ба ризқрасонии Яҳува қавӣ сохт. (Луқо 5:5–11-ро хонед.)
Исо бо кадом роҳ ба шогирдонаш кумак кард, ки хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал монанд ва мо аз ин чӣ меомӯзем? (Ба сархати 10 нигаред.)b
11. Мо чӣ тавр аз таҷрибаи худ нақл карда, имони омӯзандаамонро қавӣ карда метавонем?
11 Мо мисли Исо муъҷиза карда наметавонем, лекин метавонем саргузашти касонеро нақл кунем, ки хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал монданду Яҳува онҳоро дастгирӣ кард. Масалан, ба ёд оред, ки чӣ тавр Яҳува ба шумо барои вохӯриравӣ кумак карда буд. Эҳтимол, шумо ба раисатон фаҳмондед, ки рӯзҳои ҷамъомад дигар соати иловагӣ кор карда наметавонед. Ба омӯзандаатон фаҳмонед, ки, вақте Яҳуваро дар ҷойи аввал мондед, чӣ тавр ӯ шуморо дастгирӣ карду имонатон қавӣ гашт.
12. а) Чаро мо бояд ба омӯзишҳоямон ҳар хел воизонро даъват кунем? б) Ҳангоми омӯзиш чӣ тавр аз видеонаворҳо истифода бурда метавонем? Мисол оред.
12 Омӯзандаатон ҳамчунин аз саргузашти ҳамимононе, ки аз пайи хизмати Яҳува шуданд, фоида гирифта метавонад. Аз ин рӯ ҳар хел ҳамимононро ба омӯзишатон даъват кунед. Аз онҳо пурсед, ки чӣ тавр ба роҳи ростӣ омаданд ва чӣ тавр хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал монданд. Ғайр аз ин, бо омӯзандаатон вақт ҷудо карда, аз китоби «То абад зинда бошед!» видеоҳоро аз бахши «Бештар фаҳмед» ё «Дида бароед» тамошо кунед. Масалан, дар дарси 37-ум шумо баъзе принсипҳоро аз видеонавори «Яҳува дар бораи ниёзҳои мо ғамхорӣ мекунад» дида метавонед.
БА ОМӮЗАНДА КУМАК КУНЕМ, КИ АЗ ДУШВОРИҲО ГУЗАРАД
13. Исо чӣ тавр шогирдонашро ба зиддият тайёр кард?
13 Исо гаштаю баргашта ба пайравонаш мегуфт, ки дигарон ва ҳатто хешовандон ба онҳо зид мебароянд (Мат. 5:11; 10:22, 36). Вақте хизмати Исо ба поён мерасид, ӯ шогирдонашро огоҳ кард, ки аз барои роҳи ростӣ онҳоро кушта метавонанд (Мат. 24:9; Юҳ. 15:20; 16:2). Ӯ гуфт, ки дар хизмат эҳтиёткор бошанд. Масалан, ӯ маслиҳат дод, ки бо касоне, ки зидди таълимоти онҳо ҳастанд, баҳс накунанд ва эҳтиёт карда гап зананд, то минбаъд низ хизматашонро давом дода тавонанд.
14. Чӣ тавр омӯзандаро ба зиддият тайёр карда метавонем? (2 Тимотиюс 3:12).
14 Мо метавонем омӯзандаро ба зиддият аз тарафи ҳамкорон, дӯстон ва хешу табор тайёр кунем. (2 Тимотиюс 3:12-ро хонед.) Баъзе ҳамкорон, шояд, тарзи нави ҳаёти ӯро масхара кунанд. Дигарон, ҳатто хешу табори наздик, боварҳои ӯро танқид карда метавонанд. Агар бо омӯзандаҳоямон ҳар чӣ тезтар ин вазъиятҳоро дида бароем, онҳо чӣ гуфтану чӣ кор карданашонро медонанд.
15. Чӣ ба омӯзанда кумак мекунад, ки зиддияти аҳли оиларо паси сар кунад?
15 Агар аъзои оилаи омӯзандаатон ба ӯ зид бароянд, фаҳмонед, ки чаро онҳо ин тавр амал мекунанд. Шояд, онҳо хавотиранд, ки ӯро аз роҳ задаанд ё дар бораи Шоҳидони Яҳува бадгумонӣ доранд. Ҳатто баъзе наздикони Исо фикр мекарданд, ки ӯ девона шудааст (Марқ. 3:21; Юҳ. 7:5). Ба омӯзандаатон ёд диҳед, ки пурсабриро нигоҳ дорад ва бо дигарон боодобона муомила кунад, аз ҷумла бо аъзои оилааш.
16. Чӣ тавр ба омӯзанда кумак кунем, ки дар бораи боварҳояш боодобона гап занад?
16 Ҳатто вақте ягон хешу табори омӯзандаатон ба роҳи ростӣ шавқ пайдо кунад, ба омӯзандаатон ёд диҳед, ки яку якбора ҳама чиро нафаҳмонад. Агар омӯзандаатон ҳама чизҳои медонистаашро ба онҳо нақл кунад, шояд, онҳо дилгир шуда, дигар суҳбат кардан нахоҳанд. Аз ин рӯ ба омӯзандаатон ёд диҳед, ки дар бораи боварҳояш кам-камӣ гап занад, то дарро барои суҳбати оянда боз монад (Қӯл. 4:6). Ӯ метавонад сомонаамонро ба хешовандонаш нишон диҳад. Ҳамин тавр онҳо худашон дар бораи Шоҳидони Яҳува маълумоти бештар гирифта метавонанд.
17. Чӣ тавр шумо омӯзандаатонро тайёр карда метавонед, то ба саволҳои дигарон ҷавоб гӯяд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Аз сомонаи jw.org бахши «Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд»-ро истифода кунед. Омӯзандаатон бо роҳнамоии шумо аз ин бахш метавонад ба саволҳои хешовандон ё ҳамкоронаш ҷавобҳои осонак тайёр кунад (2 Тим. 2:24, 25). Дар охири ҳар дарси китоби «То абад зинда бошед!» қисми «Баъзеҳо мегӯянд» ё «Баъзеҳо мепурсанд» оварда шудааст. Ба омӯзандаатон гӯед, ки бо суханҳои худаш ба ин саволҳо ҷавоб диҳад. Агар даркор шавад, маслиҳат диҳед, ки боз чӣ тавр имонашро фаҳмонда метавонад. Ҳамин тавр машқ карда, шумо ба ӯ кумак мекунед, ки имонашро далерона ҳимоя кунад.
Омӯзандаатонро даъват кунед, ки пешакӣ тайёрӣ дида, ба дигарон дар бораи имонаш нақл кунад (Ба сархати 17 нигаред.)c
18. Шумо чӣ тавр омӯзандаатонро даъват карда метавонед, ки дар бораи имонаш ба дигарон нақл кунад? (Матто 10:27).
18 Исо ба шогирдонаш амр дод, ки хушхабарро ба одамон мавъиза кунанд. (Матто 10:27-ро хонед.) Ҳар қадаре омӯзанда кори хушхабаррасониро барвақттар сар кунад, ба Яҳува такя карданро зудтар ёд мегирад. Чӣ тавр ба ӯ ёрӣ диҳем, ки ин қадамро гузорад? Вақте дар ҷамъомад маъракаи мавъиза эълон карда мешавад, омӯзандаатонро даъват кунед, ки дар бораи воиз шудан фикр кунад. Ба ӯ фаҳмонед, ки чаро дар чунин маъракаҳо мавъиза кардан ба бисёриҳо осонтар аст. Боз як мақсади дигар дар вохӯриҳои байни ҳафта бо супоришҳои хонандагон баромад кардан аст. Бо ин роҳ ӯ ёд мегирад, ки чӣ тавр боварҳояшро ба дигарон фаҳмонад.
БА ОМӮЗАНДААТОН НИШОН ДИҲЕД, КИ АЗ Ӯ ДИЛПУРЕД
19. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки аз шогирдонаш дилпур аст ва чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?
19 Исо пеш аз он ки ба осмон равад ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо низ бо ӯ ҳамроҳ мешаванд. Онҳо намефаҳмиданд, ки Исо дар бораи ба осмон рафтани онҳо гап зада истодааст. Лекин Исо диққатро ба кундфаҳмии онҳо неву ба вафодорияшон равона кард (Юҳ. 14:1–5, 8). Исо медонист, ки онҳо бо гузашти вақт ба баъзе чизҳо, ба монанди умеди осмонӣ, сарфаҳм мераванд (Юҳ. 16:12). Бигзор омӯзандаҳоямон бинанд, ки мо аз онҳо дилпурем. Мо бояд бовар дошта бошем, ки онҳо Яҳуваро хурсанд кардан мехоҳанд.
Ҳар қадаре омӯзанда кори хушхабаррасониро барвақттар сар кунад, ба Яҳува такя карданро зудтар ёд мегирад
20. Чӣ тавр як хоҳар аз Малави аз омӯзандааш умедашро наканд?
20 Мо умед дорем, ки омӯзандаҳоямон дуруст рафтор кардан мехоҳанд. Мисоли Чифундо ном хоҳареро аз Малави мегирем. Ӯ аз рӯйи китоби «То абад зинда бошед!» бо Алинафе ном як ҷавонзани католик омӯзишро сар кард. Вақте онҳо дарси 14-ро тамом карданд, Чифундо дар бораи парастиши бутҳо фикри омӯзандаашро пурсид. Алинафе ба ҳаяҷон омада, чунин гуфт: «Ин кори шахсии ҳар як кас аст». Чифундо хавотир шуда, фикр кард, ки Алинафе акнун омӯзишро бас мекунад, лекин Чифундо омӯзишро бо Алинафе давом дод ва бовар дошт, ки ӯ бо гузашти вақт ҳамаашро мефаҳмад. Баъди якчанд моҳ ӯ ба омӯзандааш саволи дарси 34-ро дод: «Шумо аз омӯзиши Китоби Муқаддас ва таълим гирифтан дар бораи Худои ҳақиқӣ, Яҳува, чӣ фоида гирифтед?» Чифундо ҷавоби Алинаферо ба ёд оварда мегӯяд: «Ӯ бисёр чизҳои хубро номбар кард. Масалан, ӯ гуфт, ки Шоҳидони Яҳува ба ҳеҷ коре даст намезананд, ки зидди Китоби Муқаддас бошад». Каме баъдтар Алинафе аз парастиши расму бутҳо даст кашиду таъмид гирифт.
21. Мо чӣ тавр азми омӯзандаҳоямонро барои тарафгирии Яҳува қавӣ карда метавонем?
21 Ҳарчанд Яҳува худаш «Худои сабзонанда» аст, мо низ барои пешравӣ кардани омӯзанда ёрӣ дода метавонем (1 Қӯр. 3:7). Мо ба онҳо танҳо талаби Яҳуваро намеомӯзем, балки муҳаббаташонро ба Яҳува зиёд мекунем. Мо ҳамчунин онҳоро даъват мекунем, ки аз муҳаббат ба Яҳува хизматашро дар ҷойи аввал монанд ва дар вақтҳои душвор ба Яҳува такя кунанд. Вақте омӯзанда мебинад, ки мо аз ӯ дилпурем, ӯ қувват ёфта, аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ мекунад ва аз роҳи ростӣ дур намешавад.
СУРУДИ 55 Аз онҳо натарсед!
a Ниқӯдимус баъди дую ним соли бо Исо гап заданаш ҳанӯз узви Шӯрои олии яҳудиён буд (Юҳ. 7:45–52). Дар як маълумотнома гуфта мешавад, ки Ниқӯдимус танҳо баъди марги Исо шогирди ӯ шуд (Юҳ. 19:38–40).
b ШАРҲИ РАСМ: Петрус ва дигар моҳигирон кори моҳидориро монда, Исоро пайравӣ карданд.
c ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре омӯзандаашро тайёр мекунад, ки дар бораи имонаш ба дигарон нақл кунад.