ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bm қисми 2 саҳ. 5
  • Биҳишт аз даст дода шуд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Биҳишт аз даст дода шуд
  • Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Маводи монанд
  • Ҳаёт дар Биҳишт чӣ гуна буд?
    Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед
  • Худо аз ҳама бузург аст
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Зиндагии мушкил оғоз меёбад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Чаро онҳо аз хонаи худ маҳрум шуданд?
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
bm қисми 2 саҳ. 5
Ҳавво меваи манъшударо ламс мекунад

ҚИСМИ 2

Биҳишт аз даст дода шуд

Фариштаи исёнгар марду зани аввалин, Одаму Ҳавворо ба рад кардани ҳокимияти Худо бармеангезад. Оқибат ба замин гуноҳ ва марг ворид мешавад

ХЕЛЕ пештар то офаридани одамон, Худо бисёр офаридаҳои рӯҳии ноаён, яъне фариштагонро ба вуҷуд овард. Дар Адан фариштаи исёнгар, ки чун Шайтон Иблис маълум аст, Ҳавворо маккорона барангехт, ки меваи дарахти манъшударо бихӯрад.

Шайтон ба воситаи мор гап зада гуфт, ки Худо аз зан ва шавҳараш чизи хуберо пинҳон мекунад. Он фаришта ба Ҳавво гуфт, ки агар ӯ ва шавҳараш аз меваи манъшуда хӯранд, нахоҳанд мурд. Ҳамин тавр Шайтон Худоро айбдор намуд, ки Ӯ ба фарзандони заминиаш дурӯғ мегӯяд. Шайтон беитоатӣ ба Худоро чун як чизи ҷолиб, ки озодӣ ва дониши махсус мебахшад, тасвир намуд. Аммо ин дурӯғ буд — дурӯғи аввалине, ки дар замин гуфта шуд. Дар ҳақиқат сухан дар бораи ҳокимияти Яҳува ё ҳокимияти олӣ мерафт, яъне оё Худо ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро дорад ва оё Ӯ аз рӯи адолат ва ба фоидаи тобеони худ роҳбарӣ мекунад.

Ҳавво ба дурӯғи Шайтон бовар кард. Барои вай меваи дарахти манъшуда то дараҷае дилкаш тобид, ки ӯ аз он хӯрд. Сипас Ҳавво меваро ба шавҳараш дод ва ӯ низ аз он хӯрд. Ҳамин тавр онҳо гуноҳ карданд. Бо чунин амали оддӣ дар асл онҳо ба муқобили Худо баромаданд. Одаму Ҳавво дидаву дониста ба аҳкоми Худо итоат накарда, ҳокимияти Офаридгорро рад карданд, ки Ӯ ба онҳо ҳама чиз, аз ҷумла ҳаёти комилро дода буд.

Насл «сари туро хохад кӯфт ва ту пошнаи варо хохӣ кӯфт» (Ҳастӣ 3:15)

Худо исёнгаронро барои амалашон ба ҷавобгарӣ кашид. Ӯ пешгӯӣ кард, ки Насл ё Наҷотдиҳанда омада, Шайтонро, ки дар симои мор худро нишон дода буд, нест хоҳад кард. Худо ҷазои ҳукми қатли Одаму Ҳавворо ба муддате як сӯ гузошта, бо ин ба фарзандони ҳоло бадунёнаомадаи онҳо раҳм кард. Азбаски Насли аз тарафи Худо фиристодашуда оқибати даҳшатовари исёни Аданро бартараф мекунад, фарзандони Одаму Ҳавво барои умед доштан асос пайдо хоҳанд кард. Чӣ тавр ин нияти Худо иҷро мешавад ва Наҷотдиҳандаи ваъдашуда кӣ хоҳад буд? Ин оҳиста–оҳиста дар рафти навишта шудани Китоби Муқаддас маълум шуд.

Худо Одаму Ҳавворо аз Биҳишт ронд. Онҳо бояд бо арақи ҷабин заминеро, ки берун аз боғи Адан буд, кишт мекарданд. Баъдтар Ҳавво ҳомиладор шуда, фарзанди нахустини худ Қобилро таваллуд кард. Бо мурури вақт Одаму Ҳавво боз писарону духтарон, аз ҷумла Ҳобил ва Шетро, ки бобокалони Нӯҳ буд ба дунё оварданд.

Бар Ҳастӣ, аз боби 3 то 5, Ваҳй 12:9 асос ёфтааст.

  • Аввалин бор кӣ дурӯғ гуфт ва ӯ чӣ гуфта буд?

  • Чӣ гуна Одаму Ҳавво Биҳиштро аз даст доданд?

  • Вақте ки Худо исёнгаронро ба ҷавобгарӣ кашид, Ӯ ба насли онҳо чӣ умеде бахшид?

ГУНОҲ ВА МАРГ

Худо Одаму Ҳавворо комил офарид ва хост, ки онҳо дар Биҳишт абадан зиндагӣ кунанд. Вале онҳо ба муқобили Худо баромада гуноҳ карданд. Ҳамин тавр Одаму Ҳавво комилиро аз даст дода, муносибаташонро бо Сарчашмаи ҳаёт Яҳува вайрон карданд. Аз ҳамон вақт сар карда, худи онҳо ва насли нокомилашон аз гуноҳ ва марг, ки оқибати гуноҳ мебошад, гурехта наметавонистанд (Румиён 5:12).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан