ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lff дарси 55
  • Ҷамоатро дастгирӣ кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҷамоатро дастгирӣ кунед
  • То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕШТАР ФАҲМЕД
  • ФИКРҲОИ АСОСӢ
  • ДИДА БАРОЕД
  • Барои муҳаббати шумо аз Яҳува миннатдорем
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Ҳадия барои Яҳува
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
  • Назари Худо ба кор ва пул
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Оё Дорандаи ҳама чиз ба дороии мо ниёз дорад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
Маълумоти бештар
То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
lff дарси 55
Дарси 55. Бародару хоҳарон ибодатгоҳро тозаву зебо карда истодаанд.

ДАРСИ 55

Ҷамоатро дастгирӣ кунед

Нашри чопӣ
Нашри чопӣ
Нашри чопӣ

Дар саросари ҷаҳон миллионҳо одамон Яҳуваро дар ҳазорҳо ҷамоат хурсандона парастиш мекунанд. Онҳо барои дастуру роҳнамоие, ки дар ҷамоат мегиранд, миннатдоранд ва бо ҳар роҳ ҷамоати худро аз таҳти дил дастгирӣ мекунанд. Оё шумо хурсандед, ки дар ҷамоат ҳастед? Оё тайёред, ки аз дилу ҷон ҷамоати худро дастгирӣ кунед?

1. Чӣ тавр барои дастгирии ҷамоат вақту қуввати худро сарф карда метавонед?

Ҷамоат бо кумаку дастгирии ҳар яки мо обод мегардад. Чӣ тавр мо ҷамоатро дастгирӣ карда метавонем? Масалан, ба бародару хоҳарони пиронсолу нотавон кумак кунем, ки ба вохӯриҳо оянд. Ҳамчунин метавонем ба онҳо дар корубори хона, харид ва дигар корҳо ёрӣ диҳем. (Яъқуб 1:27-ро хонед.) Ғайр аз ин, мо метавонем дар рӯбучин ва таъмири ибодатгоҳамон иштирок кунем. Ҳеҷ кас моро ба ин маҷбур намекунад. Халқи Худо ба кумак «ихтиёран ҳозир мешавад», чунки Яҳува ва аҳли ҷамоатро дӯст медорад (Забур 110:3).

Бародару хоҳароне, ки таъмидёфтаанд, ҷамоатро бо тарзҳои дигар низ дастгирӣ карда метавонанд. Масалан, бародарони рӯҳан баркамол метавонанд хизматгузор ё пири ҷамоат шуда, ба пешрафти ҷамоат мусоидат кунанд. Инчунин ҳам бародарон ва ҳам хоҳарон метавонанд пешрав шаванду бо ҷидду ҷаҳд хушхабари Каломро ба дигарон расонанд. Баъзеҳо бошанд, имкон доранд, ки дар сохтмони ҷойҳои ибодатамон иштирок кунанд ё ба ҷойҳое кӯчанд, ки ба воизон ниёз ҳаст.

2. Чӣ тавр бо пулу моли худ ҷамоатро дастгирӣ карда метавонед?

Мо имкон дорем, ки «Яҳуваро бо чизҳои пурқимат»-и худ иззат намоем (Панднома 3:9). Масалан, мо бо хурсандӣ барои ҷамоат, кори паҳн кардани хушхабар ва ёрӣ ба офатдидагон пулу моламонро хайр карда метавонем. (2 Қӯринтиён 9:7-ро хонед.) Бисёриҳо барои хайрия кардан аз «даромади худ маблағи муайянеро ҷудо» мекунанд. (1 Қӯринтиён 16:2-ро хонед.) Мо маблағи ҷудокардаамонро дар ҷойҳои ибодат ба қуттии хайрия андохта метавонем ё ин пулро ба воситаи donate.jw.org хайр мекунем. Ин яке аз роҳҳоест, ки мо ба Яҳува муҳаббатамонро нишон медиҳем.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Баъзе роҳҳои дастгирӣ кардани ҷамоатро муфассалтар дида бароед.

3. Пулу моламонро дареғ намедорем

Яҳува касеро дӯст медорад, ки аз дороияш бо хурсандӣ диҳад. Исо низ ба саховатмандӣ чунин назар дорад. Мо инро аз куҷо медонем? Боре як бевазани камбағал хост, ки ба Яҳува хайрия кунад ва ин аз назари Исо пинҳон намонд. Луқо 21:1–4-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Оё танҳо хайрияҳои калон дар назари Яҳува қадру қимат доранд?

  • Вақте мо аз таҳти дил хайрия мекунем, Яҳува ва Исо ба ин чӣ тавр менигаранд?

ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки хайрияҳои мо чӣ тавр истифода мешаванд. Сипас саволро дида бароед.

ВИДЕО: «Ҳадия барои Яҳува» (4:47)

  • Чӣ тавр хайрияҳои мо ба манфиати ҷамоатҳои тамоми дунё сарф мешаванд?

Хоҳари калонсоле ба қуттии хайрия пул партофта истодааст.

4. Кумаки худро пешкаш менамоем

Дар замонҳои қадим парастандагони Яҳува барои таъмиру нигоҳубини ҷойҳои ибодат кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд. Ин на фақат хайрия кардани пулро дар бар мегирифт. 2 Воқеанома 34:9–11-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр ҳар як исроилӣ барои нигоҳубини хонаи Яҳува, ё ибодатгоҳ, саҳм гузошт?

ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки чӣ тавр имрӯз Шоҳидони Яҳува ба намунаи он исроилиён пайравӣ мекунанд. Сипас саволҳоро дида бароед.

ВИДЕО: «Ибодатгоҳамонро нигоҳубин мекунем» (3:31)

Саҳнае аз видеонавори «Ибодатгоҳамонро нигоҳубин мекунем». Хурду калон ибодатгоҳашонро тоза карда истодаанд.
  • Чаро муҳим аст, ки ибодатгоҳамонро тоза нигоҳ дорем ва сари вақт таъмир кунем?

  • Бо кадом тарзҳо шумо метавонед дар ин кор кумак кунед?

Як гурӯҳ Шоҳидони Яҳува дар сохтмони ибодатгоҳ ёрӣ дода истодаанд.

5. Бародарон корҳои бештарро ба уҳда мегиранд

Аз рӯйи маслиҳати Навиштаҳо хуб мебуд, ки мардони имондор барои дастгирии ҷамоат кӯшишу ғайрат кунанд. Намунаеро аз ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.

ВИДЕО: «Бародарон, ба кори хуб азм кунед» (5:19)

  • Барои бештар дастгирӣ кардани ҷамоат Раен чӣ кор кард?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки бародароне, ки мехоҳанд хизматгузор ё пири ҷамоат шаванд, бояд ба кадом талабот ҷавобгӯ бошанд. 1 Тимотиюс 3:1–13-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Аз бародароне, ки мехоҳанд хизматгузор ё пири ҷамоат шаванд, чӣ дар талаб аст?

  • Зану фарзанди онҳо бояд чӣ гуна бошанд? (Нигаред ба оятҳои 4 ва 11.)

  • Вақте бародарон кӯшиш мекунанд, ки ба талаботи Китоби Муқаддас мувофиқат кунанд, ин ба аҳли ҷамоат чӣ фоида меорад?

Бародари ҷавоне аробачаи маъюбии бародари пиронсолро ҳай карда, бо ӯ хона ба хона хизмат карда истодааст.

БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Шоҳидони Яҳува аз кадом ҳисоб корашонро пеш мебаранд?»

  • Шумо ба ин чӣ ҷавоб медиҳед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Вақте мо вақту қувват ва пулу моламонро дареғ надошта, ҷамоатро дастгирӣ мекунем, Яҳува инро хеле қадр мекунад.

Такрор

  • Чӣ тавр вақту қуввати худро барои дастгирии ҷамоат сарф карда метавонем?

  • Чӣ тавр бо пулу моли худ ҷамоатро дастгирӣ карда метавонем?

  • Бо кадом роҳҳо шумо мехоҳед ҷамоатро дастгирӣ кунед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чаро Худо дигар аз парастандагонаш даҳяк наметалабад.

«Дар Китоби Муқаддас дар бораи даҳяк чӣ гуфта шудааст?» (Мақола аз сомона)

Мувофиқи Китоби Муқаддас баъзе корҳо вазифаи мардони таъмидёфтаанд. Оё мумкин аст, ки дар зарурат он вазифаҳоро занони таъмидёфта ба ҷо оранд?

«Принсипи сарварӣ дар ҷамоат чӣ маъно дорад?» («Бурҷи дидбонӣ», феврали с. 2021)

Бо баъзе бародарони далере шинос шавед, ки бисёр меҳнат карда, ба ҳамимонон адабиётро мерасонанд.

«Таъмин кардани Конго бо адабиёт» (4:25)

Фаҳмед, ки маблағгузории кори Шоҳидони Яҳува аз дигар динҳо то чӣ андоза фарқ мекунад.

«Фаъолияти Шоҳидони Яҳува аз кадом ҳисоб маблағгузорӣ мегардад?» (Мақола аз сомона)

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан