-
Баъд аз марг бо одам чӣ мешавад?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
3. Дар бораи мурдагон ҳақиқатро фаҳмед
Дар саросари ҷаҳон одамон дар бораи мурдагон ақидаҳои гуногун доранд. Вале на ҳамаи ин ақидаҳо ба ҳақиқат рост меоянд.
Дар минтақаи шумо дар бораи мурдагон чӣ гуна ақидаҳо паҳн шудаанд?
ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки Каломи Худо дар бораи мурдагон чӣ мегӯяд.
Пандгӯ 3:20-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Мувофиқи ин оят баъди мурдан бо одам чӣ мешавад?
Оё баъди марг аз одам рӯҳу арвоҳ берун омада, ҳастияшро давом медиҳад?
Дар Китоби Муқаддас дар бораи марги Лаъзор ном дӯсти наздики Исо гуфта шудааст. Юҳанно 11:11–14-ро хонда, фаҳмед, ки Исо дар бораи ҳолати дӯсти фавтидааш чӣ гуфт. Сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Исо маргро ба чӣ монанд кард?
Мо аз ин суханони Исо дар бораи ҳолати мурдагон чӣ мефаҳмем?
Шумо дар бораи ин таълимоти Калом чӣ фикр доред?
-
-
Наздиконе, ки аз даст додаем, зинда мешаванд!То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
4. Исо нишон дод, ки қудрати зинда карданро дорад
Бештар фаҳмед, ки Исо барои дӯсташ Лаъзор чӣ кор кард. Юҳанно 11:14, 38–44-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Мо аз куҷо медонем, ки Лаъзор ҳақиқатан мурда буд? (Нигаред ба ояти 39.)
Ба фикратон, агар Лаъзор баъди марг ба ҷаннат мерафт, ҳоҷат буд, ки Исо ӯро дар замин зинда кунад?
-