Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»
2–8 АПРЕЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 26
«Монандӣ ва фарқиятҳои Иди раҳоӣ ва Шоми ёдбуд»
(Матто 26:17–20) Дар рӯзи якуми Иди фатир шогирдон ба назди Исо омада, гуфтанд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки хӯроки Иди раҳоиро бароят тайёр кунем?» 18 Ӯ гуфт: «Ба шаҳр, ба назди фалонӣ рафта, гӯед: “Устод чунин мегӯяд: “Вақти барои ман муқарраршуда наздик аст; Иди раҳоиро ҳамроҳи шогирдонам дар хонаи ту ҷашн мегирам”». 19 Шогирдон тамоми фармудаҳои Исоро ба ҷо оварданд ва ҳама чиро барои ҷашн гирифтани Иди раҳоӣ тайёр карданд. 20 Бегоҳирӯзӣ ӯ ҳамроҳи дувоздаҳ шогирдаш дар сари дастархон нишаст.
nwtsty расм
Хӯроки иди Раҳоӣ
Қисмҳои муҳими хӯроки иди Раҳоӣ барраи бирён, ки бояд ягон устухонаш шикаста намешуд, нони бехамиртуруш ва сабзаҳои талх буданд (Хр 12:5, 8; Ад 9:11). Мувофиқи китоби қадимаи дини яҳудӣ, ки Мишна ном дорад, сабзаҳои талх, эҳтимол, коҳу (шири харак, ширбарояк), коснӣ (ҳиндбо, какра; сикорий), таратезак (суффо), коснии фарангӣ ва қоқу буданд. Аз афташ, ин алафҳои талх ба исроилиён ҳаёти талхеро, ки дар ғуломии Миср ба сар мебурданд, хотиррасон мекард. Исо нони бехамиртурушро чун рамзи бадани комили худ истифода бурд (Мт 26:26). Павлуси расул Исоро «барраи Иди раҳоӣ» номид (1Қр 5:7). Дар асри як шароб низ қисми хӯроки иди Раҳоӣ буд. Исо шаробро чун рамзи хуни худ, ки бояд барои шустани гуноҳҳо рехта мешуд, истифода бурд (Мт 26:27, 28).
(Матто 26:26) Вақте ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифт ва пас аз дуо гуфтан онро шикаста, ба шогирдон доду гуфт: «Гиред ва хӯред. Ин рамзи бадани ман аст».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 26:26
рамзи... аст: Калимаи юнонии «эсти́н» (айнан «аст» тарҷума мешавад) дар ин ҷо чун «маъно дорад; рамзи он аст; дар назар дорад» омадааст. Ба кадом маъно омадани ин калима ба расулон фаҳмо буд. Онҳо суханони Исоро шунида фикр накарданд, ки бадани комили Исо ба маънои аслӣ нон аст. Расулон бояд нони бехамиртурушеро мехӯрданд, ки дар сари дастархон буд, на бадани Исоро, ки дар рӯ ба рӯяшон менишаст. Ин калимаи юнонӣ боз дар Мт 12:7 истифода шудааст ва дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас чун «маъно дорад» омадааст.
(Матто 26:27, 28) Сипас пиёлаи шаробро гирифт ва шукргузорӣ карда, онро ба шогирдон доду гуфт: «Ҳамаатон аз ин нӯшед, 28 зеро ин рамзи хуни ман аст, ки “хуни аҳд” мебошад ва барои бахшида шудани гуноҳҳои бисёриҳо рехта мешавад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 26:28
хуни аҳд: Аҳди наве, ки байни Яҳува ва масеҳиёни тадҳиншуда баста шуда буд, ба воситаи қурбонии Исо ба амал сар кард (Ибр 8:10). Дар ин ҷо Исо суханони Мӯсоро истифода бурд, вақте ки ӯ дар кӯҳи Сино миёнарави аҳди Шариат буд ва он аҳд байни исроилиёну Яҳува баста шуд (Хр 24:8; Ибр 9:19–21). Чи тавре ки ба воситаи хуни говҳо ва бузҳо аҳди байни Худо ва исроилиён мустаҳкам гашт, ҳамон тавр ба воситаи хуни Исо аҳди байни Яҳува ва масеҳиёни тадҳиншуда қувват пайдо кард. Он аҳд соли 33-уми милодӣ дар иди Ҳафтаҳо ба амал сар кард (Ибр 9:14, 15).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 26:17) Дар рӯзи якуми Иди фатир шогирдон ба назди Исо омада, гуфтанд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки хӯроки Иди раҳоиро бароят тайёр кунем?»
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 26:17
Рӯзи якуми иди Фатир: Иди Фатир 15-уми нисон, пагоҳи иди Раҳоӣ (14-уми нисон), сар мешуд ва ҳафт рӯз давом мекард. (Ба sgd (Маълумотнома), замимаи 19, «Тақвими ибронӣ» нигаред.) Дар замонҳои Исо иди Фатир бо иди Раҳоӣ чунон алоқаманд буд, ки одамон дар якҷоягӣ ҳамаи ҳашт рӯзро, аз он ҷумла 14-уми нисонро, «Иди фатир» меномиданд (Лқ 22:1). Дар ин ҷо ибораи «дар рӯзи якум» метавонад як рӯз пешро ҳам дар бар гирад. Барои ҳамин мувофиқи одати юнониҳо ва яҳудиён, пайравони Исо саволи дар оят овардашударо рӯзи 13-уми нисон доданд. Рӯзи 13-уми нисон, рӯзона, шогирдон барои иди Раҳоӣ тайёрӣ диданд ва «шомгоҳон», рӯзи 14-уми нисон, онро ҷашн гирифтанд (Мқ 14:16, 17).
(Матто 26:39) Ӯ каме пештар рафт ва рӯ ба замин афтода, дуо гуфт: «Эй Падар, агар мумкин бошад, ин пиёларо аз ман дур кун. Лекин бигзор на хости ман, балки хости Ту иҷро шавад».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 26:39
ин пиёларо аз ман дур кун: Дар Китоби Муқаддас калимаи «пиёла» бисёр вақт ба маънои хости Худо ё ҳиссае, ки барои касе ҷудо шудааст, истифода бурда мешавад. Бешубҳа, Исо ғам мехӯрд, ки чун исёнкор кушта шудани ӯ ва айбҳое, ки бар ӯ бор карданд, ба номи Худо доғ меоранд. Барои ҳамин аз Худо илтимос кард, ки ин «пиёларо» аз ӯ дур кунад.
9–15 АПРЕЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 27, 28
«Равед ва шогирд тайёр кунед. Чаро, дар куҷо ва чӣ тавр?»
(Матто 28:18) Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Тамоми қудрат дар замину осмон ба ман дода шудааст.
w04-U 1.7 саҳ. 8, сарх. 4
«Равед ва шогирд тайёр кунед»
4 Исо бар ҷамъомади худ ҳокимият дорад ва аз соли 1914 сар карда ба Подшоҳие, ки Яҳува муқаррар кард, ҳукмронӣ мекунад (Қӯлассиён 1:13; Ваҳй 11:15). Ӯ сарвари фариштагон аст ва садҳо миллион фариштагон дар ихтиёри ӯ мебошанд (1 Таслӯникиён 4:16; 1 Петрус 3:22; Ваҳй 19:14–16). Худо ба Исо ҳокимият дод, то ҳар «ҳукумат, ҳокимият, қувват»-еро, ки ба талаботҳои одилонаи Худо итоат намекунанд, нест кунад (1 Қӯринтиён 15:24–26; Эфсӯсиён 1:20–23). Исо на танҳо бар зиндаҳо ҳокимият дорад, ӯ ҳамчунин «довари зиндагон ва мурдагон» аст, чунки Худо ба ӯ қувват додааст, то касонеро, ки дар хоби марганд, зинда кунад (Аъмол 10:42; Юҳанно 5:26–28). Бешубҳа, ба амри касе, ки чунин ҳокимият дорад, гӯш додан муҳим аст. Барои ҳамин мо ба амри Исо, ки «равед ва шогирд тайёр кунед» гуфта буд, бо омодагӣ итоат мекунем.
(Матто 28:19) Пас, равед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас таъмид диҳед
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 28:19
аз байни тамоми халқҳо: Дар матни аслӣ «ҳамаи халқҳоро шогирд созед» омадааст. Лекин дар ин ҷо гап дар бораи халқҳо намеравад, балки дар бораи одамони алоҳида аз байни халқҳо, чунки дар матни юнонӣ ибораи онҳоро... таъмид диҳед ба одамони алоҳида дахл дорад. Амри «аз байни тамоми халқҳо» шогирд тайёр кардан амри нав буд. Мувофиқи Навиштаҳо, то замони Исо ғайрияҳудиёне, ки ба Яҳува хизмат кардан мехостанд, худашон бояд ба назди исроилиён меомаданд (3Пш 8:41–43). Исо бошад, ба пайравонаш амр дод, ки на танҳо ба яҳудиён, балки ба дигарон низ мавъиза кунанд. Бо ин ӯ нишон дод, ки онҳо бояд дар саросари ҷаҳон шогирд тайёр кунанд (Мт 10:1, 5–7; Вҳ 7:9; Мт 24:14).
шогирд тайёр кунед: Феъли юнонии «матете́уо»-ро «омӯзонед» ё «таълим диҳед» тарҷума кардан мумкин аст. (Бо Мт 13:52 муқоиса кунед. Дар он ҷо «таълим гирифтааст» тарҷума шудааст.) Феълҳои «таъмид диҳед» ва «омӯзонед» нишон медиҳанд, ки ба «шогирд тайёр» кардан чӣ дохил мешавад.
(Матто 28:20) ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед. Инак, ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 28:20
омӯзонед: Калимаи юноние, ки чун «омӯзондан» тарҷума шудааст, роҳ нишон додан, фаҳмондан, исбот кардан ва далелҳо оварданро дар бар мегирад. (Ба маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 3:1; 4:23 нигаред.) Исо гуфт, ки риоя кардани ҳар он чизеро, ки ӯ фармуда буд, омӯзонанд. Омӯзондан амали давомнок аст ва ба он ёд додани чизҳое, ки Исо таълим дода буд, ба кор бурдани он ва ба намунаи ӯ пайравӣ кардан дохил мешавад (Юҳ 13:17; Эф 4:21; 1Пт 2:21).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 27:51) Ҳамон лаҳза пардаи маъбад аз боло то поён дарида ду тақсим шуд ва замин ба ларза омад ва кӯҳҳо пора шуданд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 27:51
парда: Ин матои зебою пурнақшунигор дар маъбад Ҷойи муқаддастаринро (қудси қудсҳо) аз Ҷойи муқаддас (қудс) ҷудо мекард. Мувофиқи ривояти яҳудиён ин пардаи вазнин тахминан 18 м дарозӣ дошт, бараш 9 м ва ғафсиаш 7 см буд. Ду тақсим шудани парда на танҳо аз кушандагони Писараш ба ғазаб омадани Яҳуваро, ҳамчунин ба осмон роҳ кушода шуданро нишон медод (Ибр 10:19, 20; ба луғат нигаред).
маъбад: Калимаи юнонии «нао́с», ки дар ин ҷо «маъбад» тарҷума шудааст, ба бинои марказие ишора мекунад, ки Ҷойи муқаддас ва Ҷойи муқаддастаринро дар бар мегирифт.
(Матто 28:7) Сипас зудтар рафта, ба шогирдон хабар диҳед, ки ӯ аз мурдагон зинда шуд ва пеш аз онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Ин буд хабаре, ки бояд ба шумо мерасондам».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 28:7
ба шогирдон хабар диҳед, ки ӯ аз мурдагон зинда шуд: Ин занон аз байни шогирдон зинда шудани Исоро якум шуда фаҳмиданд ва илова бар ин ба онҳо супориш дода шуд, то дар ин бора ба дигар шогирдон хабар диҳанд (Мт 28:2, 5, 7). Мувофиқи урфу одати яҳудиён дар вақти доварӣ шаҳодати занон қабул карда намешуд. Баръакси ин, фариштаи Яҳува ба ин занон супориши хурсандибахшро дод.
16–22 АПРЕЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАРҚӮС 1, 2
«Гуноҳҳоят бахшида шуданд»
(Марқӯс 2:3–5) Он вақт ба назди ӯ одамоне омаданд, ки чор нафарашон марди шалеро бардошта меоварданд. 4 Лекин, азбаски он ҷо мардуми бисёре ҷамъ шуда буданд, онҳо ӯро ба назди Исо дароварда натавонистанд. Аз ин рӯ ин мардон боми хонаеро, ки Исо дар он буд, кушоданд ва марди шалро бо бистараш поён фароварданд. 5 Имони онҳоро дида Исо ба марди шал гуфт: «Писарам, гуноҳҳоят бахшида шуданд».
«Гуноҳҳоят бахшида шуданд»
Дар он вақте, ки Исо дар хонаи пур аз одам таълим медиҳад, чор нафар марди шалеро назди ӯ меоранд. Онҳо мехоҳанд, ки Исо дӯсташонро шифо бахшад. Лекин дар он ҷо мардуми зиёде ҷамъ омадаанд, барои ҳамин онҳо беморро «ба назди Исо дароварда» наметавонанд (Марқӯс 2:4). Лекин онҳо ноумед намешаванд, балки ба боми ҳамвори хона баромада, онро шикоф мекунанд. Баъд марди шалро бо бистараш рост ба даруни хона мефароранд.
Оё Исо аз ин кори онҳо ба хашм меояд? Не, албатта! Имони қавии ин одамонро дида Исо ба марди шал мегӯяд: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд» (Матто 9:2). Лекин оё Исо гуноҳҳоро бахшида метавонад? Шариатдонон ва фарисиён аз ин дарғазаб шуда мегӯянд: «Барои чӣ вай ин хел мегӯяд? Ӯ куфр гуфта истодааст. Оё касе ғайр аз Худо гуноҳҳоро бахшида метавонад?» (Марқӯс 2:7).
Исо фикрҳои онҳоро фаҳмида чунин мегӯяд: «Барои чӣ дар дилатон чунин андеша меронед? Ба ин марди шал чӣ гуфтан осонтар аст: “Гуноҳҳоят бахшида шуданд” ё “Аз ҷоят хез ва бистаратро гирифта, роҳ гард”?» (Марқӯс 2:8, 9). Бале, Исо метавонад дар асоси қурбоние, ки каме баъд пешкаш мекунад, гуноҳҳои он мардро бахшад.
(Марқӯс 2:6–12) Дар он ҷо баъзе аз шариатдонон нишаста буданд, ки дар дилҳои худ чунин андеша меронданд: 7 «Барои чӣ вай ин хел мегӯяд? Ӯ куфр гуфта истодааст. Оё касе ғайр аз Худо гуноҳҳоро бахшида метавонад?» 8 Лекин Исо дарҳол фаҳмид, ки онҳо дар байни худ чунин андеша меронанд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дилатон чунин андеша меронед? 9 Ба ин марди шал чӣ гуфтан осонтар аст: “Гуноҳҳоят бахшида шуданд” ё “Аз ҷоят хез ва бистаратро гирифта, роҳ гард”? 10 Лекин то шумо бидонед, ки Писари одам барои бахшидани гуноҳҳо дар замин қудрат дорад...» Ӯ ба марди шал рӯ оварда гуфт: 11 «Ба ту мегӯям: аз ҷоят хез ва бистари худро гирифта, ба хонаат рав». 12 Ва ӯ аз ҷой хест ва дарҳол бистарашро гирифта, аз пеши ҳама гузашта рафт. Мардум сахт ҳайрон шуданд ва Худоро ҷалол дода мегуфтанд: «Мо ҳеҷ гоҳ чизи ба ин монандро надида будем».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 2:9
чӣ гуфтан осонтар аст: Гуфтани суханони «гуноҳҳоят бахшида шуданд» душвор нест, чунки барои ин ҳоҷат нест, ки ягон далели ба чашм намоён орӣ. Лекин барои гуфтани суханони аз ҷоят хез ва... роҳ гард аз Исо талаб карда мешуд, ки мӯъҷиза нишон диҳад, то ҳама бинанд, ки ӯ қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад. Ин оят ва Иш 33:24 нишон медиҳанд, ки байни касалӣ ва гуноҳ алоқамандӣ вуҷуд дорад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Марқӯс 1:11) Он гоҳ садое аз осмон шунида шуд: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ, Ман аз ту розиям».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 1:11
садое аз осмон шунида шуд: Дар Хушхабарҳо ин аввалин мавридест, ки худи Худо бо одамон гап зада буд. Баъд аз он боз ду бори дигар Худо бевосита ба одамон гап зад (Мқ 9:7; Юҳ 12:28).
Ту Писари... Ман ҳастӣ: То ба замин омадан Исо Писари рӯҳии Худо буд (Юҳ 3:16). Вақте Исо дар замин чун инсон таваллуд шуд, ӯ ба мисли Одами комил «писари Худо» ҳисоб меёфт (Лқ 1:35; 3:38). Лекин дар ин ҷо суханони Худо маънои бештаре доштанд. Бо ин суханон ва рехта шудани рӯҳи муқаддас Худо нишон дод, ки Исо чун Писари рӯҳии Ӯ дубора таваллуд шуд. Исо имконияти ба осмон баргаштанро пайдо кард ва бо рӯҳи муқаддас Подшоҳ ва Саркоҳин таъйин гашт. (Юҳ 3:3–6; 6:51; бо Лқ 1:31–33; Ибр 2:17; 5:1, 4–10; 7:1–3 муқоиса кунед.)
Ман аз ту розиям: Ё «ту хурсандии дили Ман ҳастӣ; Ман аз ту хушнудам». Ин ибора, ки аз Иш 42:1 гирифта шудааст ва дар бораи Масеҳи ваъдашуда мебошад, дар Мт 12:18 низ омадааст. Рехта шудани рӯҳи муқаддас ва Исоро писари худ эълон кардани Худо аниқ нишон медиҳад, ки Исо Масеҳи ваъдашуда буд (Мт 3:17; 12:18).
(Марқӯс 2:27, 28) Баъд ӯ ба онҳо гуфт: «Рӯзи шанбе барои одамон аст, на ин ки одамон барои рӯзи шанбе; 28 Писари одам бошад, ҳамчунин Хӯҷаини рӯзи шанбе аст».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 2:28
Хӯҷаини рӯзи шанбе: Исо ин ибораро нисбати худ истифода бурда (Мт 12:8; Лқ 6:5), нишон дод, ки шанбе дар ихтиёри ӯ аст, то супориши Падари осмониашро иҷро кунад. (Бо Юҳ 5:19; 10:37, 38 муқоиса кунед.) Исо дар рӯзи шанбе баъзе аз мӯъҷизаҳои худро, аз он ҷумла шифо додани беморонро, ба амал овард (Лқ 13:10–13; Юҳ 5:5–9; 9:1–14). Мӯъҷизаҳои Исо нишон медоданд, ки одамон дар давоми Подшоҳии ӯ чӣ гуна сабукӣ ҳис мекунанд. Ин ҳукмронӣ мисли оромии рӯзи шанбе мешавад (Ибр 10:1).
23–29 АПРЕЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАРҚӮС 3, 4
«Дар рӯзи шанбе шифо додан»
(Марқӯс 3:1, 2) Исо боз ба ибодатгоҳ даромад. Дар он ҷо марди дасташ хушкшудае буд. 2 Фарисиён бошанд, азбаски мехостанд дар Исо айбе ёбанд, бодиққат нигоҳ мекарданд, ки оё ӯ дар рӯзи шанбе ин шахсро шифо мебахшад ё не.
Дар рӯзи шанбе чӣ равосту чӣ — не?
Як шанбеи дигар Исо ба ибодатгоҳе, эҳтимол, ба яке аз ибодатгоҳҳои Ҷалил, меравад. Дар он ҷо ӯ мардеро мебинад, ки дасташ хушк аст (Луқо 6:6). Фарисиёну шариатдонон Исоро бодиққат мушоҳида мекунанд. Нияти бади онҳо аз саволе, ки ба Исо медиҳанд, маълум мешавад: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан равост?» (Матто 12:10).
Сарварони дини яҳудӣ фикр мекунанд, ки дар рӯзи шанбе танҳо он вақт беморро табобат кардан равост, агар ҳаёти ӯ зери хатар бошад. Масалан, дар ин рӯз шикастабандӣ ва захмбандӣ кардан мумкин нест, чунки ин корҳоро ба пагоҳ гузоштан мумкин аст. Фарисиёну шариатдонон барои айбдор кардани Исо ин саволро медиҳанд, на аз дилсӯзӣ ба он марди бемор.
(Марқӯс 3:3, 4) Исо ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Аз ҷоят хез ва дар миёнаҷо ист». 4 Сипас ӯ ба онҳо муроҷиат карда гуфт: «Дар рӯзи шанбе кардани кадом кор равост: кори нек ё бад, наҷот додан ё куштан?» Лекин онҳо хомӯш менишастанд.
Дар рӯзи шанбе чӣ равосту чӣ — не?
Ӯ дарк мекунад, ки фарисиён дар бораи кор накардан дар рӯзи шанбе тасаввуроти нодуруст доранд ва дар риояи он аз ҳад гузаштаанд. Исо медонад, ки ин хел фикрронӣ бар Навиштаҳо асос намеёбад (Хуруҷ 20:8–10). Ӯ аллакай дар рӯзи шанбе корҳои нек карда буд ва бо танқиди бемаврид дучор шуда буд. Аммо ҳозир Исо бо рафтораш ба оташи ғазаби фарисиёну шариатдонон равған мерезад. Ӯ ба марде, ки дасташ хушк аст, мегӯяд: «Аз ҷоят хез ва дар миёнаҷо ист» (Марқӯс 3:3).
(Марқӯс 3:5) Исо аз дилсахтиашон ғамгин шуд ва ба онҳое, ки дар гирду атрофаш буданд, бо норозигӣ нигоҳ кард. Сипас ӯ ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард ва он сиҳат шуд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 3:5
аз дилсахтиашон ғамгин шуд ва... бо норозигӣ нигоҳ кард: Танҳо Марқӯс ин воқеаро навишта, муносибати Исоро нисбати дилсахтии роҳбарони дин қайд кард (Мт 12:13; Лқ 6:10). Аз афташ, Петрус, ки табиатан тез ба эҳсосот дода мешуд, дар бораи ҳиссиёти Исо ба Марқӯс нақл кард. (Видеонавори «Шиносоӣ бо китоби Марқӯс»-ро тамошо кунед.)
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Марқӯс 3:29) Вале касе, ки бар зидди рӯҳи муқаддас куфр мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад, балки ин гуноҳаш то абад мемонад».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 3:29
бар зидди рӯҳи муқаддас куфр мегӯяд: Дар ин ҷо зери калимаи куфр тӯҳмат, суханони таҳқиромез ё ҳақорат ба зидди Худо ва чизҳои муқаддас дар назар дошта шудааст. Рӯҳи муқаддас аз Худо бармеояд, барои ҳамин дидаву дониста бар зидди рӯҳи муқаддас баромадан ё онро рад кардан, ин баробари бар зидди Худо куфр гуфтан мебошад. Мувофиқи Мт 12:24, 28 ва Мқ 3:22 роҳбарони дин медиданд, ки Исо ба воситаи рӯҳи муқаддас мӯъҷиза нишон медиҳад, лекин онҳо мегуфтанд, ки ӯ ин корро бо қуввати Шайтон мекунад.
гуноҳаш то абад мемонад: Дар ин ҷо гап дар бораи гуноҳе меравад, ки шахс дидаю дониста мекунад ва он ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад. Чунин гуноҳро ягон қурбонӣ рӯпӯш карда наметавонад (Мт 12:31).
(Марқӯс 4:26–29) Сипас ӯ давом дод: «Ҳамин тавр, Подшоҳии Худо мисли он аст, ки марде ба замин дона мепошад. 27 Вай шаб хоб меравад ва саҳар мехезад, дона бошад, месабзад ва калон мешавад, лекин он мард намедонад, ки ин чӣ тавр рӯй медиҳад. 28 Худи замин бо гузашти вақт ҳосил медиҳад: аввал майса, баъд хӯша ва сипас донаи пухта. 29 Лекин, ҳамин ки дона мепазад, он мард досро гирифта, ҳосилро меғундорад, зеро вақти дарав расидааст».
w14 15.12 саҳ. 12, 13, сарх. 6–8
Оё шумо ба маънои Навиштаҳо сарфаҳм меравед?
6 Мо аз ин масал чӣ меомӯзем? Якум, мо бояд дарк кунем, ки рушди рӯҳонии омӯзандагони Китоби Муқаддасро тезонида наметавонем. Ҳарчанд мо барои дастгирӣ кардани омӯзанда ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, лекин барои таъмид гирифтан ба ӯ фишор намеорем. Мо бояд бо фурӯтанӣ розӣ шавем, ки фақат худи ӯ метавонад қарор қабул кунад, ки ҳаёташро ба Худо бахшад ё не. Яҳува танҳо он вақт таъмиди шахсро қабул мекунад, агар ӯ ин қарорро аз таҳти дил ва аз муҳаббат ба Ӯ кунад (Заб. 50:14; 53:8; 109:3).
7 Дуюм, агар мо дар аввал натиҷаи кори таълимдиҳии худро набинем, мо набояд аз ин рӯҳафтода шавем. Ба мо сабру тоқат лозим аст (Яъқ. 5:7, 8). Ҳатто агар мо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунему тухми коштаамон самар наоварад, мо рӯҳафтода намешавем ва фикр намекунем, ки мо аз ӯҳдаи таълимдиҳӣ намебароем. Яҳува тухми ҳақиқатро танҳо он вақт дар дили шахс месабзонад, агар ӯ фурӯтан бошад ва барои худро дигар кардан кӯшиш кунад (Мат. 13:23). Аз ин рӯ мо набояд чунин фикр кунем, ки муваффақияти мо дар хизмат аз шумораи касоне ки таъмид мегиранд, вобаста аст. Яҳува ба кӯшишҳои мо аз рӯи пешравӣ кардан ё накардани омӯзандагонамон баҳо намедиҳад, балки кӯшишҳои самимии моро қадр мекунад. (Луқо 10:17–20 ва 1 Қӯринтиён 3:8-ро бихонед.)
8 Сеюм, мо на ҳамеша метавонем дигаргуниҳоеро, ки дар дили шахс рӯй медиҳанд, бинем. Мисоли ҳамсароне ки ҳамроҳи як миссионер омӯзиш мекарданд, инро хуб нишон медиҳад. Рӯзе онҳо ба назди он миссионер омада гуфтанд, ки воиз шудан мехоҳанд. Ӯ ба онҳо хотиррасон кард, ки барои ин онҳо бояд аввал одати сигоркашиашонро партоянд. Вақте ки онҳо ба миссионер гуфтанд, ки якчанд моҳ пеш ин одатро партофтанд, ӯ дар ҳайрат монд. Онҳо дарк карданд, ки ҳатто агар дар пинҳонӣ сигор кашанд ҳам, Яҳува инро мебинад ва Ӯ аз дурӯягӣ нафрат дорад. Барои ҳамин, онҳо ба худ шарт гузоштанд, ки ё дар пеши миссионер сигор мекашанд ё умуман ин корро бас мекунанд. Муҳаббати онҳо нисбати Яҳува дар дилашон реша давонда онҳоро барангехт, ки қарори дуруст қабул кунанд. Чуноне ки дидем, бародарамон аз чунин тағйиротҳо бехабар буд ва рушди ин ҳамсарон аз назари ӯ пӯшида монд.
БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
(Марқӯс 4:9) Сипас ӯ илова кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 4:9
Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад: Исо пеш аз гуфтани масал дар бораи коранда чунин гуфт: «Гӯш кунед» (Мқ 4:3). Дар охири масал «ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад» гуфта, Исо шунавандагонашро барангехт, ки ба суханони ӯ диққат диҳанд. Суханони ба ин монанд дар Мт 11:15; 13:9, 43; Мқ 4:23; Лқ 8:8; 14:35 ва Вҳ 2:7, 11, 17, 29; 3:6, 13, 22; 13:9 низ оварда шудаанд.
30 АПРЕЛ — 6 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАРҚӮС 5, 6
«Исо қудрат дорад, ки наздикони фавтидаамонро эҳё кунад»
(Марқӯс 5:38) Вақте ки онҳо ба хонаи нозири ибодатгоҳ омаданд, Исо дид, ки одамон ошуфтаанд ва гиряву нола мекунанд.
(Марқӯс 5:39–41) Ӯ ба хона даромад ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ гиряву нола карда ин қадар ғавғо бардоштед? Кӯдак намурдааст, балки хоб аст». 40 Инро шунида одамон писханд заданд. Лекин ӯ ҳамаи онҳоро аз хона берун кард ва танҳо ба падару модари духтар ва шогирдонаш иҷозат дод, ки ҳамроҳи ӯ ба хонае, ки духтарча хоб буд, дароянд. 41 Сипас дасти кӯдакро гирифта, гуфт: «Талито қумӣ», ки маънояш чунин аст: «Эй духтарак, ба ту мегӯям: аз ҷоят хез!».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 5:39
намурдааст, балки хоб аст: Дар Китоби Муқаддас бисёр вақт марг ба хоб монанд карда мешавад (Зб 12:4; Юҳ 11:11–14; Ам 7:60; 1Қр 15:51; 1Тс 4:13). Исо духтаракро ба ҳаёт баргардонданӣ буд ва бо ин суханон шояд мехост нишон диҳад, ки одами мурдаро зинда кардан мисли одамро аз хоби сахт бедор кардан аст. Исо бо қувваи Худо духтаракро зинда кард, зеро Ӯ «мурдаҳоро зинда мекунад ва он чиро, ки вуҷуд надорад, мавҷуд меномад» (Рм 4:17).
(Марқӯс 5:42) Ҳамон лаҳза духтар аз ҷояш хест ва роҳ рафт. (Вай дувоздаҳсола буд.) Инро дида падару модари духтар аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд.
Исо духтаракеро зинда мекунад
Пеш, вақте Исо касеро шифо медод, ба ӯ мегуфт, ки ба ҳеҷ кас дар ин бора нақл накунад. Ҳозир ҳам ӯ ба падару модари духтарак ҳамин хел мегӯяд. Лекин, падару модари духтарак, ки дилашон лабрези шодист, ва ҳамчунин дигар одамон ин хабарро «дар тамоми... сарзамин» паҳн мекунанд (Матто 9:26). Агар шумо бо чашмони худ медидед, ки чӣ тавр шахси наздикатон зинда мешавад, оё хомӯш мемондед? Дар Китоби Муқаддас ин дуюм воқеаест, ки Исо мурдаро зинда мекунад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Марқӯс 5:19, 20) Лекин Исо ба вай иҷозат надод ва гуфт: «Ба хона, ба пеши хешу таборат, рав ва тамоми корҳоеро, ки Яҳува барои ту кард, ва раҳмеро, ки Ӯ ба ту зоҳир намуд, ба онҳо нақл кун». 20 Он мард аз он ҷо рафт ва дар Декаполис дар бораи тамоми корҳое, ки Исо барояш карда буд, нақл кард ва тамоми мардум дар ҳайрат монданд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 5:19
ба онҳо нақл кун: Одатан Исо, вақте ягон мӯъҷиза нишон медод, таъкид мекард, ки дар ин бора овоза накунанд (Мқ 1:44; 3:12; 7:36), лекин ба ин мард гуфт, ки дар бораи ин воқеа ба хешу табораш нақл кунад. Шояд сабаб дар он буд, ки аз Исо хоҳиш карданд, то ин сарзаминро тарк кунад ва ӯ шахсан ба онҳо мавъиза карда наметавонист. Ҳамчунин нақл кардани ин мард метавонист, пеши роҳи овозаҳои бардурӯғро дар бораи нобуд шудани хукон гирад.
(Марқӯс 6:11) Агар дар ягон ҷой шуморо қабул накунанд ва ба суханонатон гӯш надиҳанд, ҳангоми аз он ҷо баромада рафтанатон чанги пойи худро афшонед, то барои онҳо шаҳодате шавад».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мқ 6:11
чанги пойи худро афшонед: Шогирдон бо ин амал нишон медоданд, ки одамонро ба Худо ҳавола мекунанд ва дигар барои онҳо ҷавобгар нестанд. Ин ибора дар Мт 10:14 ва Лқ 9:5 низ вомехӯрад. Марқӯс ва Луқо ба ин ибора суханони то барои онҳо шаҳодате шавад-ро илова карданд. Павлус ва Барнаббо дар Антиохияи Писидия мувофиқи ин дастурот амал карданд (Ам 13:51). Павлус дар Қӯринт амали ба ин монандро кард. Ӯ либоси худро афшонд ва ин корашро чунин фаҳмонд: «Бигзор хуни шумо бар гарданатон бошад. Ман ҷавобгарие надорам» (Ам 18:6). Ин амал ба шогирдон шинос буд. Яҳудиёни худотарс, вақте дар замини ғайрияҳудиён сафар мекарданд, пеш аз ба ҳудуди худ дохил шудан, чанги пойи худро меафшонданд, зеро фикр мекарданд, ки ин чанг нопок аст. Лекин суханони Исо маънои дигар доштанд.