Шанбе, 9 август
Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобашро ҳар рӯз бардошта, доимо маро пайравӣ кунад (Луқ. 9:23).
Шояд, шумо бо муқобилат аз тарафи хешону наздикон дучор шудаед ё кори Подшоҳиро дар ҷойи аввали ҳаётатон гузошта, аз баҳри баъзе чизҳои моддӣ баромадаед (Мат. 6:33). Агар чунин бошад, донед, ки Яҳува чунин меҳнати содиқонаи шуморо мебинад (Ибр. 6:10). Эҳтимол, шумо ҳаққонияти суханони зерини Исоро дидаед: «Ҳар кӣ ба хотири ман ва хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, модар ё падар, фарзандон ё заминҳо гузаштааст, дар ин замона дар баробари озмоишҳо сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарон, хоҳарон, модарон, фарзандон ва заминҳоро ба даст меорад ва дар оянда соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мешавад» (Марқ. 10:29, 30). Бешак, шумо ба хотири Яҳува чӣ қурбониҳое накарда бошед, баракатҳое, ки соҳиб шудед, садчандон зиёданд (Заб. 37:4). w24.03 саҳ. 9, сарх. 5
Якшанбе, 10 август
Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст (Пнм. 17:17).
Вақте дар сарзамини Яҳудия гушнагии сахте рӯй дод, бародарони Антиохияи Сурия аз ин хабардор шуда, «қарор карданд, ки ҳар кас аз рӯйи тавони худ ба бародарони Яҳудия кумак расонад» (Кор. 11:27–30). Ҳарчанд Яҳудия аз Антиохия дур буд, бародарони он ҷо азми қавӣ доштанд, ки ба аҳли имонашон дасти ёрӣ дароз кунанд (1 Юҳ. 3:17, 18). Мо низ, вақте мефаҳмем, ки бародару хоҳарон аз офате зарар дидаанд, ҳамдардӣ нишон дода ёриямонро дареғ намедорем. Мо метавонем аз пирон пурсем, ки чӣ хел ёрии бевосита расонем. Ҳамчунин метавонем ба кори умумиҷаҳонӣ хайрия кунем ё дар ҳаққи ин бародару хоҳарон дуо гӯем. Эҳтимол, баъзе бародару хоҳарон барои пеш бурдани рӯзашон ба дастгирии мо муҳтоҷ шаванд. Ба наздикӣ Шоҳамон, Исои Масеҳ, барои доварӣ кардани одамон меояд. Биёед тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ӯ моро машғули корҳое ёбад, ки аз ҳамдардӣ шаҳодат медиҳанд. Он гоҳ мо Подшоҳиро «мерос» мегирем (Мат. 25:34–40). w23.07 саҳ. 4, сарх. 9, 10; саҳ. 6, сарх. 12
Душанбе, 11 август
Бигзор ҳама шуморо чун одамони боандеша шиносанд (Флп. 4:5).
Исо мисли Яҳува боандеша буд. Ҳарчанд ӯ барои мавъиза ба назди «гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода» шуда буд, ҳангоми иҷрои вазифааш боандешагӣ зоҳир мекард. Рӯзе як зани ғайрияҳудӣ аз ӯ зора кард, то духтарашро, ки «дар банди дев аст ва сахт азоб мекашад», шифо бахшад. Исо аз дилсӯзӣ хости занро ба ҷо овард (Мат. 15:21–28). Биёед боз як мисоли дигарро бинем. Боре Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Касе... аз ман рӯ гардонад, ман низ... аз ӯ рӯ мегардонам» (Мат. 10:33). Лекин оё, вақте Петрус се бор ӯро рад кард, Исо аз ӯ рӯ гардонд? Не. Исо дид, ки Петрус ба тавба рӯ овардааст ва имонашро гум накардааст. Аз ин рӯ баъди зинда шуданаш Исо Петрусро дилпур кард, ки ӯро бахшидаасту дӯсташ медорад (Луқ. 24:33, 34). Мо дидем, ки чӣ тавр Яҳува ва Исо боандешагӣ зоҳир мекунанд. Яҳува аз мо низ интизор аст, ки боандеша бошем. w23.07 саҳ. 21, сарх. 6, 7