Ба Яҳува — «Худои ҳар тасалло» такя кунед
«Муборак аст Худо... Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло» (2 ҚӮР. 1:3).
1. Новобаста аз синну сол одамон ба чӣ мӯҳтоҷанд?
АЗ ВАҚТИ таваллуд ҳамаи мо ба тасаллӣ ниёз дорем. Кӯдак вақте ки ба тасаллӣ мӯҳтоҷ мешавад, гиря мекунад. Эҳтимол вай мехоҳад, ки касе ӯро бардорад ё ин ки вай гурусна мондааст. Ҳатто вақте ки мо калонтар мешавем, мо бисёр вақт ба тасаллӣ ниёз дорем. Хусусан дар вақти тангиву душвориҳо мо тасаллӣ ёфтан мехоҳем.
2. Онҳоеро, ки ба Яҳува такя мекунанд, Ӯ ба чӣ боварӣ мебахшад?
2 Аъзоёни оила ва дӯстон метавонанд моро ба андозае тасаллӣ бахшанд. Лекин онҳо наметавонанд дар ҳама ҳолатҳо азоби моро сабук кунанд. Мавридҳое ҳастанд, ки дар онҳо танҳо Худо моро тасаллӣ дода метавонад. Каломи Ӯ моро боварӣ мебахшад: «Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд... истиғосаи онҳоро мешунавад» (Заб. 144:18, 19). Бале, «чашмони Худованд бар одилон аст, ва гӯшҳои Ӯ сӯи истиғосаи онҳо» (Заб. 33:15). Вале агар мо хоҳем, ки Худо моро тасаллӣ бахшад, мо бояд ба Ӯ такя кунем. Ин аз суханони Довуди забурнавис равшан маълум аст: «Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ. Ва орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард, чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ» (Заб. 9:10, 11).
3. Барои нишон додани он ки Яҳува моро то чӣ андоза дӯст медорад, Исо чӣ хел мисол овард?
3 Хизматгорони Яҳува барои ӯ пурарзишанд. Исо бо мисоле инро равшан нишон дод: «Оё панҷ гунҷишк ба ду фулус фурӯхта намешавад? Ва ягонтои онҳо аз назари Худо намеафтад. Ва ҳатто ҳамаи мӯйҳои сари шумо шумурда шудааст. Пас, натарсед: шумо аз бисёр гунҷишкон бартарӣ доред» (Луқ. 12:6, 7). Ба воситаи пайғамбар Ирмиё Яҳува ба халқи Исроил гуфт: «Бо муҳаббати абадӣ туро дӯст доштам, бинобар ин туро бо марҳамат ба Худ ҷалб намудам» (Ирм. 31:3).
4. Барои чӣ мо ба ваъдаҳои Яҳува боварӣ дошта метавонем?
4 Боварӣ ба Яҳува ва иҷрошавии ваъдаҳои Ӯ метавонад моро дар лаҳзаҳои сахт тасаллӣ бахшад. Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки мисли Еҳушаъ ба Худо эътимод дошта бошем. Ӯ гуфта буд: «Як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст, як сухан ҳам аз онҳо зоеъ нарафтааст» (Еҳ. 23:14). Беш аз ин, мо метавонем дилпур бошем, ки ҳатто агар мо муваққатан аз сабаби вазъияти сахт азоб кашем ҳам, «Худо амин аст» ва Ӯ ҳеҷ гоҳ хизматгорони содиқашро тарк нахоҳад кард. (1 Қӯринтиён 10:13–ро бихонед.)
5. Чӣ тавр мо дигаронро тасалло бахшида метавонем?
5 Павлуси ҳавворӣ Яҳуваро «Худои ҳар тасалло» номид. «Тасалло» бахшидан маънои оромӣ ё сабукӣ бахшидан ба шахси азобкашидаистода ва ғамгинро дорад. Яҳува бешубҳа чунин мекунад. (2 Қӯринтиён 1:3, 4–ро бихонед.) Ба Падари осмониамон ҳеҷ кас ё ҳеҷ чиз халал расонида наметавонад, аз ин рӯ Ӯ метавонад барои тасаллӣ бахшидани касоне, ки Ӯро дӯст медоранд, ҳар кори лозимаро кунад. Пас, «бо ҳамон тасаллое ки худамон аз Худо меёбем» мо метавонем ҳамимононамонро «дар ҳар андӯҳашон тасалло» диҳем. Касе нест, ки моро аз Яҳува беҳтар тасаллӣ бахшида тавонад!
Сабабҳои ғаму ташвиш
6. Баъзе чизҳоеро, ки сабаби ғаму ташвиши мо шуда метавонанд, номбар кунед.
6 Мо дар бисёр ҷонибҳои ҳаётамон ба тасаллӣ ниёз дорем. Яке аз сабабҳои калонтарини ғамгинӣ ин марги шахси наздик, хусусан ҳамсар ё фарзанд мебошад. Ҳамчунин шахс дар он вақт ба тасаллӣ мӯҳтоҷ буда метавонад, агар ҳуқуқи ӯро дигарон поймол кунанд ё нисбати вай бадгумонӣ дошта бошанд. Саломатии на он қадар хуб, пиронсолӣ, камбағалӣ, проблемаҳои оилавӣ ё вазъияти ҷаҳонӣ низ метавонанд моро ба ташвиш оранд.
7. а) Дар вақтҳои тангӣ мо ба чӣ ниёз дорем? б) Чӣ тавр Яҳува метавонад дили «шикаста ва залил»–ро шифо бахшад?
7 Дар вазъиятҳои сахту душвор мо аз бисёр ҷиҳат азоб мекашем. Мо ба тасаллӣ ниёз дорем, зеро ғаму ташвиш ба дили мо, ақли мо, ҳиссиёт ва саломатии ҷисмониву рӯҳониамон таъсир карда метавонад. Масалан, дар бораи дил фикр кунед. Каломи Худо мегӯяд, ки дили мо метавонад «шикаста ва залил» бошад (Заб. 50:19). Яҳува бешубҳа дар чунин вазъият ба мо кӯмак карда метавонад. Ӯ «дилшикастагонро шифо мебахшад, ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад» (Заб. 146:3). Ҳатто дар ҳолатҳои хеле вазнин Худо метавонад дарди дили моро сабук кунад, агар мо бо имони пурра ба Ӯ дуо гӯем ва ба амрҳои Ӯ итоат кунем. (1 Юҳанно 3:19–22; 5:14, 15-ро бихонед.)
8. Вақте ки мо дар ҳолати сахти ғамгиниву хавотирӣ қарор мегирем, Яҳува чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад?
8 Азбаски озмоишҳои гуногун ба ақли мо таъсир мекунанд, мо ба он ниёз дорем, ки ақли мо тасаллӣ ёбад. Бо қуввати худ мо эҳтимол ба чунин озмоишҳои имон тоб оварда наметавонем. Лекин забурнавис месуруд: «Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад» (Заб. 93:19). Ҳамчунин Павлус навишт: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (Фил. 4:6, 7). Хондани Навиштаҳо ва мулоҳиза оиди онҳо метавонад ақли моро тасаллӣ диҳад ва моро аз ҳолати сахти ғамгиниву хавотирӣ раҳо кунад (2 Тим. 3:15–17).
9. Вақте ки моро ҳиссиёти манфӣ фаро мегирад, чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?
9 Баъзан мо чунон ғамгину рӯҳафтода шуда метавонем, ки моро ҳиссиёти манфӣ фаро мегирад. Эҳтимол мо ҳис кунем, ки баъзе корҳоеро, ки Яҳува аз мо интизор аст ё он масъулиятҳое, ки дар ҷамъомад дорем, иҷро карда наметавонем. Дар ин ҷо низ, Яҳува метавонад моро тасаллӣ диҳад ва кӯмак кунад. Масалан, вақте ки Яҳува Еҳушаъро таъин кард, ки исроилиёнро дар ҷанги зидди душманон роҳбарӣ кунад, Мусо ба халқ гуфт: «Қавӣ ва далер бошед, аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки Худованд Худоят Худаш бо ту меравад; Ӯ аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард» (Такр. Ш. 31:6). Бо дастгирии Яҳува Еҳушаъ тавонист халқи Худоро сӯи Замини ваъдашуда роҳнамоӣ кунад ва бар ҳамаи душманони онҳо ғолиб ояд. Пештар, дар назди Баҳри Сурх Мусо низ чунин дастгирии Худоро ҳис карда буд (Хур. 14:13, 14, 29–31).
10. Агар ғаму андӯҳ ба саломатии ҷисмонии мо таъсир расонад, чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?
10 Воқеаҳои ғамовар ба саломатии ҷисмонии мо таъсири манфӣ расонида метавонанд. Албатта, агар мо саривақт хӯрок хӯрем, ба таври кофӣ истироҳат намоем, машқи ҷисмонӣ кунем, хонаву ҷой ва бадани худро тоза нигоҳ дорем, ин ба мо кӯмак мекунад. Ҳамчунин, агар мо дар бораи чизҳое, ки Китоби Муқаддас дар бораи оянда мегӯяд, фикр кунем, ин саломатии моро беҳтар карда метавонад. Ва вақте ки мо аз ягон озмоиш ё проблема азоб мекашем, ба хотир овардани азобҳои Павлус ва суханони рӯҳбаландкунандаи ӯ ба мо кӯмак мекунанд. Ӯ гуфта буд: «Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем; гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем» (2 Қӯр. 4:8, 9).
11. Агар ҳис кунем, ки имонамон суст шуда истодааст, мо чӣ кор карда метавонем?
11 Баъзе душвориҳо шояд ба саломатии рӯҳонии мо сахт таъсир расонанд. Дар ин маврид низ, Яҳува ба мо ёрдам карда метавонад. Каломи Ӯ моро боварӣ мебахшад: «Худованд ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад, ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад» (Заб. 144:14). Агар мо ҳис кунем, ки имонамон суст шуда истодааст, ба мо лозим аст, ки аз пирон кӯмак пурсем (Яъқ. 5:14, 15). Ҳамчунин мунтазам фикр кардан оиди умеди ҳаёти ҷовидона дар вақти озмоишҳои имон ба мо қувват мебахшад (Юҳ. 17:3).
Мисоли шахсоне, ки аз Худо тасаллӣ ёфта буданд
12. Фаҳмонед, ки чӣ тавр Яҳува Иброҳимро тасаллӣ бахшид.
12 Нависандаи таронаи 118 ба Яҳува гуфт: «Каломи Худро бо бандаи Худ ба ёд ор, ки ба василаи он маро умед бахшидаӣ. Ин дар мусибатам тасаллои ман аст, зеро ки сухани Ту маро зинда гардонд» (Заб. 118:49, 50). Имрӯз, мо Каломи навишташудаи Яҳуваро дорем, ки дар он мисоли бисёр шахсони аз Худо тасаллиёфта оварда шудааст. Масалан, Иброҳим вақте фаҳмид, ки Яҳува шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро нобуд карданӣ аст, шояд бисёр рӯҳафтода шуд. Ӯ аз Худо пурсид: «Наход ки одилро бо шарир маҳв созӣ?» Яҳува Иброҳимро тасаллӣ бахшида ба ӯ ваъда дод, ки агар дар он шаҳр ақаллан 50 одил ёфт шавад, Ӯ Садӯмро нобуд нахоҳад кард. Лекин Иброҳим боз панҷ бор аз Яҳува пурсид: агар дар он ҷо ҳамагӣ 45 нафар шахси одил бошад–чӣ? Агар 40 нафар? 30? 20? 10? Ҳар дафъа Яҳува пурсаброна ва меҳрубонона Иброҳимро гӯш мекард ва ӯро боварӣ бахшид, ки агар дар Садӯм ақаллан даҳ шахси одил ёфт шавад, Ӯ онҳоро нест намекунад. Ҳарчанд дар он ҷо 10 нафар ҳам одил набуд, Яҳува Лут ва духтарони ӯро наҷот дод (Ҳас. 18:22–32; 19:15, 16, 26).
13. Чӣ тавр Ҳанно нишон дод, ки ба Яҳува такя мекунад?
13 Зани Элқоно, Ҳанно, бисёр мехост, ки фарзанддор шавад. Вале ӯ нозой буд ва ин ӯро сахт ғамгин мекард. Ӯ ба Яҳува дар ин бора дуо гуфт ва Элии саркоҳин ба вай гуфт: «Худои Исроил хоҳиши туро, ки аз Ӯ илтимос кардаӣ, ба амал хоҳад овард». Ин Ҳанноро тасаллӣ бахшид «ва чеҳрааш дигар ғамгин набуд» (1 Подш. 1:8, 17, 18). Ҳанно бо боварӣ проблемаашро ба дасти Яҳува супурд ва ба Ӯ такя кард. Ҳарчанд Ҳанно намедонист, ки чӣ рӯй медиҳад, ӯ оромии ботинӣ ҳис мекард. Бо гузашти вақт Яҳува ба дуои вай ҷавоб дод. Ӯ ҳомиладор шуда писаре таваллуд кард ва номашро Самуил гузошт (1 Подш. 1:20).
14. Чаро Довуд ба тасаллӣ ниёз дошт ва ӯ ба кӣ муроҷиат кард?
14 Довуд шоҳи Исроили қадим мисоли шахси дигарест, ки аз Худо тасаллӣ ёфта буд. Азбаски Яҳува «он чиро, ки дар дил аст, мебинад», ҳангоми чун подшоҳи ояндаи Исроил интихоб кардани Довуд Ӯ медонист, ки Довуд шахси самимӣ аст ва ибодати ҳақиқиро дӯст медорад (1 Подш. 16:7; 2 Подш. 5:10). Лекин, баъдтар Довуд бо Батшобаъ зино содир кард ва гуноҳашро бо куштани шавҳари ӯ рӯпӯш карданӣ шуд. Вақте ки Довуд даҳшатовар будани гуноҳашро дарк намуд, ӯ ба Яҳува дуо гуфт: «Аз рӯи лутфи Худ марҳамат намо, ва ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ маҳв кун. Маро аз гуноҳам чандинбора шустушӯ намо, ва аз хатоям маро пок кун, зеро ки ман ба ҷиноятҳои худ иқрор ҳастам, ва хатоям доим пеши назари ман аст» (Заб. 50:3–5). Довуд дар ҳақиқат аз гуноҳаш пушаймон шуд ва Яҳува ӯро бахшид. Лекин, Довуд оқибати рафтори нодурусташро чашид (2 Подш. 12:9–12). Ба ҳар ҳол, марҳамату меҳрубонии Яҳува барои Довуд сарчашмаи тасаллӣ буд.
15. Чанде пеш аз марги Исо Яҳува ба ӯ чӣ гуна кӯмак расонд?
15 Ҳангоми дар замин буданаш Исо бо бисёр вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешуд. Худо ба ин озмоишҳои имон роҳ медод ва Исо ҳамеша содиқ мемонд. Ӯ шахси комиле буд, ки ҳамеша ба Яҳува такя мекард ва ҳокимияти Ӯро дастгирӣ менамуд. Чанде пеш аз фурӯхта ва кушта шуданаш Исо ба Яҳува дуо гуфт: «На иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд». Ва баъд фариштае бар Исо зоҳир гардида, Ӯро қувват бахшид (Луқ. 22:42, 43). Худо он вақт Исоро тасалливу қувват бахшид ва ёрии лозимаро ба ӯ расонд.
16. Вақте ки мо аз сабаби нигоҳ доштани беайбиамон бо марг рӯ ба рӯ мешавем, Худо чӣ кор карда метавонад?
16 Ҳатто агар мо аз сабаби ба Яҳува содиқ буданамон бо марг рӯ ба рӯ шавем ҳам, Яҳува барои нигоҳ доштани беайбиамон ба мо кӯмак карда метавонад ва мекунад. Беш аз ин, моро умед ба эҳёшавӣ тасаллӣ медиҳад. Ва чӣ қадар интизорем мо он рӯзеро, ки «душмани охирин» — марг нест карда хоҳад шуд! (1 Қӯр. 15:26). Ҳам он ходимони содиқи Худо, ки мурдаанд ва ҳам дигар шахсони вафоткарда дар хотираи қавии Яҳува мебошанд ва эҳё хоҳанд шуд (Юҳ. 5:28, 29; Аъм. 24:15). Боварӣ ба он ки Яҳува эҳёи мурдагонро ваъда додааст ба мо тасаллӣ меорад ва дар вақтҳои таъқибот ба мо умеди қавӣ мебахшад.
17. Вақте ки шахси наздикамон мемирад, Яҳува чӣ тавр моро тасаллӣ бахшида метавонад?
17 Чӣ тасаллибахш аст донистани он ки наздикони азизи мо, ки ҳоло дар қабри умумии инсоният хобидаанд, имконият доранд, ки аз нав ба ҳаёт баргашта дар дунёи нав зиндагӣ кунанд! Он ҷо дигар ҳеҷ чиз ғаму ташвиш намеорад. Ва чӣ имтиёзе хоҳад буд барои «анбӯҳи бузурги» хизматгорони Яҳува, ки дар вақти нобудшавии ин дунёи шарир зинда мемонанд ва шахсони эҳёшударо пешвоз гирифта онҳоро таълим медиҳанд (Ваҳй 7:9, 10).
Худои азалӣ паноҳгоҳ аст
18, 19. Ҳангоми таъқиботҳо Худо чӣ тавр ходимонашро тасаллӣ медод?
18 Бо суханони таъсирбахшу дилгармкунанда Мусо халқи Исроилро боварӣ бахшида гуфт: «Худои азалӣ паноҳгоҳ аст» (Такр. Ш. 33:27). Баъдтар Самуил–пайғамбар ба исроилиён гуфт: «Аз пайравии Худованд дур нашавед, балки бо тамоми дили худ Худовандро ибодат намоед... Худованд ба хотири исми бузурги Худ қавми Худро тарк нахоҳад кард» (1 Подш. 12:20–22). То он вақте ки мо дар ибодати ҳақиқӣ ба Яҳува содиқона хизмат мекунем, Ӯ моро ҳеҷ гоҳ тарк нахоҳад кард. Ӯ ҳамеша кӯмакеро, ки ба мо лозим аст, мерасонад.
19 Худо содиқона ба халқаш ёрдами лозима расонида истодааст ва дар ин рӯзҳои охирзамон тасаллӣ мебахшад. Дар замони ҳозира бисёр бародарону хоҳарони мо дар саросари ҷаҳон бо таъқиботҳо дучор мегарданд ва ҳабс мешаванд ва ин танҳо аз боиси он ки онҳо ба Яҳува хизмат мекунанд. Ҳаёти онҳо нишон медиҳад, ки дар ин замонҳои сахт Яҳува дар ҳақиқат хизматгоронашро тасаллӣ медиҳад. Масалан, як бародари мо дар собиқ Иттифоқи Шӯравӣ барои имонаш ба 23 сол маҳкум шуд. Вале ҳатто дар ҳабс низ ба ӯ имконият пайдо мешуд, ки ғизои рӯҳонӣ гирад ва он адабиётҳо ӯро қувват ва тасаллӣ мебахшиданд. Ӯ қайд кард: «Дар давоми ҳамаи он солҳо ман ба Яҳува такя карданро ёд гирифтам ва аз Ӯ қувват меёфтам». (1 Петрус 5:6, 7–ро бихонед.)
20. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува моро тарк намекунад?
20 Қатъи назар аз он ки мо бо чӣ дучор мешавем, хуб мебуд, ки суханони зерини тасаллибахши забурнависро дар хотир дорем: «Худованд қавми Худро рад нахоҳад кард, ва мероси Худро тарк нахоҳад намуд» (Заб. 93:14). Ҳарчанд худи мо ба тасаллӣ ниёз дошта бошем ҳам, мо имконияти беҳамто дорем, ки дигаронро тасаллӣ диҳем. Аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем, ки чӣ тавр мо метавонем онҳоеро, ки дар ин ҷаҳони ноором азоб мекашанд, тасаллӣ диҳем.
[Tасвир дар саҳифаи 22]
Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?
• Баъзе чизҳое, ки сабаби ғаму ташвиши мо шуда метавонанд, кадоманд?
• Чӣ тавр Яҳува хизматгоронашро тасаллӣ медиҳад?
• Агар мо бо марг рӯ ба рӯ шавем, чӣ моро тасаллӣ бахшида метавонад?
[Чорчӯба/Tасвир дар саҳифаи 21]
ЧӢ БОЯД КАРД, АГАР ҒАМУ ТАШВИШҲО...
▪ ба дили мо таъсир кунанд (Заб. 146:3; 1 Юҳ. 3:19–22; 5:14, 15)
▪ ба ақли мо таъсир кунанд (Заб. 93:19; Фил. 4:6, 7)
▪ ба ҳиссиёти мо таъсир кунанд (Хур. 14:13, 14; Такр. Ш. 31:6)
▪ ба саломатии ҷисмонии мо таъсир кунанд (2 Қӯр. 4:8, 9)
▪ ба саломатии рӯҳониамон таъсир кунанд (Заб. 144:14; Яъқ. 5:14, 15)