Барнома барои ҳафтаи аз 26-уми март
ҲАФТАИ АЗ 26-УМИ МАРТ САРШАВАНДА
Суруди 26 ва дуо
□ Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
fy боби 16, сарх. 1–5 (25 дақ.)
□ Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: Ирмиё 12–16 (10 дақ.)
№ 1: Ирмиё 13:1–14 (4 дақ. ё камтар)
№ 2: «Фақат дар Худованд» издивоҷ кардан бохирадона аст (1 Қӯр. 7:39) (5 дақ.)
№ 3: Риоя кардани аҳкомҳои Худо чиро дар бар мегирад (lv саҳ. 8, 9, сарх. 7–9) (5 дақ.)
□ Вохӯрии хизматӣ
Суруди 50
5 дақ. Эълонҳо.
10 дақ. Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед (Ибр. 13:1, 2). Нутқи пири ҷамъомад. Оиди чорабиниҳои маҳаллӣ, ки ба Шоми ёдбуд бахшида шудаанд, маълумот диҳед. Маслиҳат диҳед, ки чӣ тавр ҳама ба меҳмонон ва воизони ғайрифаъол, ки ба Шоми ёдбуд ташриф меоранд, меҳмоннавозӣ зоҳир карда метавонанд. Намоиши кӯтоҳро, ки аз ду қисм иборат аст, нишон диҳед. Дар қисми аввали намоиш воиз меҳмони навро хуш пешвоз мегирад. Дар қисми дуюми намоиш бошад, воиз баъд аз тамом шудани барнома боз бо меҳмон сӯҳбат мекунад ва барои шавқи ӯро бедор намудан чора меандешад.
20 дақ. «Аҷоиботи офариниш Яҳуваро ҷалол медиҳад». Саволу ҷавоб. Маълумоти сархати аввалро барои сарсухан ва сархати охирро барои хулоса кӯтоҳ истифода баред. Шунавандагонро пурсед, ки аз тамошои филм чӣ манфиат гирифтанд. Чӣ тавр дар хизмат истифода бурдани ин видеофилмро муҳокима кунед.
Суруди 15 ва дуо