ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • rq дарси 8 саҳ. 16-17
  • Ҳаёти оилавие, ки писанди Худост

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳаёти оилавие, ки писанди Худост
  • Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Маводи монанд
  • Барои хушбахтии оила чӣ даркор аст?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Маслиҳатҳо барои хушбахт шудани оила
    Бедор шавед!—2021
  • Сирри хушбахтии оила дар чист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр дар ҳаёти оилавӣ хушбахт будан мумкин аст?
    Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед
Маълумоти бештар
Худо аз мо чӣ талаб дорад?
rq дарси 8 саҳ. 16-17

Дарси 8

Ҳаёти оилавие, ки писанди Худост

Мавқеи шавҳар дар оила чӣ гуна аст? (1)

Шавҳар ба зан бояд чӣ гуна муносибат намояд? (2)

Падар чӣ гуна масъулиятҳо дорад? (3)

Нақши зан дар оила чӣ гуна аст? (4)

Худо аз волидон ва фарзандон чӣ талабҳо дорад? (5)

Нуқтаи назари Китоби Муқаддас дар бораи зиндагии ҷудогона ва талоқ чӣ гуна аст? (6, 7)

1. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки сарвари оила шавҳар аст (1 Қӯринтиён 11:3). Шавҳар бояд танҳо як зан дошта бошад. Зану шавҳар бояд мувофиқи қонунҳои мамлакаташон ақди никоҳ дошта бошанд (1 Тимотиюс 3:2; Титус 3:1).

2. Шавҳар бояд зани худро мисли худ дӯст дорад. Ӯ бояд ба зан тавре муносибат намояд, ки Исо ба пайравонаш мекард (Эфсӯсиён 5:25, 28, 29). Ӯ ҳеҷ гоҳ набояд занро занад, ё ба таври дигаре бо ӯ бад муносибат кунад. Баръакс, ӯ бояд занашро иззату эҳтиром кунад (Қӯлассиён 3:19; 1 Петрус 3:7).

3. Падар бояд меҳнат кунад, то ки ба оилаи худ ғамхорӣ намояд. Ӯ бояд зан ва фарзандонашро бо хӯрок, либос ва хона таъмин кунад. Падар инчунин бояд ниёзҳои рӯҳонии оилаи худро қонеъ гардонад (1 Тимотиюс 5:8). Ӯ бояд роҳбариро ба дасти худ гирад ва ба аҳли оилаи худ дар гирифтани дониш дар бораи Худо ва мақсадҳои Ӯ ёрӣ диҳад (Такрори Шариат 6:4-9; Эфсӯсиён 6:4).

4. Зан бояд мададгори хубе барои шавҳар бошад (Ҳастӣ 2:18). Ӯ бояд ба шавҳари худ дар таълиму тарбияи фарзандон ёрӣ диҳад (Масалҳо 1:8). Яҳува аз зан интизор аст, ки ӯ бо муҳаббат ба хонаводаи худ ғамхорӣ мекунад (Масалҳо 31:10, 15, 26, 27; Титус 2:4, 5). Ӯ ба шавҳари худ бояд эҳтироми чуқур дошта бошад (Эфсӯсиён 5:22, 23, 33).

5. Худо ба фарзандон мефармояд, ки ба волидони худ итоат кунанд (Эфсӯсиён 6:1-3). Ӯ аз волидон интизор аст, ки ба фарзандон панду насиҳат медиҳанд ва онҳоро ислоҳ мекунанд. Волидон бояд бо фарзандони худ вақт гузаронанд, то ки бо онҳо Китоби Муқаддасро омӯзанд, дар бобати ниёзҳои рӯҳонӣ ва эҳсосии онҳо ғамхорӣ намоянд (Такрори Шариат 11:18, 19; Масалҳо 22:6, 15). Падару модарон ҳаргиз набояд фарзандонро бо дағалӣ ва азобдиҳӣ тарбия кунанд (Қӯлассиён 3:21).

6. Вақте ки ҳамсарон дар муносибати байни ҳамдигар дучори мушкилиҳо мешаванд, бояд бикӯшанд, ки аз рӯи маслиҳатҳои Китоби Муқаддас амал намоянд. Китоби Муқаддас моро барои зоҳир кардани муҳаббат ва бахшидан бармеангезад (Қӯлассиён 3:12-14). Каломи Худо ба зиндагии ҷудогона чун ба роҳи ҳалли ҳама душвориҳо даъват намекунад. Аммо зан метавонад роҳи ҷудоиро интихоб кунад, агар шавҳар: 1)  якравона оилаашро таъмин накунад, 2) чунон зӯроварӣ кунад, ки саломатӣ ва ҳаёти зан дар хатар монад, ё 3) муқобилияти аз ҳад зиёди ӯ ба Худо ибодат кардани занро имконнопазир созад (1 Қӯринтиён 7:12, 13).

7. Ҳамсарон бояд ба якдигар вафодор бошанд. Зино гуноҳест бар зидди Худо ва бар зидди ҳамсар (Ибриён 13:4). Мувофиқи Китоби Муқаддас, ягона сабабе, ки аз рӯи он барои ҷудошавӣ ва никоҳи нав иҷозат ҳаст, алоқаи ҷинсии берун аз никоҳ мебошад (Матто 19:6-9; Румиён 7:2, 3). Яҳува нисбати оне, ки одамон бе сабаби дар Китоби Муқаддас овардашуда ҷудо мешаванд ва баъд аз он бо шахси дигар издивоҷ мекунанд, нафрат дорад (Малокӣ 2:14-16).

[Тасвири саҳифаи 16, 17]

Худо ба волидон мефармояд, ки ба фарзандони худ панду насиҳат диҳанд ва онҳоро ислоҳ кунанд

[Тасвири саҳифаи 17]

Падари дӯстдор фарзандони худро аз ҷиҳати моддӣ ва рӯҳонӣ таъмин менамояд

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан