Шумо чӣ гуна ҷавоб хоҳед дод?
1. Вақте ки ба мо савол медиҳанд, чаро бояд ба намунаи Исо пайравӣ кунем?
1 Ҳатто имрӯз одамон ба ҳайрат меоянд, ки чӣ тавр Исо ба саволҳои одамон, ҷавоб медод. Вақте ки ба мо низ дар хизмат саволҳои гуногун медиҳанд, хуб мебуд, ки дар ҷавоб додан ба Исо пайравӣ мекардем (1 Пет. 2:21).
2. Барои ҷавоби таъсирбахш додан ба мо чӣ ёрӣ расонда метавонад?
2 Дар аввал гӯш кунед. Исо дар бораи нуқтаи назари ҳамсӯҳбаташ фикр мекард. Баъзан ба мо низ барои фаҳмидани он ки шахс чиро дар асл дар назар дорад, саволҳо додан зарур аст. Баъзе одамон метавонанд чунин савол диҳанд: «Чаро шумо боварӣ доред, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост?» Дар асл онҳо фаҳмидан мехоҳанд, ки чаро шумо таълимоти диниеро, ки бисёриҳо ба он боварӣ доранд, пайравӣ намекунед. Агар шумо фаҳмед, ки ҳамсӯҳбататонро чӣ хавотир месозад, сӯҳбати шумо натиҷаи хуб меорад (Луқ. 10:25–37).
3. Ба воситаи чӣ мо метавонем аз Китоби Муқаддас ҷавобҳои қонеъкунанда диҳем?
3 Ба воситаи Каломи Худо ҷавоб диҳед. Одатан аз худи Китоби Муқаддас ба савол ҷавоб додан аз ҳама беҳтар аст (2 Тим. 3:16, 17; Ибр. 4:12). Барои ҷавоби аниқ додан китоби «Музокира» (рус.) ва «Мавзӯҳои Китоби Муқаддас барои сӯҳбат» аз «Навиштаҳои Муқаддаси Тарҷумаи Дунёи Нав» (рус.), ба мо кӯмак мерасонанд. Ҳатто агар барои ҳамсӯҳбататон Китоби Муқаддас обрӯ надошта бошад ҳам, шумо метавонед мулоҳизакорона ба ӯ таълимоти Навиштаҳоро нишон диҳед. Шахсро барангезед, ки дар бораи хиради бо вақт озмудашудаи Китоби Муқаддас андеша кунад. Агар шумо ба Исо пайравӣ кунед, ҷавобҳоятон «мисли себҳои заррин»-е хоҳанд буд, ки «кандакориҳои нуқра доранд» яъне сазовор, зебо ва пурарзиш (Мас. 25:11).
4. Дар кадом мавридҳо мо набояд ба ҳар савол ҷавоб диҳем?
4 Оё зарур аст, ки ба ҳар як савол ҷавоб диҳем? Агар шумо ҷавоби саволро надонед, шарм надошта гӯед: «Ман ҷавобро намедонам, лекин метавонам дар бораи саволатон маълумот ҷустуҷӯ карда, дафъаи дигар ҷавобашро гӯям». Чунин хоксорӣ ва таваҷҷӯҳи шахсии шумо метавонад, соҳибхонаро барангезад, ки ба вохӯрии навбатӣ розӣ шавад. Агар бинед, ки мухолифон барои баҳс кардан ба шумо савол додан мехоҳанд, шумо метавонед ба Исо пайравӣ карда, ҷавоб надиҳед (Луқ. 20:1–8). Ба ин монанд, агар шахсе, ки ба ҳақиқат таваҷҷӯҳи самимӣ надорад ва бо шумо баҳс карданӣ аст, боодобона сӯҳбататонро қатъ кунед ва вақтатонро барои ҷустуҷӯи одамони самимӣ сарф кунед (Мат. 7:6).
5. Исо дар ҷавоб додан ба саволҳо чӣ намуна гузошт?
5 Исо медонист, ки ӯ танҳо бо таваккал кардан ба Яҳува, супориши «бар ростӣ шаҳодат» доданро иҷро карда метавонад ва ба саволи одамоне, ки ҷавобашонро фаҳмидан мехостанд, ҷавоб дода метавонад (Юҳ. 18:37). Чӣ баракатест ба Исо пайравӣ кардан ва ҷавоб додан ба саволи онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моиланд! (Аъм. 13:48).