Вебсайти расмии мо. Онро барои омӯзиши шахсӣ ва оилавӣ истифода баред
Маҷаллаҳои навтаринро дар сайти мо хонед. Пеш аз ба ҷамъомад омадани маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» шумо имконият доред, ки ин маҷаллаҳоро якчанд ҳафта пеш дар сайтамон хонед. Сабти овозии (аудиосабти) маҷалларо ба бисёр забонҳо гӯш кунед. Барои хондан ва гӯш кардани ин маҷаллаҳо ба «Адабиётҳо», сипас ба «Маҷаллаҳо» дароед.
Маводҳоеро, ки танҳо дар сайти мо дастрасанд, хонед. Баъзе маводҳо ба монанди «Барои наврасон», «Китоби Муқаддас барои хурдтаракон», «Викторинаи оилавӣ» ва «Саволҳои ҷавонон» акнун танҳо дар вебсайт дастрасанд. Ба сайт дароед ва ҳангоми омӯзиши шахсӣ ва оилавӣ баъзе аз он маводҳоро дида бароед. Барои аз ин чизҳо истифода бурдан ба «Таълимотҳои Китоби Муқаддас», сипас ба «Кӯдакон» ё «Наврасон» дароед.
Хабарҳои охиринро фаҳмед. Хабарҳову воқеаҳои рӯҳбаландкунандаро, ки ба забонҳои гуногун дастрасанд, хонед ва наворҳоеро, ки пешравии кори моро дар саросари ҷаҳон нишон медиҳанд, тамошо кунед. Хабарҳо оиди офатҳои табиӣ ва таъқиботҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки дуоҳои мо дар бораи ҳамимонони зарардидаамон аниқтар бошад (Яъқ. 5:16). Ба «Хабарҳо» дароед.
Бо ёрии «Китобхонаи онлайн» тадқиқот гузаронед. Агар ин саҳифаи сайт ба забони шумо дастрас бошад, аз компютер ё ягон таҷҳизоти электронӣ истифода бурда, матни ҳаррӯзаро хонед ё баъзе адабиётҳое, ки ба чоп баромадаанд, тадқиқ кунед. Барои истифодаи он ба «Адабиётҳо», сипас ба «Китобхонаи онлайн» ё www.wol.jw.org дароед.
[Tасвир дар саҳифаи 4]
(барои пурра дидани матн дар нашри чопӣ нигаред)
Аз сайт истифода баред
1 Ба расм ё ишора барои гирифтанро ▸ пахш кунед. Расм дар намуди PDF кушода мешавад. Онро чоп карда, ба кӯдакатон диҳед, то ки вай супоришро иҷро кунад.
2 Барои тамошо кардан ин аломатро пахш кунед.