Барои шогирд тайёр кардан мақсад монед
1. Барои наҷоти одамон чӣ кор кардан муҳим аст?
1 Ҳисоботи умумиҷаҳонии хизматӣ барои соли 2014 нишон медиҳад, ки то чӣ андоза халқи Худо хушхабари Салтанатро бо ҷидду ҷаҳд ва азми қавӣ мавъиза мекунад (Мат. 24:14). Ба воситаи мавъизаи хона ба хона, маъракаҳои махсус барои паҳн кардани рисолаву даъватномаҳо ва боғайратона дар ҷойҳои ҷамъияти мавъиза карданамон, мо тавонистем, ки ба шумораи бештари одамон хушхабарро расонем. Лекин барои наҷоти одамон танҳо донистани хушхабар басанда нест. Мо бояд ба онҳо кӯмак расонем ки шогирди Исо шаванд. Ва барои ин ҳамроҳашон Китоби Муқаддасро омӯхтан муҳим аст (1 Тим. 2:4).
2. Барои бо омодагӣ пешкаш кардани омӯзиш, кадом саволҳо ба мо кӯмак мерасонанд?
2 Барои пешкаш кардани омӯзиш омода бошед. Вақте ягон кас шавқ зоҳир мекунад, оё шумо кӯшиш мекунед, ки барои бо ӯ сӯҳбатро давом додан, рақами телефон ё суроғаашро гиред? Оё бо мақсади сар кардани омӯзиш ӯро дарҳол боздид мекунед? Охирон бор кай шумо дар вохӯрии аввал омӯзиш пешкаш карда будед? Ба онҳое ки мунтазам маҷалла дастрас мекунед, кай охирон бор, омӯзиш пешкаш карда будед? Оё шумо ба ҳамкорон, ҳамсинфон, ҳамсоягон, хешутабор ва ба дигар шиносонатон видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?» ва «Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад?»-ро нишон додед? Ё дар хизмат бо стенди намоишӣ вақте ки одамон адабиёт барои омӯзишро мегиранд, шумо ба онҳо оиди чӣ тавр гузаштани омӯзиши бепули Китоби Муқаддас маълумот медиҳед?
3. Барои бомуваффақият таълим додани ҳақиқат аз мо чӣ дар талаб аст?
3 Кӯмаки Яҳува ва Исо. Вақте ки Исо «шогирд созед» гуфт, ӯ калимаи «биравед»-ро истифода бурд ва ин нишон медиҳад, ки мо бояд дар ин кор хоҳишу ғайрати зиёд дошта бошем. Исо ваъда дода буд, ки дар ин кор моро танҳо намегузорад (Мат. 28:19, 20). Илова бар ин Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш ба мо кӯмак мерасонад ва барои ба одамон расонидани ҳақиқат, маводу таълимоти лозимаро медиҳад (Зак. 4:6; 2 Қӯр. 4:7). Барои дар ин кори муҳим иштирок кардан мо аз Яҳува «ҳам хоҳиш ва ҳам амалро» пурсида метавонем (Флп. 2:13).
4. Чаро мо бояд барои шогирд тайёр кардан мақсад монем?
4 Мавъизаи хушхабар ба мо хурсандии зиёд меорад. Лекин агар мо ба шахс ҳақиқатро таълим дода ба ӯ кӯмак кунем, ки моро дар «он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад» ҳамроҳӣ намояд, хурсандии мо зиёдтар мегардад (Мат. 7:14; 1 Тас. 2:19, 20). Аз ҳама муҳимаш ин ки шогирд тайёр карда, мо писанди Яҳува мегардем, зеро Ӯ «намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд» (2 Пет. 3:9).