Ҳамеша барои пешкаш кардани омӯзиш тайёр бошед
1. Супориши дар Матто 28:19, 20 навишташудаи Исо чиро дар бар мегирад?
1 Исо ба мо чунин супориш дода буд: «Халқҳоро шогирд созед ... ва онҳоро таълим диҳед» (Мат. 28:19, 20). Барои ҳамин мо мехоҳем на танҳо дар рӯзи махсуси истироҳат, ки барои пешкаш кардани омӯзиш ҷудо карда шудааст, балки ҳамеша омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод кунем. Дар ин ба мо маслиҳатҳои зерин кӯмак карда метавонанд.
2. Мо ба киҳо омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод карда метавонем?
2 Омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод кунед. Ҳар қадаре ки мо бештар омӯзиш пешниҳод кунем, ҳамон қадар имконияти бештар пайдо мешавад, ки бо ягон кас омӯзиш сар кунем (Воиз 11:6). Оё шумо аз пешниҳоди бевосита истифода бурдаед? Воизони як ҷамъомади ИМА таи як моҳ бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш намуданд, ки аз ин тарз истифода баранд. То чӣ дараҷа онҳо хурсанд гаштанд, вақте ки 42 омӯзиши нав сар карданд! Фикр накунед, ки рағбатдоронатон, медонанд, ки шумо тайёред, ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронед. Хуб мебуд, ки ҳангоми ташрифи навбатӣ ба онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод кунед. Агар онҳо омӯзишро рад кунанд, ғамгин нашавед. Шумо метавонед зиёд намудани шавқи онҳоро давом диҳед. Оё шумо ягон бор ба ҳамсоягон, хешовандон, ҳамкорон ва ҳамсинфони худ омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод намудаед? Ҳамчунин метавонед аз омӯзандагонатон пурсед, ки оё дӯстон ё хешовандони онҳо Китоби Муқаддас омӯхтан мехоҳанд.
3. Чӣ гуна мо метавонем бе китоби «Таълимот» омӯзиш сар кунем?
3 Танҳо аз Китоби Муқаддас истифода баред. Мумкин шумо бе китоби «Таълимот» ҷуръат намекунед, ки омӯзиши Китоби Муқаддас сар кунед. Вале чӣ ба шумо кӯмак карда метавонад? Тайёр кардани муҳокимаҳои диққатҷалбкунанда дар асоси порчаҳои китоби «Таълимот» ёрӣ мерасонад. Вале баъд аз тайёрӣ дидан назди рағбатдор танҳо бо Китоби Муқаддас равед. Инчунин метавонед фикрҳоеро, ки истифода бурданиед дар варақча нависед. Агар ҳама вақт чунин амал кунед ва ин тарзи таълимдиҳии ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро беҳтар гардонед, гуфтан мумкин аст, ки шумо омӯзиши Китоби Муқаддас сар кардед. Шумо метавонед онро дар ҳисобот чун омӯзиш қайд кунед. Ва агар фурсати мувофиқ расида бошад, китоби «Таълимот»-ро пешкаш намуда, бо шахс омӯзиш гузаронед.
4. Чаро мо бояд ҳамеша барои пешниҳод кардани омӯзиш тайёр бошем?
4 Дар минтақаи мо ҳоло ҳам одамоне ҳастанд, ки ташнаи таълимоти Китоби Муқаддас мебошанд. Ҳамеша омӯзиш пешниҳод карданамон, ба одамони зиёдтар имконият медиҳад, ки бо роҳе, ки сӯи ҳаёт мебарад, равона шаванд. Ва мо аз ин хурсандии зиёд мегирем (Мат. 7:13, 14).