ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИБОДАТ 1–3
Мақсади овардани қурбониҳо
Ҳадия ва қурбониҳое, ки мувофиқи аҳди Шариат оварда мешуданд ба Яҳува маъқул буданд. Онҳо ҳамчунин ба Исо, қурбонии ӯ ва ба баракатҳое, ки он ба одамизод меорад, ишора мекарданд (Ибр 8:3–5; 9:9; 10:5–10).
Ҳама ҳайвонҳое, ки ба қурбонӣ оварда мешуд, бояд солиму беайб мебуд. Ба ин монанд, бадани Исо, ки ӯ қурбон кард, беайбу комил буд (1Пт 1:18, 19)
Чуноне ки қурбонии сӯхтанӣ ба Худо пурра оварда мешуд, ончунон Исо худро пурра ба Худо пешкаш кард
Касоне, ки қурбонии саломатӣ меоварданд, бо Худо дар осоиштагӣ буданд, ба ҳамин монанд тадҳиншудагоне, ки хӯроки шоми Ҳазратро мехӯранд, бо Худо дар осоиштагӣ мебошанд