МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 1
СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува
Яҳуваро ҷалол диҳед
ОЯТИ СОЛОНАИ 2025: «Яҳуваро, он тавре ки шоистаи номаш бошад, ҷалол диҳед» (ЗАБ. 96:8).
МАҚСАД
Аз ин мақола мефаҳмем, ки чӣ тавр Худои бузургамонро ҷалол дода метавонем.
1. Бисёриҳо имрӯз ба чӣ диққат мекунанд?
ШУМО, бешак, пай бурдаед, ки имрӯзҳо одамон худпарасту худнамо шудаанд. Онҳо барои дар интернет намоиш додани худашон ва дороияшон чӣ корҳое намекунанд. Вале имрӯз одамони хеле кам Яҳуваро ҷалол медиҳанд. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки ҷалол додани Яҳува чӣ маъно дорад? Чаро бояд мо Яҳуваро ҷалол диҳем ва чӣ тавр ин корро карда метавонем? Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки дар ояндаи наздик чӣ хел Яҳува номи худашро ҷалол медиҳад.
ЯҲУВАРО ҶАЛОЛ ДОДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
2. Яҳува чӣ тавр ҷалолашро дар кӯҳи Сино намоён кард? (Ҳамчунин ба расми муқова нигаред.)
2 Ҷалол чист? Дар Китоби Муқаддас ҷалол ба маънои шукӯҳу бузургӣ омадааст. Вақте Яҳува исроилиёнро аз Миср берун овард, ҷалолу шукӯҳи ӯ ба ҳама намоён гашт. Тасаввур кунед, ки чӣ тавр исроилиён дар доманаи кӯҳи Сино барои шунидани овози Худояшон ҷамъ омаданд. Абри сиёҳе болои кӯҳро фаро мегирад. Ногаҳон замину замон ба ларза меояду, эҳтимол, вулқоне оташфишонӣ мекунад. Дар осмон барқ намоён мешавад ва гулдурроси раъду садои осмоншикофи шох баланд мешавад (2 Мӯсо 19:16–18; 24:17; Заб. 68:8). Бешак, исроилиён аз дидани ҷалолу бузургии Яҳува моту ҳайратзада буданд.
Яҳува дар кӯҳи Сино ба исроилиён ҷалоли бузургашро зоҳир кард (Ба сархати 2 нигаред.)
3. Яҳуваро ҷалол додан чӣ маъно дорад?
3 Оё мо, одамон, ба Худо ҷалол оварда метавонем? Бале, метавонем. Як роҳаш ин аст, ки ба дигарон дар бораи қудрати бузург ва сифатҳои зебои Худоямон нақл кунем. Ҳамчунин ҳар гоҳе бо мадади Худо кореро ба анҷом мерасонем, инро тан гирифта, ӯро шукргузорӣ кунем (Иш. 26:12). Рафтори шоҳ Довуд аз ин ҷиҳат шоистаи пайравист. Ӯ дар пеши тамоми ҷамоати Исроил ба Худо дуо гуфта, ӯро чунин ҷалол дод: «Эй Яҳува, бузургӣ, қудрат, зебоӣ ва шукӯҳу шавкат аз они туст, зеро ҳар он чӣ дар осмону замин аст, аз они туст». Вақте Довуд дуояшро ба охир расонд, тамоми ҷамоат Яҳуваро ҳамд гуфт (1 Воқ. 29:11, 20).
4. Исо чӣ тавр Яҳуваро ҷалол медод?
4 Вақте Исо дар рӯйи замин буд, ӯ ошкоро мегуфт, ки муъҷизаҳояшро бо қуввати Яҳува ба ҷо меорад. Ҳамин тавр ӯ Худоро ҷалол медод (Марқ. 5:18–20). Боз бо кадом роҳҳо Исо ин корро мекард? Ӯ дар бораи Падараш суханони нек мегуфт ва бо одамон меҳрубон буд. Боре Исо дар ибодатхона таълим медод, ки як зани девзадаеро дид. Ӯ тӯли 18 сол ба ин ҳоли зор гирифтор буд. Дев ӯро дуқат карда буд, ба тавре ки вай қомат рост карда наметавонист. Дили Исо ба ҳоли афгори ин бечора сӯхта, бо меҳрубонӣ ба ӯ муроҷиат кард: «Эй зан, аз бемориат озод гаштӣ». Ҳамин ки Исо дастонашро бар ӯ гузошт, он зан ҷо ба ҷо шифо ёфт ва бо тани сиҳату сари баланд «Худоро ҷалол дод» (Луқ. 13:10–13). Мо ҳам имрӯз мисли он зан Яҳуваро барои корҳояш ҷалол дода метавонем.
ЧАРО БОЯД ХУДОРО ҶАЛОЛ ДОД?
5. Чаро Яҳува шоистаи иззату эҳтиром аст?
5 Мо ба Худо эҳтироми беандоза дорем. Чаро Худо шоистаи эҳтиром аст? Барои ин сабабҳои бешумор ҳаст. Яҳува Худои Абарқудрат аст, қувваи ӯ поёну канор надорад (Заб. 96:4–7). Хиради бемисли ӯ дар офаридаҳояш дида мешавад. Ӯ сарчашмаи ҳаёт ва нигаҳдорандаи он аст (Ошкор. 4:11). Ӯ Худои бовафост (Ошкор. 15:4). Ӯ ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад. Ба ҳар коре Яҳува даст занад, он амалӣ мегардад (Юшаъ 23:14). Барои ҳамин пайғамбар Ирмиё дар бораи Яҳува чунин гуфт: «Дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо ва ҳама подшоҳиҳо Касе мисли ту нест» (Ирм. 10:6, 7). Аз ин рӯ мо мехоҳем иззату эҳтироми Падари осмониямонро ба ҷо орем. Вале мо дар дил ба Яҳува на фақат эҳтиром, балки муҳаббат ҳам дорем.
6. Чаро мо Яҳуваро дӯст медорем?
6 Мо Яҳуваро дӯст медорем. Биёед баъзе сифатҳои Яҳуваро бинем, ки меҳри моро ба ӯ бедор мекунанд. Масалан, ӯ дилсӯз ва меҳрубон аст (Заб. 103:13; Иш. 49:15). Худои мо ҳамдард аст. Вақте дили мо ғамгин мешавад, дили ӯ ҳам ғамгин мешавад (Зак. 2:8). Ӯ дари дӯстиро барои мо калон кушодааст, то мо ба вай наздик шуда тавонем (Заб. 25:14; Кор. 17:27). Худои мо фурӯтан аст. «Ӯ хам мешавад, то ба осмон ва замин назар кунад, бечораро аз хок бармехезонад» (Заб. 113:6, 7). Чунин Худои бузургро меарзад, ки ҷалол диҳӣ! (Заб. 86:12).
7. Мо чӣ тавр ба Яҳува ҷалол оварда метавонем?
7 Мо мехоҳем, ки дигарон дар бораи Яҳува донанд. Бисёр одамон дар бораи Яҳува ҳақиқатро намедонанд. Барои чӣ? Чунки Шайтон дар бораи Худо дурӯғҳоро паҳн карда, ақли одамонро кӯр кардааст (2 Қӯр. 4:4). Ӯ Худоро дар чашми одамон бадхашму бепарво ва сабабгори азобҳои инсоният намоиш медиҳад. Вале мо ростиро дар бораи Худо медонем ва метавонем ин дурӯғҳоро фош карда, ба Худо ҷалол биёрем (Иш. 43:10). Биёед боби 96-уми Забурро омӯхта, ҳар яки мо фикр кунем, ки чӣ тавр ба Худои бузургамон Яҳува ҷалол оварда метавонем.
ЧӢ ТАВР ЯҲУВАРО БА ТАВРИ БОЯДУ ШОЯД ҶАЛОЛ ДИҲЕМ?
8. Як роҳи ҷалол додани Яҳува кадом аст? (Забур 96:1–3).
8 Забур 96:1–3-ро хонед. Яҳуваро бо гуфторамон ҷалол медиҳем. Ин оятҳо моро даъват мекунанд, ки ба Яҳува бисароем, номашро ситоиш кунем, хушхабари наҷоташро эълон намоем, корҳои ӯро дар байни халқҳо баён кунем. Бо ҳамаи ин роҳҳо мо метавонем Падари осмониямонро ҷалол диҳем. Яҳудиёни имондор ва масеҳиёни асри як аз номи неки Яҳува пуштибонӣ мекарданд ва ошкоро ба дигарон мегуфтанд, ки ӯ дар ҳаққашон чӣ корҳои нек кардааст (Дон. 3:16–18; Кор. 4:29). Чӣ тавр мо низ ба намунаи онҳо пайравӣ карда метавонем?
9, 10. Мо аз саргузашти Анҷелина чиро меомӯзем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
9 Биёед мисоли хоҳар Анҷелинароa аз Иёлоти Муттаҳида дида бароем. Ӯ дар ҷойи кораш барои пуштибонӣ кардани номи неки Худо далерона сухан гуфт. Анҷелинаро ба вохӯрие даъват карданд, ки дар он ҳама навкорон имкон доштанд, худро ба дигарон шинос кунанд. Хоҳарамон намоише аз аксҳо тайёр карда буд. Ӯ мехост ба дигарон дар бораи хушбахтие, ки аз Шоҳиди Яҳува буданаш мегирад, нақл кунад. Вале, пеш аз он ки навбати ӯ биёяд, яке аз ҳамкоронаш гуфт, ки дар оилаи Шоҳидони Яҳува ба воя расидааст ва ақидаҳои Шоҳидонро масхара кардан гирифт. Анҷелина мегӯяд: «Дилам гуп-гуп мезад. Ба худ мегуфтам: “Чӣ кор кунам? Дар ин бора гап накушоям ё дурӯғҳои ӯро дар бораи Яҳува фош карда, номашро ҳимоя кунам?”»
10 Вақте ҳамкораш гапашро ба охир расонд, Анҷелина дар таги дил дуои кӯтоҳе гуфт. Сипас ӯ бо меҳрубонӣ ба он кас муроҷиат карда гуфт: «Ман ҳам мисли шумо дар оилаи Шоҳидон калон шудаам ва то имрӯз Шоҳиди Яҳуваам». Вазъияти каме ногуворе ба миён омад, вале Анҷелина оромиро нигоҳ дошта, аксҳои рӯҳбахшеро, ки дар вохӯриҳои рӯҳонӣ гирифта буд, ба дигарон нишон дод ва боодобона ақидаҳояшро ҳимоя кард (1 Пет. 3:15). Натиҷааш чӣ шуд? Вақте Анҷелина намоишашро тамом кард, он мард камтар мулоим шуд. Ӯ ҳатто тан гирифт, ки аз тарбияи рӯҳонии кӯдакияш хотираҳои хубе дорад. Анҷелина мегӯяд: «Барои ҳимояи номи Яҳува бархестан арзандатарин ва пуршарафтарин кор аст». Яҳува бар ҳар яки мо чунин шарафро ато кардааст. Вақте дигарон Яҳуваро бадном мекунанд, мо ба ҳимояи номаш бархеста метавонем.
Мо Яҳуваро бо сухан ҷалол дода метавонем (Ба сархатҳои 9, 10 нигаред.)b
11. Чӣ тавр хизматгорони содиқи Яҳува дар давоми таърих аз рӯйи принсипи Забур 96:8 амал мекарданд?
11 Забур 96:8-ро хонед. Мо дороиямонро дар роҳи Яҳува сарф мекунем. Парастандагони ҳақиқии Яҳува бо ҳамин роҳ ӯро доимо ҷалол медоданд (Пнм. 3:9). Масалан, исроилиён барои сохтану таъмири ибодатгоҳ хайрияҳо мекарданд (4 Подш. 12:4, 5; 1 Воқ. 29:3–9). Шогирдони ғамхори Масеҳ устодашон ва расулони ӯро «бо дороии худ» дастгирӣ мекарданд (Луқ. 8:1–3). Масеҳиёни асри як ба бародару хоҳарони рӯҳонияшон вақти тангиҳо ёрии бародардӯстона мефиристоданд (Кор. 11:27–29). Имрӯз мо ҳам метавонем Яҳуваро бо хайрияҳоямон ҷалол диҳем.
12. Чӣ тавр хайрияҳои мо ба Яҳува ҷалол меоранд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
12 Биёед бинем, ки чӣ тавр хайрияҳо ба номи Яҳува ҷалол меоранд. Дар ҳисоботи соли 2020 дар бораи хушксолии тӯлоние дар Зимбабве гуфта мешуд. Миллионҳо нафар талхии ин балоро чашиданд. Мардум нони хӯрданӣ надошт. Ҳарчанд хоҳари мо Приска низ мисли дигарон аз ин бало азоб мекашид, ӯ мисли пештара рӯзҳои чоршанбею ҷумъа хизматашро давом медод. Ҳамсоягонаш медиданд, ки ӯ ҳатто мавсими кишту кор ба ҷойи дар замин кор кардан ба хизмат меравад. Онҳо ӯро масхара карда мегуфтанд: «Ягон рӯз ту аз гушнагӣ мемурӣ». Приска бо дилпурӣ ҷавоб медод: «Яҳува ҳеҷ гоҳ хизматгоронашро напартофтааст». Чанде пас ӯ аз ташкилотамон ёрии бародардӯстонаро гирифт. Ин озуқаҳо бо пули хайрия дастрас гашта буданд. Ҳамсоягони Приска инро дида фикрашонро дигар карданд. Онҳо ба вай гуфтанд: «Худоят туро ҳеҷ вақт напартофт. Мо мехоҳем дар бораи ӯ бисёртар фаҳмем». Дар натиҷа, ҳафт нафар ҳамсояи ӯ ҷамъомадравиро сар карданд.
Мо Яҳуваро бо дориямон ҷалол дода метавонем (Ба сархати 12 нигаред.)c
13. Чӣ тавр бо рафторамон Яҳуваро ҷалол дода метавонем? (Забур 96:9).
13 Забур 96:9-ро хонед. Мо Яҳуваро бо рафторамон ҷалол медиҳем. Коҳиноне, ки дар ибодатгоҳи Яҳува хизмат мекарданд, бояд тозаву озода мебуданд (2 Мӯсо 40:30–32). Вале покии рафтор аз покии бадан ҳам муҳимтар аст (Заб. 24:3, 4; 1 Пет. 1:15, 16). Мо бояд инсони пештараро мисли либоси куҳна бо тамоми ифлосиҳояш аз танамон канда партоем ва одами навро мисли либоси поку тоза дар бар кунем. Мо бояд рафтору одатҳои нопокро дур карда, тарзи фикр ва сифатҳои Худои пурҷалоламон Яҳуваро аз худ кунем (Қӯл. 3:9, 10). Бо ёрии Яҳува инсони аз ҳама бадахлоқу бадхашм ҳам метавонад ҷомаи покрафторӣ ва некукориро дар бар кунад.
14. Аз саргузашти Ҷек чиро меомӯзем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Дар як зиндон Ҷек ном марди бадхашму хавфноке буд. Ӯро ҳама Аҷал меномиданд. Ба сабаби ҷиноятҳояш ӯ ҳукми қатлро гирифта буд. Боре бародаре, ки ба он зиндон меомад, ба Ҷек омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод кард. Ҷек то ба амал омадани ҳукми қатлаш омӯзишро қабул кард. Бо вуҷуди феълу рафтори бадаш Ҷек тавонист шахсияти куҳнаашро канда партояду таъмид гирад. Ҷек чунон дигаргун шуда буд, ки рӯзи амалӣ гаштани ҳукми қатлаш баъзе зиндонбонҳо бо чашмони пурнам бо ӯ хайрухуш карданд. Яке аз коргарони он зиндон чунин гуфт: «Ҷек пеш бадтарин маҳбус буд, ҳоло ӯ яке аз беҳтаринҳост». Як ҳафта пас аз марги Ҷек бародарон барои гузаронидани вохӯрии байниҳафта ба зиндон омаданд. Дар вохӯрӣ онҳо маҳбусеро диданд, ки бори аввал омада буд. Медонед сабаби омадани он мард чӣ буд? Дигар шудани рафтори Ҷек ба ӯ чунон таъсир кард, ки акнун ӯ мехост парастандаи Яҳува шавад. Бинед, ки рафтори мо ба Падари осмониямон чӣ қадар ҷалол меорад (1 Пет. 2:12).
Мо Яҳуваро бо рафторамон ҷалол дода метавонем (Ба сархати 14 нигаред.)d
ЯҲУВА БА НАЗДИКӢ НОМАШРО ЧӢ ХЕЛ ҶАЛОЛ МЕДИҲАД?
15. Чӣ тавр Яҳува ба наздикӣ номашро ҷалол медиҳад? (Забур 96:10–13).
15 Забур 96:10–13-ро хонед. Оятҳои охири боби 96-ум Яҳуваро Довар ва Подшоҳи одил тасвир мекунанд. Ба наздикӣ Яҳува номашро чӣ тавр ҷалол медиҳад? Ба воситаи ҳукму довариҳояш. Ба наздикӣ ӯ бадномгари ашадии номи покаш, Бобили бузургро, нест мекунад (Ошкор. 17:5, 16; 19:1, 2). Баъзе одамон нестшавии Бобили бузургро дида, шояд, ба мо ҳамроҳ шаванд. Дар Ҳармаҷиддӯн бошад, ӯ дунёи Шайтонро нобуд месозад. Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки зиддаш мебароянд ва ӯро бадном мекунанд, нест карда, дӯстдорону итоаткоронашро, ки бо дили пурифтихор ба ӯ ҷалол меоранд, наҷот мебахшад (Марқ. 8:38; 2 Тас. 1:6–10). Вақти ба охир расидани Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ, пас аз озмоиши охирон, Яҳува номашро аз ҳар гарду доғи туҳмат поку покиза месозад (Ошкор. 20:7–10). Он гоҳ: «Замин аз донистани ҷалоли Яҳува пур мешавад, чуноне ки баҳр пур аз обҳост» (Ҳаб. 2:14).
16. Шумо чӣ азм доред? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
16 Яҳува сазовори ситоиш аст. Ба наздикӣ ҳар ҷони зинда номи ӯро ҷалол медиҳад. То расидани он рӯз биёед сари ҳар қадам Худоямонро ҷалол диҳем. Ин чунон кори муҳим аст, ки Ҳайати роҳбарикунанда Забур 96:8-ро ояти соли 2025 интихоб кардааст: «Яҳуваро, он тавре ки шоистаи номаш бошад, ҷалол диҳед».
Дар оянда ҳам дар осмону ҳам дар замин ҳама номи Яҳуваро ҷалол медиҳанд (Ба сархати 16 нигаред.)
СУРУДИ 159 Яҳуваро ҷалол диҳед
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.
b ШАРҲИ РАСМ: Саҳнасозӣ аз саргузашти Анҷелина.
c ШАРҲИ РАСМ: Саҳнасозӣ аз саргузашти Приска.
d ШАРҲИ РАСМ: Саҳнасозӣ аз саргузашти Ҷек.