ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 январ саҳ. 26-31
  • Муҳаббати Яҳува баракатҳои зиёд меорад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Муҳаббати Яҳува баракатҳои зиёд меорад
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БАРАКАТҲОИ ТОВОН
  • БАРАКАТҲОИ ОЯНДА
  • МИННАТДОРИЯТОНРО БАЁН КУНЕД
  • Мо аз товони Исо чӣ меомӯзем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Оё шумо барои муҳимтарин рӯзи сол тайёред?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 январ саҳ. 26-31

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 5

СУРУДИ 105 «Худо муҳаббат аст»

Муҳаббати Яҳува баракатҳои зиёд меорад

«Исои Масеҳ барои наҷоти гунаҳкорон ба ҷаҳон омад» (1 ТИМ. 1:15).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки атои товон ба мо чӣ баракатҳо меорад ва мо чӣ хел миннатдориямонро ба Яҳува баён карда метавонем.

1. Мо чӣ тавр Яҳуваро хурсанд карда метавонем?

ТАСАВВУР кунед, ки шумо ба ягон шахси наздикатон туҳфаи махсусе медиҳед, туҳфаи зебо ва даркорӣ. Вале баъдтар шумо мебинед, ки вай туҳфаи шуморо дар як кунҷи хона монда, истифода намебарад. Шумо, бешак, аз ин зиқ мешавед. Лекин, агар бинед, ки ӯ туҳфаатонро истифода бурда истодааст ва ба шумо миннатдорӣ баён мекунад, бешак, хурсанд мешавед. Яҳува ҳам ба мо туҳфаи бузурге кардааст: ӯ аз муҳаббат ҷони Писарашро барои мо қурбон кард. Вақте Яҳува шукргузории моро барои ин атои бебаҳояш мебинад, хеле хурсанд мешавад (Юҳ. 3:16; Рум. 5:7, 8).

2. Дар ин мақола чиро дида мебароем?

2 Вале бо гузашти вақт қадри товон дар назари мо кам шуда метавонад. Он мисли туҳфае мешавад, ки дар ягон кунҷи хона, дар ягон сандуқе баҷост — мо аз доштани ин туҳфа хурсандем, вале он аз чашми мо дур аст. Барои он ки бо товон ҳамин хел нашавад, мо бояд миннатдориямонро барои ин туҳфаи Худо ва Масеҳ афзудан гирем. Аз ин мақола мефаҳмем, ки ба сабаби товон мо имрӯз кадом баракатҳоро дорем ва дар оянда чӣ гуна баракатҳоро соҳиб мешавем. Мо ҳамчунин мефаҳмем, ки барои муҳаббати Яҳува чӣ хел сипосгузорӣ баён карда метавонем, хусусан дар арафаи Шоми ёдбуд.

БАРАКАТҲОИ ТОВОН

3. Мо имрӯз кадом меваҳои товонро чашида метавонем?

3 Мо аллакай меваҳои қурбонии Масеҳро чашида истодаем. Масалан, дар асоси товон Яҳува гуноҳҳои моро мебахшад. Ӯ вазифадор нест, ки моро бахшад, вале ӯ мехоҳад ин корро кунад. Забурнависи сипосгузор чунин сароид: «Ту, эй Яҳува, неку ва бахшандаӣ» (Заб. 86:5; 103:3, 10–13).

4. Яҳува товонро барои кӣ дод? (Луқо 5:32; 1 Тимотиюс 1:15).

4 Баъзе одамон фикр мекунанд, ки сазовори бахшоиши Яҳува нестанд. Дар асл, ҳеҷ яке аз мо сазовори ин нест. Павлуси расул дарк мекард, ки «сазовор нест» расул хонда шавад, вале ӯ гуфт: «Аз лутфи Худо расул гаштаам» (1 Қӯр. 15:9, 10). Вақте мо аз гуноҳҳоямон тавба мекунем, Яҳува моро мебахшад. Барои чӣ? Ӯ инро аз муҳаббаташ мекунад, на аз он сабаб, ки мо сазоворем. Агар шуморо эҳсоси беарзишӣ азоб диҳад, дар ёд дошта бошед, ки Яҳува товонро на барои одамони бегуноҳ ато кард, балки барои гунаҳкорони тавбакор. (Луқо 5:32; 1 Тимотиюс 1:15-ро хонед.)

5. Оё ҳар яки мо бояд лутфи Яҳуваро ҳамчун музди меҳнатамон қабул кунем? Фаҳмонед.

5 Ҳеҷ яке аз мо набояд фикр кунад, ки танҳо ба хотири солҳои зиёд ба Яҳува хизмат кардан бечунучаро сазовори лутфи ӯ ҳаст. Албатта, Яҳува заҳмату вафодории моро қадр мекунад (Ибр. 6:10). Вале ӯ товони Писарашро на ҳамчун музди меҳнатамон, балки ҳамчун туҳфаи ройгоне ба мо додааст. Агар мо фикр кунем, ки сазовори лутфи Яҳува ё сазовори марҳамати махсусем, мо гӯё қурбонии Исоро беарзишу беҳуда меҳисобем. (Бо Ғалотиён 2:21 муқоиса кунед.)

6. Чаро Павлус дар хизмати Яҳува заҳмат мекашид?

6 Павлус дарк мекард, ки ӯ наметавонад лутфи Худоро сазовор шавад. Пас, барои чӣ ӯ дар хизмати Яҳува ин қадар заҳмат мекашид? Мақсадаш ин набуд, ки худро сазовори лутфи Яҳува нишон диҳад, балки шукргузорияшро барои некиву марҳамати Яҳува нишон медод (Эфс. 3:7). Ғайрату заҳмати мо дар хизмати Яҳува низ ба ҳамин сабаб аст. Бо ин корамон мо худро сазовори лутфи Яҳува нишон намедиҳем, балки сипосгузориямонро баён мекунем.

7. Боз товон имрӯз ба мо чӣ баракат меорад? (Румиён 5:1; Яъқуб 2:23).

7 Як баракати дигаре, ки товон барои мо дастрас месозад, имконияти дӯстии қавӣ доштан бо Яҳува астa. Чуноне ки дар мақолаи гузашта гуфтем, мо айни таваллуд шуданамон дӯсти Худо ҳисоб намеёбем. Вале аз баракати товон Худо бо мо оштӣ мекунад ва дари дӯстияшро ба мо мекушояд. (Румиён 5:1; Яъқуб 2:23-ро хонед.)

8. Чаро мо бояд барои имконияти дуогӯйӣ аз Яҳува миннатдор бошем?

8 Танҳо яке аз ҷонибҳои дӯстиямон бо Яҳува имконияти дуогӯйист. Яҳува на фақат дуоҳоеро мешунавад, ки дар пеши гурӯҳи одамон гуфта мешаванд, балки дуоҳои фардии ҳар яки моро. Дуо ба мо оромиву осудахотирӣ мебахшад, лекин он фақат доруи дили пурташвиш нест. Бо ёрии дуо мо пайванди дӯстиямонро бо Яҳува бақувваттар мекунем (Заб. 65:2; Яъқ. 4:8; 1 Юҳ. 5:14). Вақти дар замин буданаш Исо тез-тез ба Яҳува дуо мегуфт, чунки медонист, ки бо дуогӯйӣ ӯ дӯстияшро бо Падараш об медиҳад (Луқ. 5:16). Шукри товони Исо, ки мо шарафи гуфтугӯ кардан бо Яҳуваро дорем.

БАРАКАТҲОИ ОЯНДА

9. Товон дар оянда ба хизматгорони содиқи Яҳува чӣ баракатҳо меорад?

9 Товон барои хизматгорони содиқи Яҳува дар оянда чӣ баракатҳо меорад? Онҳо соҳиби ҳаёти ҷовидона мешаванд. Бисёр одамон мегӯянд: «Мурдан амри Ҳақ аст» ва «одам аз қадим миранда буд». Вале нияти аввалаи Яҳува ҳамин буд, ки одамон беохир зиндагӣ кунанд. Агар Одам гуноҳ намекард, ҳаёти ҷовидонӣ дар назари одамон афсонаву хаёли хом неву воқеияти ҳаррӯза мешуд. Албатта, фикри ҳаёти абадӣ дар ақли одамон намеғунҷад, валекин нархе, ки Яҳува барои ин пардохт кард, ҳамчунин аз ақл берун аст (Рум. 8:32).

10. Тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар чиро бесаброна интизоранд?

10 Ҳарчанд ҳаёти ҷовидонӣ баракати оянда аст, Яҳува мехоҳад, ки мо онро имрӯз интизор шавем. Тадҳиншудагон интизори ҳаёти пурмаъно дар осмонанд. Онҳо замонеро мунтазиранд, ки ҳамроҳи Исо бар тамоми замин ҳукмронӣ кунанд (Ошкор. 20:6). Гӯсфандони дигар чашмбароҳи биҳишти рӯйи заминанд, ки дар он аз ғаму дард асаре намешавад (Ошкор. 21:3, 4). Оё шумо яке аз гӯсфандони дигареду интизори ҳаёти беохир дар рӯйи заминед? Дониста бошед, ки ин ҳаёти дуюмдараҷа нест. Инсон маҳз барои он офарида шудааст, ки дар рӯйи замин хушбахтона зиндагӣ кунад.

11, 12. Дар биҳишти рӯйи замин аз кадом баракатҳо баҳравар мешавем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

11 Лаҳзае тасаввур кунед, ки ҳаёт дар биҳишти рӯйи замин чӣ гуна мешавад. Ташвиши беморӣ ва марг дигар нест (Иш. 25:8; 33:24). Яҳува ҳар як хоҳиши дурусти шуморо қонеъ кардааст. Шумо ба кадом касб ё илм завқ доред? Физика? Химия? Мусиқӣ? Санъат? Дар дунёи нав ниёзи калон ба меъморон, бинокорон ва деҳқонон мешавад. Эҳтиёҷ ба хизматрасониҳои дигар ҳам калон мешавад, ба монанди хӯрокпазӣ, асбобсозӣ ва сабзу зебо гардондани замин (Иш. 35:1; 65:21). Умри беохир дар ихтиёри шумо мешавад. Шумо чӣ ҳунару илмеро, ки хоҳед, омӯхта метавонед.

12 Тасаввур кунед, ки пешвоз гирифтани одамони зиндашуда чӣ қадар хурсандибахш мешавад (Кор. 24:15). Омӯзишу таҳқиқи офаридаҳои бешумори Яҳува низ завқу шодии зиёд меорад (Заб. 104:24; Иш. 11:9). Вақте дар вуҷудамон зарраи гуноҳ намешавад, бо хотири софу беғубор ба Яҳува хизмат кардан чӣ қадар лаззат меорад! Оё шумо ин баракатҳоро бо «ҳаловати муваққатӣ»-и гуноҳ иваз мекунед? (Ибр. 11:25). Албатта, не! Ҳама қурбониву фидокориҳои мо дар пеши баракатҳои оянда ҳеҷанд. Дар ёд доред: ҳозир биҳишт фардои мост, вале ба наздикӣ он имрӯзамон мешавад. Ҳеҷ яке аз ин баракатҳо бе туҳфаи пурмуҳаббати Яҳува, товон, дастрас намешуд.

Силсиларасм: Бародару хоҳарон дар биҳишт аз ҳаёт лаззат мебаранд. 1. Зану шавҳаре хона месозанд. 2. Бародаре ғиҷҷак менавозад. 3. Волидон духтарчаи зиндашудаашонро пешвоз мегиранд. 4. Хоҳаре кулолгарӣ мекунад. 5. Хоҳаре ангур мечинад. 6. Падар бо писараш ба ҳайвоне (коҳилаке), ки дар дарахт овезон аст, нигоҳ мекунанд.

Шумо дар биҳишт кадом баракатҳоро бештар интизоред? (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)


МИННАТДОРИЯТОНРО БАЁН КУНЕД

13. Чӣ хел мо барои муҳаббати Яҳува сипосгузорӣ карда метавонем? (2 Қӯринтиён 6:1).

13 Чӣ хел мо ба Яҳува барои товон сипосгузорӣ баён карда метавонем? Агар хизмати ӯро дар ҷойи якуми зиндагиямон монем (Мат. 6:33). Охир, Исо мурд, «то зиндаҳо дигар на барои худ, балки барои ҳамоне зиндагӣ кунанд, ки барояшон мурду зинда шуд» (2 Қӯр. 5:15). Мо намехоҳем мақсади лутфу марҳамати Яҳуваро фаромӯш кунем. (2 Қӯринтиён 6:1-ро хонед.)

14. Чӣ тавр мо ба роҳнамоии Яҳува такя карда метавонем?

14 Боз як роҳи сипосгузор будан аз Яҳува ба раҳнамоии ӯ такя намудан аст. Мо инро чӣ хел карда метавонем? Вақте бояд ягон қарори муҳим барорем, масалан, дар куҷо таҳсил кунем ё чӣ гуна ҷойи кор ёбем, мо аз худ мепурсем: «Яҳува аз ман чиро мехоҳад?» (1 Қӯр. 10:31; 2 Қӯр. 5:7). Вақте имонро пеша мекунем, натиҷаи зебояшро мебинем: имон ва дӯстиямон бо Яҳува пурқувваттар мешавад, умедамон низ дучанд мегардад (Рум. 5:3–5; Яъқ. 2:21, 22).

15. Мо чӣ тавр дар арафаи Шоми ёдбуд қадрдониямонро нишон дода метавонем?

15 Як роҳи дигари қадрдонӣ кардани товон дар Шоми ёдбуд фаъол будан аст. Ғайр аз рафтан ба маросими Шоми ёдбуд, мо дигаронро ба он даъват карда метавонем (1 Тим. 2:4). Ба меҳмононе, ки даъваташон мекунед, фаҳмонед, ки ҳангоми Шоми ёдбуд чӣ рӯй медиҳад. Дар ин ба шумо аз сомонаи jw.org видеонаворҳои «Барои чӣ Исо мурд?» ва «Ёдбуди ҳазрати Исо» ёрӣ мерасонанд. Пирон, ғайрифаъолонро фаромӯш накунед, онҳоро даъват кунед. Вақте яке аз гӯсфандони гумшудаи Яҳува ба рама мепайвандад, тасаввур кунед, ки дар замину осмон чӣ қадар шодӣ мешавад (Луқ. 15:4–7). Биёед вақти Шоми ёдбуд на фақат бо якдигар салому алек кунем, балки бо одамони нав ё касоне, ки дер боз ба вохӯрӣ наомада буданд. Мо мехоҳем онҳо меҳрубонию меҳмоннавозии моро ҳис кунанд (Рум. 12:13).

16. Чаро мо бояд дар арафаи Шоми ёдбуд иштироки худро дар хизмат зиёд гардонем?

16 Оё метавонед дар арафаи Шоми ёдбуд бисёртар хизмат кунед? Бо ин коратон шумо ба Худо ва Масеҳ номаи миннатдорӣ менависед. Ҳар қадаре дар хизмати Яҳува фаъолтар шавем, дастгирии ӯро бештар ҳис мекунему имону бовариямон ба ӯ зиёдтар мешавад (1 Қӯр. 3:9). Кӯшиш кунед дар арафаи Шом баробари реҷаи хониши Китоби Муқаддас равед, ки дар поёни ояти рӯз меояд ё ки дар ҷадвали «Дафтари вохӯрӣ». Шумо ҳамчунин метавонед ин порчаҳоро ҳангоми омӯзиши шахсӣ хубтар таҳқиқ кунед.

17. Чӣ Яҳуваро шод мегардонад? (Ҳамчунин ба чорӯбаи «Чӣ тавр барои товон миннатдорӣ баён кунем?» нигаред.)

17 Шояд, вазъият ба шумо имкон надиҳад, ки тамоми маслиҳатҳои ин мақоларо ба кор баред. Дар ёд доред: Яҳува саҳми шуморо бо саҳми дигарон муқоиса намекунад. Ӯ дили шуморо мебинад. Вақте ӯ мебинад, ки дилатон моломоли сипосгузорӣ барои атои ӯст, Яҳува аз ин хеле шод мешавад (1 Подш. 16:7; Марқ. 12:41–44).

Чӣ тавр барои товон миннатдорӣ баён кунем?

  • Корҳои рӯҳониро дар ҷойи аввал монед.

  • Дар арафаи Шом дар хизмат фаъолтар шавед.

  • Аз рӯйи реҷаи «Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо» Китоби Муқаддасро дар арафаи Шоми ёдбуд хонед.

  • Дигаронро ба маросими Шом даъват кунед.

  • Меҳмононро дар Шоми ёдбуд гарм пазироӣ кунед.

Силсиларасм: Роҳҳое, ки миннатдориямонро ба муҳаббати Яҳува нишон дода метавонем. 1. Воизе барои пешрави ёвар шудан варақа пур мекунад. 2. Бародаре бо зану ду фарзандаш парастиши оилавӣ мегузаронад. 3. Ҳамсарон бо аробачаи адабиётдор хизмат мекунанд. Бародар ба марде даъватномаи Шоми ёдбудро медиҳад. 4. Зану шавҳар меҳмонони Шоми ёдбудро гарму ҷӯшон пешвоз мегиранд.

18. Чаро шумо аз Яҳува ва Исо миннатдоред?

18 Танҳо аз баракати товон мо бахшоиши гуноҳҳо, дӯстӣ бо Яҳува ва ҳаёти ҷовидониро соҳиб шуда метавонем. Яҳува аз муҳаббати бепоёнаш ба мо чунин атоҳоро додааст. Биёед барои меҳраш як умр сипосгузор бошем (1 Юҳ. 4:19). Биёед аз Исо низ ҳамеша миннатдор бошем, ки ӯ ҳаёти одамияшро барои хушбахтии мо қурбон кардааст (Юҳ. 15:13).

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Товон имрӯз ба мо чӣ баракатҳо меорад?

  • Товон дар оянда ба мо чӣ баракатҳо меорад?

  • Чӣ тавр миннатдориямонро барои товон нишон диҳем?

СУРУДИ 154 Меҳри пойдор

a Яҳува ҳатто то омадани Исо ва ҳаёташро қурбон кардан хизматгорони содиқашро мебахшид. Ӯ инро дар асоси чӣ мекард? Яҳува ҳатто он вақт бовар дошт, ки Писараш то охир содиқ мемонаду ҷонашро қурбон мекунад. Азбаски ӯ аз Писараш сад фоиз дилпур буд, гуноҳҳои хизматгорони замони пешашро мебахшид (Рум. 3:25).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан