МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 6
СУРУДИ 18 Барои фидия миннатдорем
Миннатдорӣ барои бахшиши Яҳува
«Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягоназоди худро дод» (ЮҲ. 3:16).
МАҚСАД
Барои бештар қадр кардани бахшандагии Яҳува фаҳмед, ки дар асоси чӣ ӯ гуноҳҳоямонро мебахшад.
1, 2. Ба кадом маъно вазъияти мо ба ҷавоне, ки дар сархати як ёдовар шудааст, монанд аст?
ҶАВОНЕРО тасаввур кунед, ки дар оилаи сарватдоре ба воя расидааст. Рӯзе ба сараш фалокат меояд. Волидонаш дар садама ҳалок мешаванд. Ин хабар дилашро реш-реш мекунад. Лекин боз як хабари дигарро шунида, ҳангу мангаш меканад. Ӯ мефаҳмад, ки волидонаш пулу моли хонаро резу чош карда, ба қарзи калоне ғӯтидаанд. Акнун тасаввур кунед, ки ин ҷавон ба ҷойи боигарӣ қарзи онҳоро мерос гирифтааст ва қарздеҳон пулашонро талаб мекунанд. Қарз аз сару гӯшаш мечакад ва барои баргардондани он қувваташ намерасад.
2 Ба маъное аҳволи мо ба ин ҷавон монанд аст. Волидони аввалинамон Одаму Ҳавво комил буданду дар биҳишти зебо зиндагӣ мекарданд (1 Мӯсо 1:27; 2:7–9). Хушбахтии абадӣ барояшон дастрас буд. Лекин дар як дам дари хонаи биҳиштӣ ва умри ҷовидонӣ ба рӯяшон баста шуд. Акнун онҳо ба фарзандонашон чиро мерос медиҳанд? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Ба воситаи [Одам] гуноҳ ба ҷаҳон даромад ва ба воситаи гуноҳ марг омад. Ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт, зеро ҳама гуноҳ карданд» (Рум. 5:12). Одам ба мо гуноҳеро мерос монд, ки оқибат марг меорад. Ин гуноҳ ба қарзи чунон калоне монанд аст, ки кандани он аз зӯру тавонамон берун аст (Заб. 49:8).
3. Чаро гуноҳҳоро ба «қарз» монанд кардан мумкин?
3 Исо гуноҳро ба «қарз» монанд кард (Мат. 6:12; Луқ. 11:4). Вақте гуноҳ мекунем, мо гӯё аз Яҳува қарздор мешавем ва бояд қарзи гуноҳамонро баргардонем. Агар барнагардонем, танҳо марг ин қарзро рӯпӯш карда метавонад (Рум. 6:7, 23).
4. а) Агар дасти ёрӣ дароз карда намешуд, аҳволи мо чӣ мешуд? (Забур 49:7–9). б) Дар Китоби Муқаддас калимаи «гуноҳ» ба чӣ ишора мекунад? (Ба чорчӯбаи «Гуноҳ» нигаред.)
4 Оё ҳама чизеро, ки Одаму Ҳавво гум карданд, баргардондан мумкин аст? Бо қуввату тавони худ мо аз уҳдаи ин кор намебароем. (Забур 49:7–9-ро хонед.) Бе ёрдаму дастгирии Яҳува мо на ба умри ҷовидона умед баста метавонистему на ба зиндашавӣ. Дар асл, оқибати мо аз ҳайвонот фарқ намекард (Пандгӯ 3:19; 2 Пет. 2:12).
5. Падари меҳрубонамон барои адои қарзи меросӣ ба мо чӣ хел ёрдам дод? (Ба расм нигаред.)
5 Ҷавонеро ба ёд оред, ки дар аввали мақола дар борааш гуфтем. Агар ягон марди сарватманд адо кардани қарзашро пешниҳод мекард, ин ҷавон чӣ мегуфт? Бешубҳа, ӯ барои саховатмандии ин мард аз замин то осмон миннатдор мешуд. Ба ҳамин монанд, Падари меҳрубонамон, Яҳува, қарор кард, ки қарзи гуноҳамонро рӯпӯш кунад, гуноҳеро, ки аз Одам мерос гирифтаем. Исо сабаби чунин амали Яҳуваро фаҳмонд: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягоназоди худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон дошта бошад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳ. 3:16). Ҳамчунин ин туҳфаи Яҳува дари дӯстиро бо ӯ ба рӯямон боз кард.
Исо дар бораи хушхабаре гап зад, ки одамон ба воситаи товон бахшиши Яҳуваро соҳиб шуда метавонанд (Юҳ. 3:16). Сипас бо омодагӣ ҷонашро фидо кард, то товон дода шавад (Ба сархати 5 нигаред.)
6. Дар ин мақола чиро мебинем ва барои чӣ?
6 Чӣ тавр ин туҳфаи бебаҳо моро аз гуноҳ ё «қарзамон» халос карда метавонад? Омӯзиши якчанд калимаю ибораҳои Китоби Муқаддас ба ин савол равшанӣ меандозад: оштӣ шудан, рӯпӯш кардан, барқарор намудан, товон, бозхарид кардан, росткор эълон шудан. Дар ин мақола мо маънои ҳар яки онҳоро омӯхта, бахшоиши Яҳуваро бештар қадр мекунем.
МАҚСАД: ОШТӢ ШУДАН
7. а) Одаму Ҳавво боз чиро аз даст доданд? б) Насли Одаму Ҳавво ба чӣ муҳтоҷанд? (Румиён 5:10, 11).
7 Одаму Ҳавво ҳам зиндагии ҷовидонаро аз даст доданду ҳам дӯстии бебаҳоро бо Падари осмонияшон. Яҳува онҳоро фарзандони заминии худ медонист (Луқ. 3:38). Лекин онҳо ба ӯ беитоатӣ карданд ва Яҳува, пеш аз кӯдакдор шуданашон, аз онҳо рӯ гардонд (1 Мӯсо 3:23, 24; 4:1). Мо ки насли онҳоем, бояд бо Худо оштӣ шавем. (Румиён 5:10, 11-ро хонед.) Дигар хел карда гӯем, мо бояд бо Яҳува муносибати хубро инкишоф диҳем. Мувофиқи як маълумотнома калимаи юноние, ки «оштӣ» тарҷума шудааст, маънои «душманро ба дӯст табдил додан»-ро дорад. Аҷоиб аст ки барои оштӣ шудан қадами якумро худи Яҳува мондааст. Чӣ тавр?
ЧОРА: ТОВОНДИҲӢ
8. а) Калимаи товондиҳӣ чӣ маъно дорад? б) Ибораи барқарор намудан чӣ маъно дорад?
8 Товондиҳӣ чораест, ки Яҳува пешкаш кард, то одамони гунаҳкор дубора бо ӯ муносибати хуб пайдо кунанд. Товондиҳӣ чиро дар бар мегирад? Иваз кардани чизе, ки арзиши баробар дорад. Ҳамин тавр чизе, ки вайрон ё гум шудааст, барқарор ё иваз мегардад. Дар Навиштаҳои Юнонӣ ибораи барқарор намудан истифода шудааст, ки ба маънои калимаи «товондиҳӣ» наздик аст (Рум. 3:25). Дар натиҷаи барқарор кардан дари дӯстӣ бо Худо ба рӯямон боз шуд.
9. Яҳува барои бахшида шудани гуноҳи исроилиён чӣ чора дид?
9 Барои он ки гуноҳи исроилиён бахшида шаваду онҳо бо Худо муносибати хуб дошта бошанд, Яҳува чораи муваққатӣ дид. Ҳар сол дар Исроил Рӯзи Товондиҳӣ мегузашт. Дар он рӯз саркоҳин ҳайвонҳоро ба қурбонӣ меовард. Албатта, ин қурбониҳо гуноҳи одамонро пурра рӯпӯш карда наметавонист, чунки ҳаёти ҳайвонот бо ҳаёти одамон арзиши баробар надорад. Лекин, агар исроилиён тавба карда, мувофиқи талаби Худо қурбонӣ меоварданд, ӯ гуноҳи онҳоро мебахшид (Ибр. 10:1–4). Ин қурбониҳо ҳамчунин ба мардум ёдрас мекарданд, ки онҳо гунаҳкоранд ва барои пурра аз қафаси гуноҳ халосӣ ёфтан ба чораи бузургтаре ниёз доранд.
10. Барои бахшида шудани гуноҳи одамизод Яҳува чӣ кор кард?
10 Яҳува барои пурра бахшидани гуноҳҳо чорае андешида буд. Ӯ ният дошт, ки Писари азизаш «як бор барои бардоштани гуноҳҳои бисёр касон қурбон» шавад (Ибр. 9:28). Ҳамин тавр ҳам шуд. Исо «ҷонашро барои бисёр касон фидо» кард (Мат. 20:28).
НАРХ: ТОВОН
11. а) Мувофиқи Китоби Муқаддас товон чист? б) Барои товон додан чӣ зарур буд?
11 Мувофиқи Китоби Муқаддас товон нархест, ки барои рӯпӯш кардан ё оштӣ шудан дода мешавадa. Дар асоси товон Яҳува чизи гумшударо барқарор карда метавонад. Одаму Ҳавво ҳаёти комил ва умеди ҷовидона зистанро гум карданд. Барои ҳамин товон бояд бо чизе, ки онҳо гум карданд, арзиши баробар медошт (1 Тим. 2:6). Пас, онро танҳо марди болиғе дода метавонист, ки 1) комил бошад, 2) имкони дар замин ҷовидона зистан дошта бошад ва 3) ихтиёран ҷонашро барои мо фидо кунад. Танҳо ҳаёти чунин шахс барои чизи гумшуда товон шуда метавонист.
12. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Исо товони мувофиқ буд?
12 Биёед бинем, ки ба кадом се сабаб Исо ин товонро дода метавонист. 1) Ӯ комил буд ва «гуноҳе накардааст» (1 Пет. 2:22). 2) Барои ҳамин ӯ имконият дошт, ки дар замин ҷовидона зиндагӣ кунад. 3) Ӯ тайёр буд ҳаёташро баҳри мо қурбон кунад (Ибр. 10:9, 10). Азбаски Исо комил буд, ҳаёташ бо ҳаёти Одам, пеш аз гуноҳ карданаш, арзиши баробар дошт (1 Қӯр. 15:45). Аз ин рӯ ӯ ҳаёташро бар ивази ҳаёте дода метавонист, ки Одам аз даст дод (Рум. 5:19). Ҳамин тавр ӯ «Одами охирин» гашт. Шарт нест, ки боз ягон шахси комил омада, чизеро, ки Одам гум кардааст, ҷуброн кунад. Исо «як бор ва барои ҳамеша» мурд (Ибр. 7:27; 10:12).
13. Байни товондиҳию товон чӣ фарқе ҳаст?
13 Набошад, фарқ байни товондиҳӣ ва товон чист? Товондиҳӣ ё рӯпӯш кардани гуноҳҳо қадамест, ки Яҳува ба хотири кушодани роҳи дӯстӣ барои одамизод гузошт. Товон бошад, нархест, ки барои рӯпӯш кардани гуноҳҳои одамизод дода шуд. Ин нарх хуни бебаҳои Исои Масеҳ аст, ки барои мо рехта шуд (Эфс. 1:7; Ибр. 9:14).
НАТИҶА: БОЗХАРИД ВА РОСТКОР ЭЪЛОН ШУДАН
14. Мо чиро дида мебароем ва чаро?
14 Товондиҳӣ чӣ натиҷаҳо меорад? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан биёед якчанд ибораи Китоби Муқаддасро дида бароем. Ин калимаю ибораҳо ба якдигар наздик буда, ҷонибҳои гуногуни товондиҳиро қайд мекунанд. Онҳоро фаҳмида бахшоиши Яҳуваро бештар қадр мекунем.
15, 16. а) Аз рӯйи Каломи Худо «бозхарид» ба чӣ ишора мекунад? б) Имконияти аз маргу гуноҳ халос шудан ба шумо чӣ хел таъсир мекунад?
15 Аз рӯйи Китоби Муқаддас калимаи бозхарид ба он ишора мекунад, ки шахс дар асоси товон озод ё сафед карда мешавад. Петруси расул инро чунин фаҳмонд: «Худи шумо медонед, ки аз ҳаёти бемаъное, ки аз бобоёни худ мерос гирифтаед, на бо нуқра ё тиллои нобудшаванда озод гаштаед, [дар матни асл “бозхарид шудед; бо товон харида шудед”] балки бо хуни пурарзиши Масеҳ, ки ба хуни барраи поку беайб монанд аст» (1 Пет. 1:18, 19).
16 Ба воситаи товон мо аз чанги оҳанини гуноҳу марг озод шуда метавонем (Рум. 5:21). Мо аз Яҳува ва Исо барои озодие, ки бо хуни бебаҳои Масеҳ имконпазир гашт, як умр миннатдорем! (1 Қӯр. 15:22).
17, 18. а) Росткор эълон шудан чӣ маъно дорад? б) Вақте Яҳува моро росткор эълон мекунад, соҳиби чӣ баракатҳо мешавем?
17 Росткор эълон шудан маънои онро дорад, ки қарзи гуноҳҳоро баргардондан даркор нест ва айбнома хат зада шудааст. Яҳува ин тавр амал карда, зидди меъёрҳои одилонааш набаромад. Чаро Яҳува моро росткор эълон мекунад? Оё мо инро сазоворем? Оё ӯ ба гуноҳҳои мо беаҳамият аст? Не. Яҳува моро дар асоси имонамон ба товондиҳӣ росткор мешуморад. Агар ба нархи бузурге, ки бароямон пардохта шудааст, имон орем, Яҳува қарзҳоямонро хат мезанад (Рум. 3:24; Ғал. 2:16).
18 Касоне, ки бо Исо дар осмон ҳукмронӣ мекунанд, росткор эълон шуда, фарзандони Худо номида шудаанд (Тит. 3:7; 1 Юҳ. 3:1). Яҳува гуноҳи онҳоро бахшидааст. Гӯё онҳо ҳеҷ гоҳ гуноҳе накарда бошанд ва ҳамин тавр барои подшоҳӣ дар осмон мувофиқ дониста шудаанд (Рум. 8:1, 2, 30). Дар бораи касоне, ки умеди заминӣ доранд, чӣ гуфтан мумкин? Онҳо росткор эълон шуда, дӯстони Худо ба ҳисоб мераванд ва гуноҳи онҳо низ бахшида шудааст (Яъқ. 2:21–23). Мардуми сершуморе, ки аз Ҳармаҷиддӯн мегузаранд, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шуда метавонанд (Юҳ. 11:26). «Росткорон» ва «бадкорон»-е, ки дар хоби марганд, зинда мешаванд (Кор. 24:15; Юҳ. 5:28, 29). Бо гузашти вақт ҳама хизматгорони итоаткори Яҳува дар замин «чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб мегарданд» (Рум. 8:21). Товондиҳӣ дари созишу оштиро сӯйи Падари осмониямон Яҳува батамом боз мекунад.
19. Чӣ тавр вазъияти мо беҳтар шуд? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи «Ин чӣ маъно дорад?» нигаред.)
19 Як вақтҳо вазъияти мо ба ҳамон ҷавоне монанд буд, ки мисолашро дар аввали мақола овардем. Ӯ ҳама чизро аз даст дод ва ба қарзи калоне ғӯтид, ки онро ҳеҷ гоҳ баргардонда наметавонист. Лекин, шукронаи Яҳува ки, моро аз ин вазъияти ногувор халос кард. Ӯ чораи товондиҳиро андешид ва барои халосии мо товонро пешкаш кард. Ба Исои Масеҳ имон оварда, шахс аз гуноҳу марг озод мегардад. Яҳува ҳамчунин гуноҳҳои моро мебахшад ва айбномаамонро хат мезанад. Аз ҳама муҳимаш, акнун бо Падари осмониямон Яҳува муносибати хуб дошта метавонем.
20. Аз мақолаи навбатӣ чиро мефаҳмем?
20 Ҳар вақте дар бораи корҳои Яҳува ва Исо мулоҳиза меронем, диламон лабрези сипосгузорӣ мегардад (2 Қӯр. 5:15). Бе кумаки онҳо мо ягон умед надоштем. Бахшандагии Яҳува барои ҳар яки мо чӣ аҳамият дорад? Дар мақолаи навбатӣ ин мавзуъро дида мебароем.
СУРУДИ 10 Яҳува — Худои моро, ҳамд гӯед!
a Дар баъзе забонҳо калимаи «товон» маънои «баҳои ҳаёт» ё «ҳаққи пардохт»-ро дорад.