МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 11
СУРУДИ 57 Хушхабарро ба ҳама мерасонем
Аз воизи боғайрат, Исо, ибрат гиред
«Ҳазрат... онҳоро дунафарӣ пешопеши худ ба ҳар шаҳр ва маҳалле, ки худаш рафтанӣ буд, фиристод» (ЛУҚ. 10:1).
МАҚСАД
Исо воизи боғайрат буд. Мо мефаҳмем, ки аз кадом чор ҷиҳат ба ӯ пайравӣ карда, хизматамонро беҳтар гардонем.
1. Як фарқи халқи Яҳува аз одамони ин ҷаҳон кадом аст?
ЯК ФАРҚИ халқи Яҳува аз масеҳиёни қалбакӣ ҳамин аст, ки онҳо дар хизмат боғайратандa (Тит. 2:14). Вале, шояд, баъзан завқи мавъиза карданатон суст шавад. Як пири заҳматкаши ҷамоат чунин гуфт: «Баъзан поям намекашад, ки ба хизмат равам». Шояд, ин ҳолат аз сари шумо ҳам гузаштааст.
2. Чаро баъзан дар хизмат ғайратро нигоҳ доштан душвор аст?
2 Шояд, ба мо назар ба мавъиза дигар тарзҳои хизмати муқаддас бештар маъқул бошад. Барои чӣ? Мумкин дар сохтмони биноҳои ташкилот иштирок карда, ба офатзадагон кумак карда ё бародару хоҳаронро хабар гирифта, мо натиҷаи заҳматамонро тезтар мебинем ва аз ин хурсанд мешавем. Дар чунин тарзҳои хизмат осоиштагию муҳаббат ҳукмфармост, чунки мо бо бародару хоҳаронамон ҳамкорӣ мекунем ва медонем, ки онҳо заҳмати моро қадр мекунанд. Дар хизмати мавъиза бошад, мо эҳтимол, чунин натиҷаҳои хубро намебинем. Шояд, мо солҳои зиёд хушхабарро расонда истодаем, вале одамони хеле каме ба он гӯш меандозанд. Мо боз медонем, ки бо наздик шудани анҷом одамон ба хабари мо муқобилати бештар мекунанд (Мат. 10:22). Чӣ кор кунем, ки дар хушхабарррасонӣ ғайратамон кам нашавад ва ё ҳатто зиёд гардад?
3. Дар Луқо 13:6–9 ғайрати Исо чӣ тавр тасвир ёфтааст?
3 Исо воизи боғайрат буд. Мисоли ӯро омӯхта, мо завқи хабаррасониямонро зиёд мегардонем. Аз аввал то охири хизмати заминияш ғайрати Исо кам намешуд. Баръакс, бо гузашти вақт кӯшишу заҳматҳояш чанд баробар зиёд мегашт. (Луқо 13:6–9-ро хонед.) Исо мисли боғбоне буд, ки дар давоми се сол дарахти анҷирро парвариш кард, вале он мева надод. Ӯ тахминан тӯли се сол ба яҳудиён мавъиза кард, вале аксари яҳудиён ба хабари ӯ гӯш надоданд. Чи хеле боғбон умедашро аз дарахт намеканд, Исо низ то охир баумед буд, ки одамон меваҳои нек меоранд. Ӯ завқашро дар хизмат суст намекард, балки барои ба дилашон роҳ ёфтан кӯшишу ғайраташро дучанд мегардонд.
4. Кадом чор ҷониби намунаи Исоро дида мебароем?
4 Дар ин мақола мо дар бораи ғайрати Исо сухан мегӯем, хусусан, дар бораи шаш моҳи охири хизматаш. (Аз Китоби Муқаддаси омӯзишӣ ба Луқо 10:1, ба шарҳи ибораи «пас аз ин» (рус.) нигаред.) Суханону намунаи ибратбахши Исоро омӯхта, кӯшиш мекунем аз чор ҷиҳат ба ӯ пайравӣ кунем: 1) ӯ ҳушашро ба хости Яҳува мекард, 2) ӯ ба пешгӯйии Китоби Муқаддас диққат медод, 3) ӯ ба дастгирии Яҳува такя менамуд ва 4) ӯ умед дошт, ки як кас не, як кас, ба хушхабар ҷалб мешавад.
Ӯ ҲУШАШРО БА ХОСТИ ЯҲУВА МЕКАРД
5. Аз чӣ дидан мумкин аст, ки Исо диққати асосияшро ба иҷрои хости Худо равона мекард?
5 Исо «хушхабари Подшоҳии Худоро» бо ғайрати тамом мавъиза мекард, зеро медонист, ки Яҳува аз ӯ ҳаминро мехоҳад (Луқ. 4:43). Исо мавъизаро кори асосии зиндагияш медонист. Ҳатто дар охирҳои хизматаш ӯ аз шаҳр ба шаҳр ва аз деҳа ба деҳа сафар карда, дигаронро таълим медод (Луқ. 13:22). Ғайр аз мавъиза кардан, ӯ шогирд ҳам тайёр мекард, то дар кори хабаррасонӣ дар бараш истанд (Луқ. 10:1).
6. Кадом супориш дар ташкилоти Яҳува аз ҳама муҳим аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Имрӯз ҳам Яҳува ва Исо расондани хушхабарро кори асосии мо қарор додаанд (Мат. 24:14; 28:19, 20). Ҳама корҳое, ки дар ташкилот карда мешаванд, барои хизмати мавъиза аст. Масалан, сохтани биноҳои ташкилот ва хизмати ходимони Байт-Ил барои дастгирӣ кардани кори мавъиза аст. Албатта, мо ба офатзадагон барои он ёрӣ мерасонем, ки онҳо бародару хоҳарони моянд. Вале як сабаби дигари кумакамон ин аст, то онҳо ҳар чӣ зудтар реҷаи рӯҳонии худро барқарор кунанд ва мавъиза карданро сар кунанд. Вақте мо дарк мекунем, ки кори хушхабаррасонӣ чӣ қадар муҳим аст ва дар ёд дорем, ки Яҳува онро вазифаи асосиямон медонад, завқи мо барои доим хизмат кардан зиёд мешавад. Янош, пире аз Венгрия мегӯяд: «Ман доим ба худам ёдрас мекунам, ки ҳеҷ як кори ташкилот ҷойи расондани хушхабарро гирифта наметавонад. Ин супориши асосии мост».
Имрӯз аз кори хушхабаррасонӣ дида кори муҳимтаре нест. Яҳуваю Исо мехоҳанд, ки мо маҳз бо ин кор машғул бошем (Ба сархати 6 нигаред.)
7. Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо хизматро бас накунем? (1 Тимотиюс 2:3, 4).
7 Агар мо ба одамон бо чашми Яҳува нигарем, ғайрати мо дар хизмат зиёд мешавад. Худоямон мехоҳад, ки одамони ҳар чӣ бештар хушхабарро шунаванду онро қабул кунанд. (1 Тимотиюс 2:3, 4-ро хонед.) Барои ҳамин ӯ моро таълим дода истодааст, ки дар расондани ин хабари наҷотбахш усто шавем. Масалан, дар китобчаи «Одамонро дӯст доред— Шогирд тайёр кунед» маслиҳатҳои хуб барои сар кардани суҳбат оварда шудаанд. Чунин суҳбатҳо барои шогирдсозӣ роҳ мекушоянд. Ҳатто агар одамон имрӯз хабари моро қабул накунанд, онҳо то анҷоми азоби азим чунин имконият доранд. Шояд, донае, ки имрӯз дар дили онҳо мекорем, чанде пас сабзад. Барои дидани натиҷаҳои хизматамон мо бояд мавъизаро давом диҳем.
Ӯ БА ПЕШГӮЙИИ КИТОБИ МУҚАДДАС ДИҚҚАТ МЕДОД
8. Чӣ тавр донистани пешгӯйиҳо ба Исо ёрдам мекард, ки корро дар вақташ тамом кунад?
8 Исо медонист, ки чӣ тавр баъзе пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас иҷро мешаванд. Ӯ медонист, ки хизмати заминии ӯ сею ним сол давом мекунад (Дон. 9:26, 27). Ӯ ҳамчунин медонист, ки пешгӯйиҳо дар бораи кай ва чӣ тавр мурданаш чӣ мегӯянд (Луқ. 18:31–34). Ин пешгӯйиҳоро дар ёд дошта, ӯ хизматашро дучанд мекард, то кореро, ки ба ӯ супурда шудааст, дар вақташ тамом кунад.
9. Пешгӯйиҳоро донистан чӣ тавр ғайрати моро дар хизмат дучанд мегардонад?
9 Вақте пешгӯйиҳоро меомӯзему ба ёд меорем, завқи хабаррасонӣ дар диламон ҷӯш мезанад. Мо медонем, ки вақти анҷом хеле ва хеле наздик аст. Пешгӯйии Китоби Муқаддас дар бораи замонҳои охир ба замонҳои мо як ба як рост меояд. Мо мебинем, ки душмании ҳукумати Англо-Амрико ва Русияву ҳамаҳдонаш пешгӯйии ҳамлаи подшоҳи шимолу ҷанубро иҷро мекунад, ки бояд «дар замони охир» рӯй диҳад (Дон. 11:40). Боз мо мефаҳмем, ки ҳукумати Англо-Амрико пойҳо ва ангуштони ҳайкал мебошад, ки дар Дониёл 2:43–45 тасвир шудааст. Мувофиқи пешгӯйӣ мо бовар дорем, ки дар замони хеле ва хеле наздик Подшоҳии Худо тамоми ҳукуматҳои одамиро нест мекунад. Аз ин пешгӯйиҳо маълум мешавад, ки мо дар кадом замонҳо зиндагӣ дорем. Инро дар ёд дошта, мо бо ғайрати даҳчанд барои хушхабаррасонӣ дасту остин бармезанем.
10. Боз аз кадом ҷиҳат донистани пешгӯйиҳо завқи моро дар хизмат зиёд мекунад?
10 Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ҳаяҷонбахшу зебоянд. Аз ин рӯ мо мехоҳем онҳоро ба дигарон ҳар чӣ зудтар расонем. Хоҳаре бо номи Кэрри, ки дар Ҷумҳурии Доминикано хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Яҳува дар бораи ояндаи беҳтар ваъдаҳои рӯҳбахш додааст. Ман аз таҳти дил мехоҳам онҳоро ба дигарон расонам. Вақте мушкилиҳои одамонро имрӯз мебинам, мефаҳмам, ки ин ваъдаҳо на фақат барои ман, балки барои онҳо низ фоидабахшанд». Агар пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро пеши назар дорем, мо дар хизмат сустӣ намекунем. Охир, мо дарк мекунем, ки пушти ин кори хабаррасонӣ Яҳува истодааст. Хоҳаре бо номи Лейла, ки дар Венгрия зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Пешгӯйии Ишаъё 11:6–9 маро завқ мебахшад, ки хушхабарро ба ҳама расонам, ҳатто ба касоне, ки ба назарам онро қабул кардан намехоҳанд. Ман медонам, ки бо ёрии Яҳува ҳар як инсон дигар шуда метавонад». Бародаре аз Замбия бо номи Кристофер мегӯяд: «Имрӯз пешгӯйии Марқус 13:10 иҷро шуда истодааст, хушхабар дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Аз он ки ман дар ин кори бузург саҳм гузошта метавонам, сарам ба осмон мерасад». Кадом пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас завқи хабаррасонии шуморо зиёд мекунанд?
Ӯ БА ДАСТГИРИИ ЯҲУВА ТАКЯ МЕКАРД
11. Чаро барои гум накардани ғайрат дар хушхабаррасонӣ ба Исо ёрдами Яҳува даркор буд? (Луқо 12:49, 53).
11 Исо дар хабаррасонӣ ба Яҳува такя карда, медонист, ки ӯ қуввату ғайраташ мебахшад. Исо вақти мавъиза кардан боодоб буд, лекин ҳамзамон медонист, ки аз пушти ин хабар одамон метавонанд бо мо баҳсу ҷанҷол ва ё душманӣ кунанд. (Луқо 12:49, 53-ро хонед.) Роҳбарони дин борҳо Исоро барои мавъиза карданаш куштанӣ буданд (Юҳ. 8:59; 10:31, 39). Лекин Исо расондани хушхабарро бас намекард, зеро медонист, ки Яҳува бо ӯст. Ӯ гуфт: «Ман танҳо нестам, балки Падар, ки маро фиристодааст, бо ман аст. [...] Ӯ маро танҳо нагузоштааст, зеро ман ҳамеша корҳоеро ба ҷо меорам, ки ба ӯ маъқул аст» (Юҳ. 8:16, 29).
12. Чӣ тавр Исо шогирдонашро тайёр кард, ки бо вуҷуди озору таъқибот хизматашонро давом диҳанд?
12 Исо ба шогирдонаш ёдрас кард, ки Яҳува онҳоро танҳо намемонад ва ҳатто вақти бо озор дучор шуданашон ба онҳо кумак мерасонад (Мат. 10:18–20; Луқ. 12:11, 12). Вале Исо ҳамзамон ба онҳо насиҳат дод, ки эҳтиёткор бошанд (Мат. 10:16; Луқ. 10:3). Исо гуфт, ки онҳо набояд хабарашонро зӯракӣ ба касе, ки хоҳиш надорад, расонанд (Луқ. 10:10, 11). Боз Исо ба онҳо дастур дод, ки ҳар гоҳе бо озору таъқибот дучор шаванд, гурезанд (Мат. 10:23). Исо боғайрат буд ва ба Яҳува такя менамуд, вале худро беҳудаву баҳуда дар хатар намемонд (Юҳ. 11:53, 54).
13. Чаро шумо дилпур буда метавонед, ки Яҳува кумакатон мекунад?
13 Агар хоҳем бо ғайрату истодагӣ дар баробари муқобилат хушхабарро расонем, ба мо ёрии Яҳува даркор аст (Ошкор. 12:17). Вале чаро мо дилпурем, ки Яҳува кумакамон мекунад? Дуои Исоро, ки дар Юҳанно боби 17 навишта шудааст, дида бароед. Исо аз Яҳува хоҳиш кард, ки расулонро нигаҳбонӣ кунад. Яҳува ба дуои Исо гӯш андохт. Аз китоби Корнома мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува дар озору муқобилат ба расулон қуввату ғайрат дод, то мавъиза кунанд. Дар дуояш Исо аз Яҳува як чизи дигарро низ хоҳиш кард: то ки ӯ ҳамчунин касонеро, ки ба суханони расулонаш гӯш андохта, имон меоранд, нигаҳбонӣ кунад. Пас, Исо дар ҳаққи шумо ҳам дуо гуфтааст. Яҳува то имрӯз ба дуои Исо ҷавоб дода истодааст. Ӯ шуморо низ дастгирӣ мекунад, ҳамон тавре ки расулонро кард (Юҳ. 17:11, 15, 20).
14. Мо аз куҷо медонем, ки кори хушхабаррасониро боғайратона давом дода метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
14 Ҳатто агар бо наздиктар шудани анҷом расондани хушхабар боз ҳам душвортар шавад, Яҳува ба мо кумаку ғайрати барзиёд медиҳад (Луқ. 21:12–15). Мисли Исо ва шогирдонаш мо ба одамон ихтиёр медиҳем, ки худашон интихоб кунанд: ба хушхабар гӯш медиҳанд ё не. Ҳамчунин мо аз ҷанҷолу баҳс дурӣ меҷӯем. Дар баъзе мамлакатҳо кори мавъиза манъ ё маҳдуд карда шудааст. Ҳатто дар чунин ҳолатҳо бародару хоҳарони мо аз уҳдаи хушхабаррасонӣ мебароянд, чунки на ба қуввати худ, балки ба Яҳува такя мекунанд. Мисли асри як имрӯз ҳам Яҳува ба хизматгоронаш қувват медиҳад, ки онҳо хушхабарро паҳн карда, дили ӯро шод гардонанд (2 Тим. 4:17). Шумо низ, агар ба Яҳува такя кунед, бовар дошта метавонед, ки ғайрататон дар хизмат зиёд мешаваду кам не.
Ҳатто дар ҷойҳое, ки фаъолияти мо маҳдуд аст, воизони боғайрат бо роҳҳои гуногун эҳтиёткорона хушхабарро мерасонанд (Ба сархати 14 нигаред.)b
Ӯ АЗ ОДАМОН УМЕДАШРО НАМЕКАНД
15. Аз чӣ маълум аст, ки Исо ба хизмат назари нек дошт?
15 Исо ҳама вақт ба кори мавъиза назари нек дошт. Аз ин рӯ ӯ завқашро дар хизмат доим нигоҳ медошт. Масалан, дар охирҳои соли 30-юми милодӣ Исо пай бурд, ки бисёриҳо ба шунидани хабари ӯ моиланд. Аз ин рӯ ӯ онҳоро ба киштзоре монанд кард, ки барои дарав тайёр аст (Юҳ. 4:35). Тахминан, як сол пас ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст» (Мат. 9:37, 38). Баъдтар ӯ боз ҳамин фикрро гӯшзад кард: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст... Аз Нозири дарав илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад» (Луқ. 10:2). Исо ҳаргиз фаромӯш намекард, ки шунавандагони хушхабар дар ҳама ҷо ҳастанд ва ҳар гоҳе ки ӯ чунин касонро меёфт, хурсандӣ мекард (Луқ. 10:21).
16. Чӣ тавр аз мисолҳои Исо некандеширо ба хизмат ёд гирифтан мумкин аст? (Луқо 13:18–21). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
16 Исо ба шогирдонаш мегуфт, ки ба хушхабар назари нек дошта бошанд. Ин некандешӣ оташи ғайраташонро даргирон медорад. Биёед ду мисоли ӯро дида бароем. (Луқо 13:18–21-ро хонед.) Дар як мисолаш ӯ хабари Подшоҳиро ба донаи хурди хардал монанд кард. Ӯ гуфт, ки он донаяки хурди хушхабар чунон месабзаду бузург мешавад, ки пеши роҳашро чизе гирифта наметавонад. Дар мисоли хамиртуруш ӯ фаҳмонд, ки хабари Подшоҳӣ дар ҳама ҷо паҳн мешавад ва дигаргуниҳое, ки он меорад, дарҳол намоён намешаванд. Бо ёрии ин мисолҳо ӯ ба шогирдонаш фаҳмонд, ки хушхабар ба одамони зиёде кумак мерасонад.
Мисли Исо мо ба хизматамон назари дурустро нигоҳ медорем, зеро бовар дорем, ки як кас не, як кас, ба хушхабар ҷалб мешавад (Ба сархати 16 нигаред.)
17. Аз кадом сабабҳо мо бояд ба хушхабаррасонӣ назари некро нигоҳ дорем?
17 Вақте меваҳои кори умумиҷаҳониро мебинем, оташи ғайратамон барои мавъиза баландтар месӯзад. Ҳар сол миллионҳо шавқмандон ба Шоми ёдбуд омада, бо мо Китоби Муқаддасро омӯзиш мекунанд. Мо намедонем, ки боз чанд кас ба хабари мо гӯш медиҳад, вале медонем, ки Яҳува мардуми сершуморро ҷамъ оварда истодааст. Ин мардуми сершумор аз азоби азим зинда мегузарад (Ошкор. 7:9, 14). Сардори дарав мебинад, ки ҳоло ҳам ҳосили ҷамънаоварда бисёр аст. Аз ин рӯ мо бояд мавъиза карданро давом диҳем.
18. Чӣ исбот мекунад, ки мо шогирдони Масеҳем?
18 Шогирдони Исоро ҳамеша аз рӯйи ғайраташон дар мавъиза шинохтан мумкин буд. Вақте мардум далерию ҷуръати расулонро диданд, «онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд» (Кор. 4:13). Вақте мардуми маҳалли мо хизматамонро мушоҳида кунанд, бигзор онҳо ғайрати Исоро дар мо бинанд.
СУРУДИ 64 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем
a МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар ин мақола калимаи «ғайрат» завқу ҳаваси масеҳиро дар парастиши Яҳува нишон медиҳад.
b ШАРҲИ РАСМ: Бародаре дар нуқтаи сӯзишворӣ эҳтиёткорона ба ҷавоне мавъиза мекунад.