ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • es25 саҳ. 88-97
  • Сентябр

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сентябр
  • Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Душанбе, 1 сентябр
  • Сешанбе, 2 сентябр
  • Чоршанбе, 3 сентябр
  • Панҷшанбе, 4 сентябр
  • Ҷумъа, 5 сентябр
  • Шанбе, 6 сентябр
  • Якшанбе, 7 сентябр
  • Душанбе, 8 сентябр
  • Сешанбе, 9 сентябр
  • Чоршанбе, 10 сентябр
  • Панҷшанбе, 11 сентябр
  • Ҷумъа, 12 сентябр
  • Шанбе, 13 сентябр
  • Якшанбе, 14 сентябр
  • Душанбе, 15 сентябр
  • Сешанбе, 16 сентябр
  • Чоршанбе, 17 сентябр
  • Панҷшанбе, 18 сентябр
  • Ҷумъа, 19 сентябр
  • Шанбе, 20 сентябр
  • Якшанбе, 21 сентябр
  • Душанбе, 22 сентябр
  • Сешанбе, 23 сентябр
  • Чоршанбе, 24 сентябр
  • Панҷшанбе, 25 сентябр
  • Ҷумъа, 26 сентябр
  • Шанбе, 27 сентябр
  • Якшанбе, 28 сентябр
  • Душанбе, 29 сентябр
  • Сешанбе, 30 сентябр
Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2025
es25 саҳ. 88-97

Сентябр

Душанбе, 1 сентябр

Нури саҳар аз осмон ба мо намудор мешавад (Луқ. 1:78).

Худо ба Исо қудрат додааст, ки тамоми мушкилиҳои инсониятро ҳал кунад. Бо муъҷизаҳояш Исо нишон дод, ки мушкилиҳоеро, ки ҳалли онҳо аз дасти мо намеояд, бартараф карда метавонад. Масалан, ӯ қудрат дорад сабаби мушкилиҳои одамизодро решакан кунад, яъне гуноҳ ва таъсири онро, инчунин беморӣ ва маргро (Мат. 9:1–6; Рум. 5:12, 18, 19). Муъҷизаҳои Исо исбот карданд, ки ӯ ҳар бемориро шифо дода, ҳатто мурдаро зинда карда метавонад (Мат. 4:23; Юҳ. 11:43, 44). Исо инчунин қудрат дорад, ки тӯфонҳои сахтро идора кунад ва рӯҳҳои нопокро мағлуб созад (Марқ. 4:37–39; Луқ. 8:2). Донистани он ки Яҳува ба Писараш чунин қудрати бузург додааст, рӯҳбаландкунанда мебошад. Мо дилпур буда метавонем, ки ҳамаи ваъдаҳои Яҳува дар Подшоҳии ӯ ҳатман иҷро мешаванд. Мо аз муъҷизаҳои Исо мефаҳмем, ки ӯ дар оянда чун Шоҳи Подшоҳии Худо дар миқёси бузургтар чӣ хел муъҷизаҳо мекунад. w23.04 саҳ. 3, сарх. 5–7

Сешанбе, 2 сентябр

Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто ҳикмати ниҳони Худоро маълум месозад (1 Қӯр. 2:10).

Агар шумо дар ҷамоати калон бошеду бисёр вақт барои ҷавоб додан ба шумо навбат нарасад, шояд, қарор кунед, ки дигар даст намебардоред. Лекин минбаъд низ кӯшиш кунед, ки шарҳ диҳед. Барои ҳар як вохӯрӣ якчанд шарҳ тайёр кунед. Дар ин сурат, агар шуморо дар аввалҳои вохӯрӣ напурсанд, эҳтимоли зиёд аст, ки дар давоми муҳокима имконияти ҷавоб додан пайдо шавад. Вақте ба «Бурҷи дидбонӣ» тайёрӣ мебинед, фикр кунед, ки чӣ тавр ҳар як сархат бо мавзуи мақола алоқаманд аст. Ин тавр карда дар рафти муҳокима ҷавобҳои хуб ба саратон омада метавонад. Ғайр аз ин, ба сархатҳое ҷавоб тайёр кардан мумкин аст, ки ҳақиқатҳои чуқур муҳокима мешаванд. Ба ин сархатҳо ҷавоб додан мушкилтар аст, барои ҳамин шумораи дастон, шояд, кам шавад. Лекин, агар дар давоми якчанд вохӯрӣ ҳоло ҳам шуморо напурсанд-чӣ? Пеш аз оғози вохӯрӣ ба бародаре, ки омӯзишро мегузаронад, гӯед, ки ба кадом савол ҷавоб додан мехоҳед. w23.04 саҳ. 21, 22, сарх. 9, 10

Чоршанбе, 3 сентябр

Юсуф... мувофиқи амри фариштаи Яҳува амал кард. Ӯ бо Марям хонадор шуд (Мат. 1:24).

Юсуф бо омодагӣ дастури Яҳуваро ба кор мебурд ва барои ҳамин ӯ тавонист шавҳари хуб бошад. Камаш дар се маврид Яҳува дар хусуси оилааш ба ӯ дастурот дод. Ҳар бор ӯ бечуну чаро мувофиқи роҳнамоии Яҳува амал мекард, ҳатто агар барои ин тағйироти ҷиддӣ даровардан лозим мешуд (Мат. 1:20; 2:13–15, 19–21). Ба гуфти Яҳува амал карда, Юсуф Марямро муҳофизат мекард ва дар бораи ӯ ғамхорӣ менамуд. Тасаввур кунед, ки рафтори Юсуфро дида муҳаббати Марям ва иззату ҳурмати ӯ ба ҳамсараш чӣ қадар зиёд мегашт! Шавҳарон, агар шумо низ барои ба оилаи худ ғамхорӣ кардан аз Китоби Муқаддас роҳнамоӣ ҷӯед, мисли Юсуф амал мекунед. Он гоҳ,— ҳатто агар дар ҳаётатон дигаргунӣ даровардан лозим шавад,— нишон медиҳед, ки зани худро дӯст медоред ва пайванди издивоҷатонро мустаҳкам мегардонед. Хоҳаре аз Вануату, ки зиёда аз 20 сол боз оиладор аст, мегӯяд: «Вақте шавҳарам роҳнамоии Яҳуваро ҷуста, аз рӯйи он амал мекунад, ман ӯро бештар ҳурмат мекунам. Дилам тинҷ аст ва ба қарорҳое, ки ӯ қабул мекунад, шубҳа намекунам». w23.05 саҳ. 21, сарх. 5

Панҷшанбе, 4 сентябр

Он ҷо шоҳроҳе хоҳад буд, роҳе, ки Роҳи покӣ номида мешавад (Иш. 35:8).

Исроилиёне, ки аз Бобил баргаштанд, барои Худояшон бояд «халқи муқаддас» мегаштанд (5 Мӯсо 7:6). Албатта, ин маънои онро надошт, ки барои ба даст овардани розигии Яҳува ба онҳо лозим набуд, ки ба ҳаёташон дигаргуниҳо дароранд. Аксарияти яҳудиён дар Бобил таваллуд шуданд. Аз афташ, онҳо тарзи фикрронӣ ва баъзе одатҳои бобилиёнро аз худ карда буданд. Даҳсолаҳо баъд аз он ки қисми аввали яҳудиён ба Исроил баргаштанд, ҳоким Наҳемё фаҳмид, ки кӯдакони дар Исроил таваллудшуда ҳатто забони яҳудиро аз худ накардаанд. Ӯ аз ин ба ҳайрат омад (5 Мӯсо 6:6, 7; Наҳемё 13:23, 24). Агар ин кӯдакон забонеро, ки қисми зиёди Каломи Худо бо он навишта шудааст, надонанд, пас, чӣ тавр Яҳуваро дӯст дошта, парастиш карда метавонистанд? (Эзро 10:3, 44). Ана барои ҳамин он яҳудиён бояд ба ҳаёташон дигаргунии ҷиддӣ медароварданд. Лекин ин корро дар Исроил, дар ҷое, ки ибодати пок оҳиста-оҳиста барқарор мешуд, кардан осонтар буд (Наҳемё 8:8, 9). w23.05 саҳ. 15, сарх. 6, 7

Ҷумъа, 5 сентябр

Яҳува ҳама афтодагонро даст мегирад ва ҳама хамидақоматонро рост мегардонад (Заб. 145:14).

Афсӯс ки, чи қадар хоҳиш надошта бошем ё чи қадар аз рӯйи тартиб зиндагӣ накунем, баъзан бо нокомӣ дучор мешавем. Масалан, «воқеаҳои ғайричашмдошт» вақтеро, ки барои ба мақсадамон расидан лозим аст, дуздида метавонанд (Пандгӯ 9:11). Шояд, мо бо мушкилие рӯ ба рӯ шавем, ки моро дилшикаста мегардонад ва қувватамон кам мешавад (Пнм. 24:10). Аз сабаби нокомилиямон бошад, мо хатоҳое карда метавонем, ки барои ба мақсад расидан халал мерасонанд (Рум. 7:23). Ё, мумкин, мо хаставу бемадор мешавем (Мат. 26:43). Пас, чӣ кумак мекунад, ки чунин нокомиҳоро паси сар кунем? Нокомӣ маънои онро надорад, ки шумо ба мақсадатон расида наметавонед. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки мо гаштаву баргашта ба мушкилиҳо дучор шуданамон мумкин. Вале дар он инчунин қайд мешавад, ки мо аз нав ба по хеста метавонем. Бале, вақте мо новобаста ба мушкилиҳо кӯшиш мекунем, ки ба мақсадҳоямон расем, исбот менамоем, ки розигии Яҳуваро ба даст овардан мехоҳем. Чӣ қадар хурсанд мешавад Яҳува, вақте мебинад, ки шумо ҷон канда сӯйи мақсадатон мешитобед! w23.05 саҳ. 30, сарх. 14, 15

Шанбе, 6 сентябр

Барои рама ибрат гузоред (1 Пет. 5:3).

Вақте бародарони ҷавон хизмати пешравиро интихоб мекунанд, бо одамони гуногун ҳамкорӣ карданро ёд мегиранд. Онҳо инчунин сарфакориву саришта кардани пулро меомӯзанд (Флп. 4:11–13). Баъзан барои хизмати пурравақтро сар кардан муддате ҳамчун пешрави ёвар хизмат кардан ёрӣ мерасонад. Баъзеҳо, пеш аз он ки пешрави доимӣ шаванд, муддате пешрави ёвар хизмат кардаанд. Пешрави доимӣ шудан бошад, барои шумо дарҳои нави хизмати пурравақтро мекушояд, ба монанди ходими сохтмон ё ходими Байт-Ил. Мардони масеҳӣ бояд пеши худ мақсад гузоранд, ки пири ҷамоат шуда ба бародару хоҳарони худ хизмат кунанд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар касе чунин мақсад дорад, «кори хуберо орзу мекунад» (1 Тим. 3:1). Дар аввал ӯ бояд хизматгузори ҷамоат шавад. Хизматгузорони ҷамоат ба пирон бо роҳҳои гуногун ёрӣ мерасонанд. Ҳам пирону ҳам хизматгузорони ҷамоат ба бародару хоҳаронашон хоксорона хизмат карда, дар хизмат бо шӯру шавқ иштирок мекунанд. w23.12 саҳ. 28, сарх. 14–16

Якшанбе, 7 сентябр

Вақте ҳанӯз навҷавон буд, ӯ Худои бобояш Довудро ҷустан гирифт (2 Воқ. 34:3).

Вақте Юшиёи подшоҳ наврас буд, ӯ аз пайи ҷустуҷӯйи Яҳува гашт. Ӯ ният дошт, ки Яҳува ва хосташро беҳтар фаҳмад. Лекин ҳаёти ин шоҳи ҷавон пур аз пастиву баландиҳо буд. Вақте аксарияти одамон тарафдори бутпарастӣ буданд, ӯ пуштибони парастиши пок шуд. Ҳанӯз ба синни бист нарасида, ӯ аз пайи он шуд, ки парастиши дурӯғро аз байни халқ нест кунад (2 Воқ. 34:1, 2). Бародару хоҳаракони ҷавон, шумо аз Юшиё ибрат гирифта дар бораи Яҳува ва сифатҳои зебои ӯ бисёртар фаҳмида метавонед. Дар натиҷа, дар дили шумо хоҳиши ҳаётатонро ба Яҳува бахшидан қувват мегирад. Ин қадам ба ҳаёти шумо чӣ таъсир мерасонад? Бародаре бо номи Лука, ки дар 14-солагияш таъмид гирифтааст, мегӯяд: «Аз ин рӯз иборатан хизмати Яҳува бароям дар ҷойи аввал меистад. Ман мехоҳам ҳамеша дили Яҳуваро шод гардонам» (Марқ. 12:30). Агар шумо ҳам ин хел мақсад дошта бошед, ин қадам бароятон як баракати бузург мешавад. w23.09 саҳ. 11, сарх. 12, 13

Душанбе, 8 сентябр

Касонеро, ки дар байнатон бисёр меҳнат мекунанд... ва дар хизмати Ҳазратамон шуморо роҳнамоӣ мекунанд, эҳтиром намоед (1 Тас. 5:12).

Вақте ки Павлуси расул номаашро ба таслӯникиён навишт, аз ташкил шудани ҷамоати он ҷо як сол ҳам нагузашта буд. Барои ҳамин, шояд, бародарони таъйиншудааш камтаҷриба буданду дар баъзе масъалаҳо хато мекарданд. Бо вуҷуди ин онҳо сазовори эҳтиром буданд. Ҳангоми азоби азим, мумкин, алоқаи мо бо идораи марказиву филиаламон канда шаваду мо пурра ба дастуроти пирони маҳаллӣ вобаста шавем. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки аз ҳозир дӯст доштан ва эҳтиром намудани пиронамонро ёд гирем. Биёед чизе нашавад, диққатро на ба камбудиҳои пирон, балки ба хизмати фидокоронаашон равона созем. Дар ёд доред, ки Яҳува ба воситаи Исо онҳоро барои роҳнамоӣ кардани халқаш истифода мебарад. Чи тавре ки кулоҳ сари сарбозро ҳимоя мекунад, умеди наҷот низ фикрҳои моро муҳофизат мекунад. Мо мефаҳмем, ки ҳар чизе ин ҷаҳон пешкаш мекунад, ҳеҷ аст (Флп. 3:8). Умед ба мо оромиву солимфикрӣ мебахшад. w23.06 саҳ. 11, 12, сарх. 11, 12

Сешанбе, 9 сентябр

Овози зани аблаҳ баланд аст. Ӯ сабукмағз аст (Пнм. 9:13).

Касоне, ки овози «зани аблаҳ»-ро мешунаванд, интихоб доранд, ки ба он гӯш диҳанд ё не. Сабабҳои муҳиме ҳаст, ки чаро мо бояд аз бадахлоқии ҷинсӣ дурӣ ҷӯем. «Зани аблаҳ» чунин мегӯяд: «Оби дуздӣ ширин аст» (Пнм. 9:17). Дар Китоби Муқаддас муносибати маҳрамонаи зану шавҳар ба оби софу зулол монанд карда шудааст (Пнм. 5:15–18). Ҳар кас метавонад бо ҳамсари ҳаққу ҳалолаш наздикӣ карда, хурсандӣ гирад. Набошад «оби дуздӣ» чист? Нӯшандагони «оби дуздӣ» бо касе алоқаи ҷинсӣ мекунанд, ки ҳамсарашон нест. Рафтори норавову пинҳонкоронаашон мисли дуздист. Барояшон «оби дуздӣ» ширин аст, зеро онҳо фикр мекунанд, ки ҳеҷ кас ин кори бадашонро намефаҳмад. Аммо онҳо хато мекунанд, зеро Яҳува ҳамаашро мебинад. Ҳеҷ чиз аз гум кардани розигии Яҳува талхтар нест. Ин фоҷиаи бузург ҳеҷ ҷойи ширинӣ надорад (1 Қӯр. 6:9, 10). w23.06 саҳ. 22, сарх. 7–9

Чоршанбе, 10 сентябр

Ин корро... бо ихтиёри худ накунам ҳам, ин вазифа ба уҳдаи ман гузошта шудааст (1 Қӯр. 9:17).

Агар шумо пай баред, ки дуоҳоятон рӯякиву хизмататон дилгиркунанда шудааст, чӣ кор карда метавонед? Хулоса накунед, ки рӯҳи Яҳува шуморо тарк кардааст. Мо, ки одамони нокомил ҳастем, як дам бахудему як дам бехуд. Агар ғайрататон паст шудан гирад, мисоли Павлусро ба ёд оред. Ӯ кӯшиш мекард аз ҳар ҷиҳат ба Исо пайравӣ кунад, аммо дарк менамуд, ки баъзан дар хизмат шӯру шавқи бисёр дорад, баъзан ҳавсалааш кам аст. Павлус доим аз пайи хизмат мешуд, хоҳ хушаш бошад, хоҳ не. Эҳсосоти дили нокомилатонро хӯҷаини зиндагиятон нагардонед. Азм кунед, ки дилатон кашад ё не, кори дурустро мекунед. «Иштиҳо дар таги дандон» — корро сар кунед, хоҳишу ҳавсала ҳам пайдо мешавад (1 Қӯр. 9:16). w24.03 саҳ. 11, 12, сарх. 12, 13

Панҷшанбе, 11 сентябр

Муҳаббати худро дар амал ба онҳо исбот кунед (2 Қӯр. 8:24).

Мо низ бо бародару хоҳарон дӯстӣ пайдо карда, муҳаббатамонро ба онҳо нишон дода метавонем (2 Қӯр. 6:11–13). Дар бисёр ҷамоатҳо воизоне хизмат мекунанд, ки фарҳанг, маданият ва шахсияташон гуногун аст. Вақте мо ба хислатҳои неки якдигар диққат медиҳем, муҳаббатамонро қавитар месозем. Вақте мо ба бародару хоҳарон бо чашми Яҳува нигаристанро ёд мегирем, муҳаббатамонро ба онҳо нишон медиҳем. Ҳангоми азоби азим муҳаббат доштан бароямон ҳаётан муҳим мешавад. Вақти сар задани ин воқеа мо ҳимояро аз куҷо ёбем? Бинед, ки Яҳува ба халқаш дар бораи замони ҳамла ба Бобил чӣ дастур дод: «Эй халқи ман, ба ҳуҷраҳои даруният даро ва дарро аз пасат маҳкам кун. Лаҳзае пинҳон шав, то даме ки хашми ӯ бигзарад» (Иш. 26:20). Аз афташ, ин дастури Яҳува ба замони азоби азим низ дахл дорад. w23.07 саҳ. 6, 7, сарх. 14–16

Ҷумъа, 12 сентябр

Саҳнаи ин ҷаҳон дигар шуда истодааст (1 Қӯр. 7:31).

Боандешагии мо бояд ба дигарон маълум бошад. Аз худ пурсед: «Оё одамон маро ҳамчун шахси боандеша, созгор ва пурсабр мешиносанд ё чун одами аз ҳад сахтгиру якрав? Оё ман аз дигарон талаб мекунам, ки фақат аз рӯйи хости ман амал кунанд ё баъзан гузашт карда аз рӯйи хости дигарон амал мекунам?» Ҳар қадаре аз Яҳува ва Исо ибрати бештар гирем, ҳамон қадар боандеша мешавем. Одами боандеша ба вазъият мутобиқ мешавад. Вақте ҳаётамон тағйир меёбад, мо, шояд, бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шавем, масалан, бо бемории ҷиддӣ ё бепулӣ. Ё вақте сиёсати давлатамон дигар мешавад, ҳаётамон ба куллӣ тағйир ёфта метавонад (Пандгӯ 9:11). Эҳтимол, ҳатто дигар шудани таъйинотамон бароямон озмоиш гардад. Гузоштани қадамҳои зерин ба мо кумак мекунанд, ки ба вазъият зуд мутобиқ шавем: 1) воқеъбин бошед, 2) ба оянда назар дӯзед, 3) некбин бошед ва 4) ба дигарон ёрӣ расонед. w23.07 саҳ. 21, 22, сарх. 7, 8

Шанбе, 13 сентябр

Ту шахси хеле гаронқадр ҳастӣ (Дон. 9:23).

Вақте Дониёл хеле ҷавон буд, ӯро аз ватанаш ба Бобил асир карда бурданд. Дар он ҷо ӯ ба бобилиён аз рӯйи он чӣ «ба чашм маълум аст», писанд омад. Онҳо медиданд, ки Дониёл «бенуқсону зебо» буда, аз оилаи зиёиён аст (1 Подш. 16:7). Аз ин рӯ онҳо Дониёлро таълим доданд, то бо калоншавандагон дар дарбор хизмат кунад (Дон. 1:3, 4, 6). Яҳува бошад, Дониёлро на барои намуди зоҳирӣ ва аз табақаи боло буданаш, балки барои хислатҳои хубаш дӯст медошт. Тасаввур кунед, Дониёл синнаш тахминан ба таги 20 расида буд ё каме аз он гузашта буд, лекин Яҳува ӯро аллакай дар қатори Нӯҳ ва Айюб гузошт, ки даҳсолаҳо содиқона ба Яҳува хизмат карда буданд (1 Мӯсо 5:32; 6:9, 10; Айюб 42:16, 17; Ҳиз. 14:14). Яҳува тӯли умри дарозу пурбаракати Дониёл ӯро дӯст медошт (Дон. 10:11, 19). w23.08 саҳ. 2, сарх. 1, 2

Якшанбе, 14 сентябр

Пурраву батафсил бифаҳмед, ки васеӣ, дарозӣ, баландӣ ва чуқурӣ чист (Эфс. 3:18).

Вақте хона харидан мехоҳед, шумо ба он хона рафта, ҳаматарафа бо он шинос мешавед. Вақти хондану омӯзиши Каломи Худо низ мо чунин кардан мехоҳем. Аз ин рӯ, агар онро тез-тез хонед, танҳо чизҳои асосиро — «алифбои каломи муқаддаси Худоро», мефаҳмед (Ибр. 5:12). Ин тавр шумо гӯё ин бинои бузургу васеъро аз берунаш мебинед. Вале, агар ба даруни бино дароед, яъне даруни Каломи Худо фурӯ равед, бо нозукиҳои зебояш шинос мешавед. Як роҳи хуби омӯхтани Каломи Худо пай бурдани он аст, ки чӣ тавр ҷузъҳои алоҳида дар якҷоягӣ як чизи куллро ташкил медиҳанд. Ғайр аз фаҳмидани он ки шумо ба чӣ бовар доред, саъй кунед фаҳмед, ки чаро ба он имон доред. Барои ҳаматарафа омӯхтани Каломи Худо мо бояд ҳақиқатҳои амиқи Китоби Муқаддасро омӯзем. Павлуси расул бародару хоҳарони масеҳияшро ташвиқ кард, ки дар омӯзиши Каломи Худо ҷидду ҷаҳд намоянд, то пурраву батафсил «васеӣ, дарозӣ, баландӣ ва чуқурӣ»-и ростиро бифаҳманд. Он гоҳ дарахти имони онҳо решаҳои чуқуру мустаҳкам медавонад (Эфс. 3:14–19). Мо низ бояд ба ин маслиҳат гӯш диҳем. w23.10 саҳ. 18, сарх. 1–3

Душанбе, 15 сентябр

Эй бародарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Яҳува гап мезаданд, ибрат гиред. Онҳо сабру тоқат мекарданд ва дар озмоишҳо истодагарӣ менамуданд (Яъқ. 5:10).

Китоби Муқаддас пур аз намунаҳои хизматгорони пурсабри Яҳува аст. Оё метавонед дар омӯзиши шахсиятон баъзеи онҳоро дида бароед? Масалан, Довуд аз синни кӯдакӣ барои подшоҳӣ тадҳин шуд, вале танҳо пас аз солҳои зиёд ба тахт нишаст. Шимъӯну Ҳано Масеҳи ваъдашудаи Худоро интизор шуда, ба Яҳува содиқона хизмат мекарданд (Луқ. 2:25, 36–38). Намунаи чунин хизматгорони содиқро омӯхта, ба саволҳои зерин ҷавоб кобед: «Чӣ ба вай ёрдам кард, ки тоқат кунад? Аз сабру тоқаташ ӯ чӣ фоида гирифт? Ман аз ӯ чӣ ибрат мегирам?» Дида баромадани саргузашти одамони бесабр низ фоиданок аст (1 Подш. 13:8–14). Ҳангоми омӯзиши зиндагияшон ба чунин саволҳо ҷавоб кофта метавонед: «Эҳтимол, сабаби бесабрияшон чӣ буд? Оқибати ин корашон чӣ шуд?» w23.08 саҳ. 25, сарх. 15

Сешанбе, 16 сентябр

Мо имон овардем ва медонем, ки ту Фиристодаи поки Худо ҳастӣ (Юҳ. 6:69).

Петрус марди вафодор буд, ӯ намегузошт, ки чизе ба таври доимӣ азми ӯро суст кунад. Боре Исо сухане гуфт, ки шогирдонаш ба маънои он сарфаҳм нарафтанд (Юҳ. 6:68). Бисёриҳо ба ҷойи интизор шудани маънидоди ин суханон Исоро тарк карданд. Вале Петрус бо устодаш монд. Ӯ дарк мекард, ки танҳо Исо «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» дорад. Исо медонист, ки Петрус ва дигар расулон ӯро партофта мегурезанд. Вале Исо гуфт, ки Петрус ба по мехезаду ба ӯ вафодор мемонад (Луқ. 22:31, 32). Исо дарк мекард, ки «рӯҳ бардам аст, вале ҷисм нотавон» (Марқ. 14:38). Аз ин рӯ ҳатто баъд аз он ки Петрус ӯро инкор кард, Исо аз расулаш умед наканд. Баъд аз зиндашавияш Исо бо Петрус, эҳтимол, дар танҳоӣ вохӯрду ба расули дилафсурдааш қуввати тоза бахшид (Марқ. 16:7; Луқ. 24:34; 1 Қӯр. 15:5). w23.09 саҳ. 22, сарх. 9, 10

Чоршанбе, 17 сентябр

Хушбахтанд касоне, ки ҷиноятҳояшон бахшида ва гуноҳҳояшон рӯпӯш шудаанд (Рум. 4:7).

Худо аз гуноҳҳои касоне, ки ба ӯ имон меоваранд, мегузарад ва онҳоро рӯпӯш мекунад. Ӯ гуноҳҳои чунин касонро пурра мебахшаду дигар онҳоро ба ҳисоб намегирад (Заб. 32:1, 2). Дар назари Худо чунин касон дар асоси имонашон беайб ва росткоранд. Ҳарчанд Иброҳим, Довуд ва дигар хизматгорони содиқи Яҳува росткор эълон гардида буданд, онҳо ба ҳар ҳол нокомилу гунаҳкор буданд. Вале ба сабаби имонашон Худо онҳоро беайб меҳисобид, баръакси одамоне, ки ба ӯ наздик набуданд (Эфс. 2:12). Павлуси расул дар номааш таъкид мекунад, ки барои ба Худо наздик шудан имон доштан ҳатмист. Имон ҳам барои Иброҳиму Довуд зарур буду ҳам барои мо имрӯз. w23.12 саҳ. 3, сарх. 6, 7

Панҷшанбе, 18 сентябр

Ҳамеша ба воситаи ӯ ба Худо қурбонии ҳамду сано орем, яъне самари лабҳоямонро, ки номи ӯро ба мардум эълон мекунанд (Ибр. 13:15).

Имрӯз тамоми масеҳиён соҳиби як шарафи бузург ҳастанд. Онҳо метавонанд барои пеш бурдани кори Подшоҳии Худо вақт, қувват ва дороияшонро дареғ надоранд. Беҳтарин қурбониҳоямонро ба Яҳува пешкаш карда, мо нишон медиҳем, ки имконияти парастидани ӯро қадр мекунем. Павлуси расул якчанд ҷониби парастишамонро номбар мекунад, ки ба онҳо набояд беаҳамиятӣ кунем (Ибр. 10:22–25). Масалан, дуо гуфтан ба Яҳува, дар бораи умедамон ба дигарон нақл кардан, бо аҳли ҷамоат ҷамъ шудан ва наздик шудани рӯзи Яҳуваро дида, якдигарро қувват бахшидан. Дар поёни китоби Ошкорсозӣ фариштаи Яҳува як фикрро ду бор таъкид мекунад: «Ба Худо саҷда кун» (Ошкор. 19:10; 22:9). Биёед ин ҳақиқати амиқро дар бораи ибодатгоҳи рӯҳонии бузурги Яҳува фаромӯш накунем. Мо соҳиби имконияти ноёбем! Мо метавонем Худои бузургамонро ибодат кунем. w23.10 саҳ. 29, сарх. 17, 18

Ҷумъа, 19 сентябр

Биёед якдигарро дӯст дорем (1 Юҳ. 4:7).

Мо мехоҳем пайваста «якдигарро дӯст дорем». Вале Исо огоҳ карда буд, ки «муҳаббати бисёриҳо сард мегардад» (Мат. 24:12). Исо гуфтанӣ набуд, ки дар байни шогирдонаш вабои бемеҳрӣ сар мезанад. Ӯ онҳоро огоҳ кард, ки аз таъсири одамони бемеҳру муҳаббати гирду атрофашон эҳтиёт шаванд. Пас, чӣ тавр санҷем, ки меҳру муҳаббати мо ба бародару хоҳарон ҳанӯз қавӣ аст? Як роҳи санҷидани қувватнокии муҳаббатамон мушоҳида кардани рафторамон дар вазъиятҳои гуногун аст (2 Қӯр. 8:8). Барои мисол, сифати муҳаббати моро камбудиҳо ё сустиҳои дигарон озмуда метавонанд. Петруси расул гуфта буд: «Пеш аз ҳама якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред, зеро муҳаббат гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад» (1 Пет. 4:8). w23.11 саҳ. 10, 11, сарх. 12, 13

Шанбе, 20 сентябр

Якдигарро дӯст доред (Юҳ. 13:34).

Мо наметавонем ба амри Исо дар бораи дӯст доштани дигарон пурра гӯш диҳем, агар дар ҷамоат ба баъзеҳо муҳаббат нишон диҳему ба баъзе не. Албатта, мо низ мисли Исо ба баъзе одамон назар ба дигарон наздиктар буда метавонем (Юҳ. 13:23; 20:2). Вале Петруси расул ба мо ёдрас мекунад, ки бародардӯстӣ дошта бошем, яъне меҳри гарму самимӣ нисбати тамоми аъзои оилаи рӯҳониямон (1 Пет. 2:17). Петрус моро ташвиқ мекунад: «Якдигарро аз сидқи дил дӯст доред» (1 Пет. 1:22). «Аз сидқи дил дӯст» доштан ин ҷо маънои онро дорад, ки бо меҳре, ки табиатан дорем, қонеъ нашуда, онро нашъунамо диҳем. Масалан, агар бародаре моро бо ягон кораш хафа кунад, шояд, хоҳиши аввали мо муҳаббат нишон додан неву қасд гирифтан бошад. Вале Петрус аз Исо омӯхт, ки қасд гирифтан ба Худо маъқул нест (Юҳ. 18:10, 11). Петрус навиштааст: «Дар ивази бадӣ бадӣ ё дар ивази дашном дашном накунед. Баръакс, барои дигарон баракат хоҳед» (1 Пет. 3:9). Биёед аз рӯйи муҳаббате, ки аз сидқи дил мебарояд, амал намоему бо дигарон меҳрубону хушмуомила бошем. w23.09 саҳ. 28, 29, сарх. 9–11

Якшанбе, 21 сентябр

Занон низ бояд... андозашинос ва аз ҳар ҷиҳат ба Худо вафодор бошанд (1 Тим. 3:11).

Аз он ки чӣ хел кӯдак тез ба воя мерасад, кас ба ҳайрат меояд. Ин худ аз худ рӯй медиҳад. Аммо барои он ки шахс масеҳии баркамол шавад, кӯшиш дар талаб аст (1 Қӯр. 13:11; Ибр. 6:1). Барои ба ин мақсад расидан кас бояд дӯстии қавӣ бо Яҳува дошта бошад. Барои ин ба ӯ дастгирии рӯҳи муқаддас даркор аст, то сифатҳои писанди Худоро инкишоф диҳад, баъзе касбу ҳунарро ёд гирад ва барои масъулиятҳои ояндаро ба дӯш гирифтан тайёр шавад (Пнм. 1:5). Яҳува одамонро марду зан офаридааст ва онҳо на фақат аз ҷиҳати ҷисмонӣ фарқ мекунанд (1 Мӯсо 1:27). Яҳува марду занро тавре офаридааст, ки ҳар кадомаш нақши муайянеро иҷро кунад. Аз ин рӯ барои иҷро кардани супоришҳояшон ба онҳо сифату қобилиятҳои гуногун даркор аст (1 Мӯсо 2:18). w23.12 саҳ. 18, сарх. 1, 2

Душанбе, 22 сентябр

Аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас таъмид диҳед (Мат. 28:19).

Исо мехост, ки дигарон номи Худоро ба забон гиранд. Аз афташ, баъзе роҳбарони дини он замон мегуфтанд, ки номи Худо муқаддас асту онро набояд ба забон гирифт. Аммо Исо ин қоидаҳоро, ки зидди Навиштаҳо буданд, писанд намекард. Ӯ аз ҷалол додани номи Падараш даҳон намебаст. Биёед воқеаеро ба ёд орем, ки Исо марди девзадаеро дар минтақаи Ҷаризим шифо дода буд. Мардум ба тарс омада, аз Исо хоҳиш карданд, ки равад. Аз ин рӯ ӯ дар он минтақа намонд (Марқ. 5:16, 17). Аммо Исо ба ҳар ҳол мехост, ки номи Яҳува дар он ҷо шуҳрат ёбад. Барои ҳамин ӯ ба марди шифоёфта таъйин кард, ки ба одамон на дар бораи он чӣ Исо кардааст, балки дар бораи он гап занад, ки Яҳува барояш чӣ кардааст (Марқ. 5:19). Исо имрӯз низ ҳаминро мехоҳад — ӯ мехоҳад, ки дар тамоми ҷаҳон номи Падараш паҳн шавад (Мат. 24:14; 28:20). Вақте мо низ дар ин кор саҳми худро мегузорем, Шоҳамон Исоро шод мегардонем. w24.02 саҳ. 10, сарх. 10

Сешанбе, 23 сентябр

Ту... аз барои номи ман бисёр чизҳоро аз сар гузарондаӣ (Ошкор. 2:3).

Дар ин рӯзҳои ноороми охирзамон қисми ташкилоти Яҳува будан баракати нотакрор аст. Аҳволи ҷаҳон рӯз ба рӯз бадтар мешавад, аммо Яҳува ба мо оилаи бузурги тифоқи бародару хоҳаронро ато кардааст (Заб. 133:1). Яҳува ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар оила муносибатҳои хуб дошта бошем ва хираду дарк ато мекунад, то осоиштагии дарунӣ дошта бошем (Эфс. 5:33–6:1). Бо вуҷуди тамоми ин баракатҳо гоҳе бароямон содиқона ба Яҳува хизмат кардан душвор аст. Чаро? Чунки мо баъзан аз нокомилии дигарон хафа шуда метавонем. Гоҳе моро камбудиҳои худамон ҳам зиқ мекунанд, хусусан агар ҳамон як хатоҳоро гаштаю баргашта такрор кунем. Лекин мо ноумед намешавем ва мехоҳем ҳатто дар мавридҳои зерин устувор монем: 1) вақте ҳамимоне моро хафа мекунад, 2) вақте мо аз рафтори ҳамсарамон ғамгин мешавем ва 3) вақте мо аз рафтори худамон зиқ мешавем. w24.03 саҳ. 14, сарх. 1, 2

Чоршанбе, 24 сентябр

Чӣ қадар пешравие накарда бошем, биёед минбаъд низ пеш равем (Флп. 3:16).

Мумкин, шумо як-як дар бораи бародару хоҳароне шунавед, ки ҳаракат карданд доираи хизматашонро васеъ кунанд. Шояд, онҳо ба Мактаби воизони хушхабар рафтанд ё, шояд, ба минтақаи воизталаб кӯчиданд. Агар шумо чунин мақсад монда тавонед, ҳатман онро гузоред. Шавқи хизмат дар дили халқи Яҳува ҷӯш мезанад (Кор. 16:9). Вале, агар айни ҳол ин кор аз дастатон наояд-чӣ? Фикр накунед, ки шумо аз дигарон камтару пасттаред. Мақсади масеҳиён дар дави ҳаёт аз дигарон пеш шудан не, балки то охир давида, ба марра расидан аст (Мат. 10:22). Қуввату тавони худро бо чашми кам набинед, он дар чашми Яҳува арзиши зиёд дорад. Саҳми худро дар хизмати Яҳува дареғ надошта, шумо баъд аз таъмид Исоро пайравӣ мекунед (Заб. 26:1). w24.03 саҳ. 10, сарх. 11

Панҷшанбе, 25 сентябр

Ӯ ҳамаи хатоҳоямонро бо меҳрубонӣ бахшид (Қӯл. 2:13).

Падари осмониямон ваъда медиҳад, ки, агар тавба кунем, моро мебахшад (Заб. 86:5). Аз ин рӯ, агар аз гуноҳҳоямон аз самими қалб пушаймон бошем, ба сухани Яҳува бовар карда метавонем, ки ӯ моро бахшидааст. Агар мо фикр кунем, ки кӯшишҳоямон барои соҳиб шудани ризои Яҳува басанда нестанд, бояд аз чунин андешаронӣ халос шавем. Инро чӣ тавр кунем? Дар ёд доред, ки Яҳува ҳамаро бо як ҷадвал чен намекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз мо чизи аз қувватамон берунро наметалабад. Ҳар гоҳе мо хизмати ӯро бо тамоми дилу ҷон ба ҷо орем, ӯ инро қадр мекунад. Яке аз шахсоне, ки қувваташро барои хизмати Яҳува дареғ намедошт, Павлус буд. Ӯ солҳои зиёд ғайрату заҳмати зиёде нишон дода, ҳазорҳо километрро тай мекарду ҷамоатҳои бисёреро бунёд мегузошт. Вале, вақте вазъияташ дигар шуду иштирокаш дар хизмати мавъиза маҳдуд гашт, ӯ аз ризои Худо маҳрум шуд? Не. Ӯ чизе аз дасташ меомад, мекард, Яҳува бошад, ӯро баракат медод (Кор. 28:30, 31). Мо ҳам вобаста ба вазъият, шояд, дар хизмати Яҳува гоҳе бештар карда тавонему гоҳе камтар. Вале бояд дар ёд дошт, ки барои Яҳува дилу нияти мо муҳим аст. w24.03 саҳ. 27, сарх. 7, 9

Ҷумъа, 26 сентябр

Саҳарии барвақт... [Исо] ба ҷойи беодаме рафт ва дар он ҷо дуо гуфт (Марқ. 1:35).

Исо бо дуоҳои худ ба пайравонаш намуна гузошт. Дар давоми хизмати худ ӯ тез-тез дуо мегуфт. Ба Исо лозим буд, ки барои дуо гуфтан вақт ҷудо кунад, зеро ӯ аксар вақт банд ва дар иҳотаи мардуми бисёр буд (Марқ. 6:31, 45, 46). Исо саҳари барвақт мехест, то дар танҳоӣ дуо гӯяд. Боре, пеш аз баровардани қарори муҳим, ӯ шаби дароз дуо гуфт (Луқ. 6:12, 13). Инчунин шаби пеш аз маргаш, ҳангоми ба ҷо овардани ҷиҳати душвортарини таъйиноти заминии худ, ӯ пайваста дуо гуфт (Мат. 26:39, 42, 44). Аз намунаи Исо мо мефаҳмем, ки чи қадаре серкор набошем, барои дуо гуфтан бояд вақт ҷудо кунем. Мисли Исо, шояд, ба мо низ лозим шавад, ки барои дуо гуфтан саҳар барвақттар хезем ё ин ки шаб дертар хоб равем. Ин тавр карда мо ба Яҳува нишон медиҳем, ки имконияти дуо гуфтанро қадр мекунем. w23.05 саҳ. 3, сарх. 4, 5

Шанбе, 27 сентябр

Худо ба воситаи рӯҳи муқаддас, ки ба мо додааст, дилҳоямонро лабрези муҳаббаташ кардааст (Рум. 5:5).

Яҳува ҳамчунин муҳаббаташро ба тадҳиншудагон баён мекунад. Ба калимаи «лабрез» диққат диҳед. Як маълумотнома мегӯяд, ки ин калима маънои «мисли ҷӯйбор рехтани чизе»-ро дорад. Яҳува оби фаровони муҳаббаташро бар сари тадҳиншудагон мерезад. Тадҳиншудагон медонанд, ки Худо онҳоро дӯст медорад (Яҳд. 1). Юҳаннои расул бо суханони зеринаш маҳз ҳамин фикрро таъкид намуд: «Бубинед, то чӣ андоза муҳаббати Падар ба мо бузург аст, ки ӯ моро фарзандони худ номидааст» (1 Юҳ. 3:1). Оё Яҳува фақат тадҳиншудагонро дӯст медорад? Не, Яҳува исбот намудааст, ки ҳар яки моро дӯст медорад. Бузургтарин далели муҳаббати Яҳува чист? Товон. Он баландтарин зинаи муҳаббат дар тамоми коинот мебошад (Юҳ. 3:16; Рум. 5:8). w24.01 саҳ. 28, сарх. 9, 10

Якшанбе, 28 сентябр

Рӯзе ки туро бихонам, душманонам ақиб мегарданд. Ман дилпурам, ки Худо бо ман аст (Заб. 56:9).

Дар ин оят як роҳи дигаре навишта шудааст, ки чӣ тавр Довуд бар тарсҳояш ғолиб меомад. Ҳарчанд ҳаёти ӯ дар хатар буд, ӯ дар бораи он фикр мекард, ки Яҳува дар ҳаққаш дар оянда чӣ кор мекунад. Довуд медонист, ки Яҳува ӯро дар вақти даркорӣ наҷот медиҳад. Охир, Яҳува ба Довуд ваъда дода буд, ки ӯ подшоҳи навбатии Исроил мешавад (1 Подш. 16:1, 13). Дар назари Довуд ҳама ваъдаҳои Яҳува гӯё аллакай иҷро шуда буданд. Мо интизор нестем, ки Яҳува аз пеши роҳамон тамоми душвориҳоро бардорад. Вале дар ин замон чӣ сахтиҳое ба сарамон наоянд, Яҳува дар дунёи нав онҳоро бартараф мекунад (Иш. 25:7–9). Офаридгори пурқудратамон метавонад одамонро зинда кунад, моро шифо диҳад ва тухми бадкоронро пок созад (1 Юҳ. 4:4). w24.01 саҳ. 6, сарх. 12, 13

Душанбе, 29 сентябр

Хушбахт аст касе, ки ҷинояташ бахшида ва гуноҳаш рӯпӯш шудааст (Заб. 32:1).

Дар бораи бахшидани худ ба Яҳува ва таъмидатон мулоҳиза кунед. Чаро шумо ин қадамҳоро гузоштед? Зеро мехостед тарафдори Яҳува бошед. Ба ёд оред: чаро шумо дилпур гаштед, ки ростиро пайдо кардед? Вақте дар бораи Яҳува дониш гирифтед, муҳаббат ва эҳтироми шумо ба Падари осмониятон зиёд гашт. Бо гузашти вақт имонатон мустаҳкам шуда, аз гуноҳҳои пештараатон пушаймон шудед. Корҳоеро, ки Яҳува аз онҳо нафрат дорад, бас кардеду мувофиқи хости Худо амал мекардед. Вақте фаҳмидед, ки Яҳува аз гуноҳатон гузаштааст, аз китфатон бори вазнине афтид (Заб. 32:2). Шумо ба вохӯриҳо меомадед ва дар бораи чизҳои аҷоибе, ки фаҳмидед, ба дигарон нақл мекардед. Баъд худро ба Яҳува бахшидеду таъмид гирифтед. Акнун шумо бо роҳи ҳаёт равонаед ва азм доред, ки аз ин роҳ дур намешавед (Мат. 7:13, 14). Бигзор устувор буда, ба Яҳува вафодор ва ба амрҳояш итоаткор монед. w23.07 саҳ. 17, сарх. 14; саҳ. 19, сарх. 19

Сешанбе, 30 сентябр

Худо амину бовафо аст ва ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ васваса шавед, балки дар вақти васваса ёрӣ медиҳад, ки истодагарӣ кунед (1 Қӯр. 10:13).

Дар бораи дуои бахшидани худ ба Яҳува андеша ронед. Он гоҳ зӯратон барои рад кардани тамоми васвасаҳо мерасад. Барои мисол, оё шумо ба бародар ё хоҳари оиладоре таваҷҷуҳи ношоиста нишон медиҳед? Албатта, не! Шумо аллакай пешакӣ азм кардед, ки аз ин корҳо парҳез мекунед. Ҳамин тавр шумо интизор намешавед, ки ҳиссиётҳои нопок дар дилатон реша медавонанду танҳо баъд бо азоби сахт онҳоро решакан кардан мегиред. Шумо аз «пайраҳаи бадкорон» канорагирӣ мекунед (Пнм. 4:14, 15). Ба ёд овардани мисоли Исо азми шуморо ҳам қавӣ мегардонад. Модоме ки ҳаётатонро ба Яҳува бахшидаед, шумо мехоҳед ҳар чизи ба ӯ номаъқулро ҳамон сония рад кунед (Мат. 4:10; Юҳ. 8:29). Озмоишу васвасаҳо имкони исботи онанд, ки мо дар пайравӣ кардани Исо чӣ қадар азм дорем. Дар ёд доред, ки дар чунин лаҳзаҳо Яҳува ҳамроҳи мост. w24.03 саҳ. 9, 10, сарх. 8–10

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан