ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • es25 саҳ. 98-108
  • Октябр

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Октябр
  • Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Чоршанбе, 1 октябр
  • Панҷшанбе, 2 октябр
  • Ҷумъа, 3 октябр
  • Шанбе, 4 октябр
  • Якшанбе, 5 октябр
  • Душанбе, 6 октябр
  • Сешанбе, 7 октябр
  • Чоршанбе, 8 октябр
  • Панҷшанбе, 9 октябр
  • Ҷумъа, 10 октябр
  • Шанбе, 11 октябр
  • Якшанбе, 12 октябр
  • Душанбе, 13 октябр
  • Сешанбе, 14 октябр
  • Чоршанбе, 15 октябр
  • Панҷшанбе, 16 октябр
  • Ҷумъа, 17 октябр
  • Шанбе, 18 октябр
  • Якшанбе, 19 октябр
  • Душанбе, 20 октябр
  • Сешанбе, 21 октябр
  • Чоршанбе, 22 октябр
  • Панҷшанбе, 23 октябр
  • Ҷумъа, 24 октябр
  • Шанбе, 25 октябр
  • Якшанбе, 26 октябр
  • Душанбе, 27 октябр
  • Сешанбе, 28 октябр
  • Чоршанбе, 29 октябр
  • Панҷшанбе, 30 октябр
  • Ҷумъа, 31 октябр
Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо — 2025
es25 саҳ. 98-108

Октябр

Чоршанбе, 1 октябр

Хираде, ки аз болост.. фармонбардор [аст] (Яъқ. 3:17).

Ба шумо итоат кардан душвор аст? Агар ҳа, шумо танҳо нестед. Шоҳ Довуд, ҳарчанд Яҳуваро сахт дӯст медошт, барояш фармонбардор будан ҳама вақт осон набуд. Аз ин рӯ ба Яҳува дуо гуфт: «Диламро ба итоат моил гардон» (Заб. 51:12). Чаро барои одамон фармонбардор будан ин қадар душвор аст? Якум, мо майли беитоатиро мерос гирифтаем. Дуюм, Шайтон, ки бар зидди Яҳува баромада буд, доимо кӯшиш мекунад, ки моро аз пайи худ кашад (2 Қӯр. 11:3). Сеюм, мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки дар исёнкорӣ ғӯтидааст. Онро рӯҳе фаро гирифтааст, ки «дар беитоатон амал мекунад» (Эфс. 2:2). Барои ҳамин мо бояд ҷон канда ҳам бо майлҳои гунаҳкоронаамон мубориза барем, ҳам худро аз Иблис ва ҷаҳони ӯ ҳимоя намоем. Мо бояд бо тамоми қувват кӯшиш кунем, ки ба Яҳува ва касоне, ки ӯ ҳокимияташон додааст, фармонбардор бошем. w23.10 саҳ. 6, сарх. 1

Панҷшанбе, 2 октябр

Ту... шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ (Юҳ. 2:10).

Мо аз муъҷизаи Исо, ки обро ба шароб табдил дод, чӣ таълим мегирем? Мо аз ӯ фурӯтаниро меомӯзем. Исо баъди муъҷизааш худро таъриф накард. Дар асл, ӯ ҳеҷ гоҳ барои корҳояш худро таъриф намекард. Баръакс, Исо фурӯтанона ҳамаи ҷалолро ба Падараш равона месохт (Юҳ. 5:19, 30; 8:28). Агар мо низ аз ӯ ибрат гирифта, фурӯтаниро пеша кунем, барои комёбиҳоямон худро таъриф намекунем. Пас, биёед бо худ неву бо Худои бузургамон, ки хизмат кардан ба Ӯ шараф аст, фахр кунем (Ирм. 9:23, 24). Биёед ҳамаи ҷалолро ба Яҳува равона созем, зеро ӯ ба ин сазовор аст. Охир, кумаки Яҳува набошад, ягон кор аз дастамон намеояд (1 Қӯр. 1:26–31). Мо фурӯтаниро пеша карда, барои некиҳое, ки барои дигарон мекунем, худро таъриф намекунем. Ба мо бас аст, ки Яҳува корҳои моро мебинад ва қадр мекунад (Бо Матто 6:2–4 муқоиса кунед; Ибр. 13:16). Бешубҳа, вақте мо аз Исо ибрат гирифта, фурӯтанӣ нишон медиҳем, Яҳува хурсанд мешавад (1 Пет. 5:6). w23.04 саҳ. 4, сарх. 9; саҳ. 5, сарх. 11, 12

Ҷумъа, 3 октябр

На танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед (Флп. 2:4).

Павлуси расул зери илҳоми Худо масеҳиёни асри якро насиҳат кард, ки дар бораи фоидаи дигарон фикр кунанд. Чӣ тавр мо ин маслиҳатро дар вохӯриҳо ба кор бурда метавонем? Донед, ки дигарон ҳам мисли мо шарҳ додан мехоҳанд. Як андеша кунед. Мисол, вақте бо дӯстонатон суҳбат мекунед, оё асосан худатон гап мезанед? Не, албатта. Шумо мехоҳед, ки онҳо низ дар суҳбат иштирок кунанд. Ба ҳамин монанд, дар вохӯриҳоямон мо мехоҳем, ки шумораи ҳар чӣ бештари одамон дар муҳокима иштирок кунанд. Дар асл, вақте мо ба бародару хоҳарон имкон медиҳем, ки бо шарҳҳои худ имонашонро нишон диҳанд, ин яке аз роҳҳои беҳтарин барои рӯҳбаланд кардани онҳо мебошад (1 Қӯр. 10:24). Барои ҳамин биёед шарҳҳои кӯтоҳ диҳем, то ки дигарон низ дар муҳокима иштирок кунанд. Ҳатто агар шарҳҳоямон кӯтоҳ бошанд, мо набояд ҳамаи фикрҳои сархатро қайд намоем. Агар дар ҷавобамон ҳар як фикри сархатро гуфта гузарем, ягон кас дигар чизе илова карда наметавонад. w23.04 саҳ. 22, 23, сарх. 11–13

Шанбе, 4 октябр

Ҳамаи инро ман ба хотири хушхабар мекунам, то онро ба дигарон расонам (1 Қӯр. 9:23).

Мо бояд ба дигарон кумак карданро фаромӯш насозем, хусусан ба воситаи мавъиза. Мо мекӯшем дар хизмат ба вазъият мутобиқ шавем, зеро бо одамоне вомехӯрем, ки эътиқод, рӯҳия ва тарбияву маданияташон гуногун аст. Павлуси расул ба вазъият мутобиқ мешуд ва мо бояд аз ӯ ибрат гирем. Исо ӯро «расули халқҳои дигар» таъйин карда буд (Рум. 11:13). Аз ин рӯ Павлус ба яҳудиҳо, юнониҳо, шахсони хондаву нохонда ва ба калоншавандагону подшоҳон мавъиза мекард. Павлус «барои ҳар навъ одамон ҳар чиз» мешуд, то дили онҳоро ёбад (1 Қӯр. 9:19–22). Ӯ маданияту тарбия ва эътиқоди шунавандагонашро ба назар гирифта, ба дили онҳо роҳ меёфт. Мо низ, агар ниёзҳои шунавандагонамонро ба назар гирифта пешниҳодамонро ба онҳо мувофиқ созем, дар хизмат пурсамар мегардем. w23.07 саҳ. 23, сарх. 11, 12

Якшанбе, 5 октябр

Бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон бошад (2 Тим. 2:24).

Мулоимӣ нишонаи қувват аст, на сустӣ. Барои дар вазъияти душвор истодагӣ кардан ба мо иродаи қавӣ даркор аст. Мулоимӣ як қисми «самари рӯҳ» мебошад (Ғал. 5:22, 23; поварақ). Калимаи юноние, ки «мулоимӣ» тарҷума шудааст, баъзан барои тасвир кардани аспи ёбоие истифода мешуд, ки ром карда шудааст. Лаҳзае чунин аспро тасаввур кунед. Он ором ва ҳамзамон бақувват аст. Мо ҳам мулоимиро инкишоф дода, бақувваттар мешавем. Лекин бо зӯри худамон мо аз уҳдаи ин кор баромада наметавонем. Барои нашъунамо додани ин сифати зебо бояд аз Худоямон рӯҳи муқаддас пурсем. Саргузашти бисёр Шоҳидони Яҳува нишон медиҳад, ки ин имконпазир аст. Вақте мухолифон онҳоро ба дом афтонданӣ мешуданд, хушмуомилагии бисёр Шоҳидон аз чашми атрофиён пӯшида намемонд (2 Тим. 2:24, 25). w23.09 саҳ. 15, сарх. 3

Душанбе, 6 октябр

Ман... дуо гуфта будам ва Яҳува дуои маро мустаҷоб гардонд (1 Подш. 1:27).

Дар рӯъёи ҳаяҷонбахше Юҳаннои расул 24 пирро дар осмон дид, ки Яҳуваро парастиш мекарданд. Онҳо Худоро васфу ситоиш карда мегуфтанд, ки ӯ сазовор аст «ҷалол, иззат ва қудрат» ёбад (Ошкор. 4:10, 11). Фариштагони бовафо низ барои Яҳуваро ҷалол дода иззат намудан сабабҳои бисёр доранд. Азбаски онҳо дар осмон бо Худоянд, ӯро нағз мешиносанд. Онҳо корҳои Офаридгорро мушоҳида намуда хислатҳои Ӯро баръало мебинанд. Амалҳои ӯ фариштаҳоро ба ваҷд меоранд ва онҳо ӯро ҷалол медиҳанд (Айюб 38:4–7). Мо низ мехоҳем дар дуоҳои худ Яҳуваро ҷалол диҳем. Барои ин метавонем ба ӯ гӯем, ки кадом хислатҳояш ба мо маъқуланд ва чаро мо ӯро иззат мекунем. Ҳангоми хондан ва омӯзиши Китоби Муқаддас кӯшиш кунед он хислатҳои Яҳуваро мушоҳида кунед, ки ба шумо махсусан маъқуланд (Айюб 37:23; Рум. 11:33). Сипас ба ӯ гӯед, ки оиди ин хислатҳои ӯ мулоҳиза ронда шумо чӣ ҳис мекунед. Мо инчунин Яҳуваро барои ҳамаи корҳое, ки баҳри мову бародару хоҳарон мекунад, ҷалол дода метавонем (1 Подш. 2:1, 2). w23.05 саҳ. 3, 4, сарх. 6, 7

Сешанбе, 7 октябр

Рафторатон шоистаи хизматгорони Яҳува бошад (Қӯл. 1:10).

Соли 1919 халқи Худо аз чанголи Бобили бузург халос шуд. Он сол «ғуломи бовариноку боандеша» ба миён омада, кору фаъолияташро сар кард, то одамони самимӣ бо «Роҳи покӣ» раҳсипор шаванд (Мат. 24:45–47; Иш. 35:8). Ба шарофати корҳое, ки дар гузашта иҷро шуданд, одамон ба ин шоҳроҳ қадам ниҳода, дар бораи ниятҳои Яҳува бештар фаҳмида метавонистанд (Пнм. 4:18). Онҳо ҳамчунин метавонистанд ҳаёташонро ба меъёрҳои ӯ мувофиқ созанд. Оё Яҳува интизор буд, ки халқаш яку якбора ба ҳаёташон дигаргунӣ дароранд? Не, ӯ халқашро оҳиста-оҳиста поку муқаддас мегардонд. Вақте бо ҳамаи корҳои худ ба Худоямон писанд меоем, чӣ қадар хушбахт хоҳем буд. Ҳар як роҳро пайваста таъмир кардан лозим аст. Ба ин монанд, корҳое, ки соли 1919 дар «Роҳи покӣ» оғоз шуда буданд, то ҳол давом доранд, то шумораи ҳарчи бештари одамон тавонанд аз Бобили бузург берун оянд. w23.05 саҳ. 17, сарх. 15, 16

Чоршанбе, 8 октябр

Туро ҳеҷ гоҳ намепартоям (Ибр. 13:5).

Ҳайати роҳбарикунанда шахсан ёрдамчиёнашро барои кумак дар кумитаҳои гуногуни Ҳайати роҳбарикунанда таълим медиҳад. Худи ҳозир ин ёрдамчиёни содиқ бори калони масъулиятро бар дӯш доранд. Онҳо барои ғамхорӣ кардан ба гӯсфандони Масеҳ тайёранд. Вақте бақияи тадҳиншудагон ҳангоми ба охир расидани азоби азим ба осмон бурда шаванд, парастиши пок дар рӯйи замин идома меёбад. Парастандагони Худо бе роҳбар намемонанд, Исои Масеҳ онҳоро роҳнамоӣ мекунад. Мо медонем, ки Ҷуҷ аз замини Маҷуҷ, ки иттиҳоди халқҳоро ташкил медиҳад, ба мо ҳамла меорад (Ҳиз. 38:18–20). Вале ин ҳамлааш барор намеёбад. Он халқи Худоро аз парастидани Яҳува бознамедорад. Ӯ халқашро ҳатман раҳо мекунад! Дар рӯъёяш Юҳаннои расул «мардуми сершумореро» дид, ки аз гӯсфандони дигари Масеҳ иборат буданд. Ба Юҳанно гуфта шуд, ки «мардуми сершумор» «аз азоби азим» мегузаранд (Ошкор. 7:9, 14). Чуноне ки мебинем, Яҳува онҳоро ҳимоя мекунад. w24.02 саҳ. 5, 6, сарх. 13, 14

Панҷшанбе, 9 октябр

Оташи рӯҳро хомӯш насозед (1 Тас. 5:19).

Чӣ кор кунем, ки рӯҳи муқаддас дошта бошем? Барои ин мо бояд дуо гӯем, Китоби Муқаддасро омӯзем ва ба ташкилоти Яҳува, ки рӯҳи ӯ дар он аст, часпем. Агар доим дар чунин муҳити рӯҳонӣ бошем, «самари рӯҳ» дар диламон сабзидан мегирад (Ғал. 5:22, 23). Яҳува рӯҳи муқаддасашро танҳо ба одамони покдилу покрафтор медиҳад. Барои ҳамин, агар мо дари диламонро барои фикрҳои ифлос кушоему ба корҳои бад даст занем, Яҳува ин атои покашро аз мо мегирад (1 Тас. 4:7, 8). Барои он ки рӯҳи муқаддас аз мо дур нашавад, бояд «ба пешгӯйиҳо беаҳамиятӣ» накунем (1 Тас. 5:20). Яке аз чунин «пешгӯйиҳо»-и муҳим, ки Худо ба воситаи рӯҳи муқаддасаш медиҳад, хабар дар бораи рӯзи Яҳува ва рӯзҳои охир мебошад. Мо набояд бепарво шуда, фикр кунем, ки Ҳармаҷиддӯн дар замони мо намеояд. Баръакс, бо рафтори поку худотарсиямон нишон диҳем, ки он рӯзро дар ёд дорем (2 Пет. 3:11, 12). w23.06 саҳ. 12, сарх. 13, 14

Ҷумъа, 10 октябр

Тарс аз Яҳува оғози хирад аст (Пнм. 9:10).

Агар дар таҷҳизоти электрониятон расми порнографӣ пайдо шавад, чӣ кор бояд кунед? Онро дарҳол аз пеши назаратон дур кунед. Чӣ дар ин ба мо ёрӣ мерасонад? Агар ба ёд биёрем, ки чизи бароямон аз ҳама пурқимат дӯстӣ бо Яҳува аст. Баъзан ҳатто расмҳое, ки порнография нестанд, шахсро ба бадахлоқӣ тела дода метавонанд. Мо бояд онҳоро низ тамошо накунем, чунки намехоҳем ҳатто дар дил як қадам ба зино наздик шавем (Мат. 5:28, 29). Дэвид ном пири ҷамоате аз Таиланд мегӯяд: «Ман ҳамеша аз худ мепурсам: “Расмҳое, ки тамошо мекунам, шояд, порнография набошанд, лекин, агар онҳоро тамошо кардан гирам, ба Яҳува маъқул мешавад?” Чунин мулоҳизаронӣ ба ман кумак мекунад, ки аз рӯйи хирад амал кунам». Агар мо аз ранҷондани дили Яҳува тарсем ва ин тарсро парвариш диҳем, хирад ёрамон мешавад, зеро «тарс аз Яҳува оғоз»-у бунёди «хирад аст». w23.06 саҳ. 23, сарх. 12, 13

Шанбе, 11 октябр

Эй халқи ман, ба ҳуҷраҳои даруният даро (Иш. 26:20).

«Ҳуҷраҳои дарунӣ», ки ин ҷо гап дар бораашон меравад, шояд, ба ҷамоатҳои мо ишора кунанд. Аз ин рӯ дар азоби азим барои соҳиби ҳимояву пуштибонии Яҳува шудан мо бояд ба бародару хоҳаронамон пайвандем. Пас, биёед имрӯз барои инкишоф додани муҳаббат тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то он замон на фақат бародару хоҳаронро тоқат кунем, балки онҳоро дӯст дорем. Зинда мондани мо ба ҳамин вобаста аст. «Рӯзи бузурги Яҳува» бар сари сокинони замин балоҳои бисёре меорад (Саф. 1:14, 15). Ин вақт барои халқи Яҳува ҳам осон намешавад. Вале, агар мо ҳозир тайёрӣ бинем, дар оянда ором монда ба дигарон ёрдам карда метавонем. Тайёрии имрӯз дар оянда ба мо чӣ фоида меорад? Мо ба душвориҳое, ки дар оянда меоянд, истодагӣ мекунем, ба бародару хоҳаронамон аз ҳамдардӣ дасти ёрӣ дароз мекунем ва, азбаски аллакай дӯст доштани якдигарро таълим гирифтаем, муҳаббатро аз ҳамимонон дареғ намедорем. Он гоҳ Яҳува ба мо ҳаёти ҷовидониро мукофот медиҳад ва мо дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки аз азобу офатҳо дар он осоре нест (Иш. 65:17). w23.07 саҳ. 7, сарх. 16, 17

Якшанбе, 12 октябр

[Яҳува] шуморо устувору қавӣ мегардонад ва побарҷо мегузорад (1 Пет. 5:10).

Дар Каломи Худо одамони боимон ҳамчун шахсони пурқувват тасвир ёфтаанд. Вале ҳатто бақувваттарини онҳо баъзан худро суст ҳис мекарданд. Масалан, Довуд баъзан мегуфт, ки «мисли кӯҳ устуворам», вале баъзан иқрор шуда мегуфт, ки «ҳаросон шудам» (Заб. 30:7). Шимшӯн бошад, вақте рӯҳи муқаддас ба ӯ таъсир мекард, қуввати фавқулода пайдо менамуд. Вале ӯ дарк мекард, ки сарчашмаи қувваташ Яҳува аст ва бе он «суст шуда мисли ҳамаи одамони дигар» мегардад (Дов. 14:5, 6; 16:17). Ин хизматгорони бовафои Худо худ ба худ зӯр набуданд, балки аз Яҳува қувват мегирифтанд. Павлуси расул низ дарк мекард, ки ба қувваи Яҳува ниёз дорад (2 Қӯр. 12:9, 10). Мисли бисёре аз мо Павлусро саломатияш ғам медод (Ғал. 4:13, 14). Илова бар ин, барояш кардани кори дуруст на ҳамеша осон буд (Рум. 7:18, 19). Гоҳ-гоҳ ӯро ташвишҳои зиндагӣ азоб медоданд, дар баъзе ҳолатҳо ӯ ҳатто намедонист, ки зинда мемонад ё не (2 Қӯр. 1:8, 9). Аммо, вақте Павлус суст буд, ӯ пурқувват буд. Ин чӣ маъно дорад? Вақте Павлус беҷону нотавон буд, Яҳува ба ӯ қувваи лозима медод. Ӯ Павлусро пурзӯр мегардонд. w23.10 саҳ. 12, сарх. 1, 2

Душанбе, 13 октябр

Яҳува бошад, дилро мебинад (1 Подш. 16:7).

Ҳар гоҳе худро беарзишу ночиз ҳисобем, бояд ба ёд орем, ки Яҳува моро сӯйи худ ҷалб кардааст (Юҳ. 6:44). Ӯ дар мо як чизи хуберо мебинад, ки мо худамон намебинем. Ӯ дили моро медонад (2 Воқ. 6:30). Аз ин рӯ, вақте Яҳува мегӯяд, ки барояш пурарзишем, бояд ба суханаш бовар кунем (1 Юҳ. 3:19, 20). Пеш аз шинохтани ростӣ мо корҳое кардаем, ки виҷдонамон ҳатто имрӯз барои онҳо азобамон медиҳад (1 Пет. 4:3). Бояд гуфт, ки масеҳиёни содиқ низ бо майлҳои гунаҳкорона мубориза мебаранд. Оё ба ин сабаб дилатон шуморо маҳкум мекунад? Агар ҳа, донед, ки хизматгорони содиқи Яҳува низ бо чунин ҳиссиёт мубориза мебурданд. Масалан, Павлуси расул дар бораи айбу камбудиҳои пештарааш фикр карда, сахт ғамгин мешуд (Рум. 7:24). Ҳарчанд ӯ аз гуноҳҳояш тавба карда, таъмид гирифта буд, худро «камтарини расулон» ва «бадтарини гунаҳкорон» меҳисобид (1 Қӯр. 15:9; 1 Тим. 1:15). w24.03 саҳ. 27, сарх. 5, 6

Сешанбе, 14 октябр

Онҳо хонаи Яҳува, Худои бобоёнашонро, тарк карда[нд] (2 Воқ. 24:18).

Мо чӣ тавр хатои шоҳ Еҳуошро такрор накунем? Дӯстонеро интихоб кунед, ки ба шумо таъсири хуб мерасонанд, дӯстонеро, ки Яҳуваро дӯст медоранду дар пайи шод гардондани дили ӯ мебошанд. Шарт нест, ки дӯстонатон ҳамсоли шумо бошанд. Дар ёд доред, дӯсти Еҳуош, Еҳуёдо, аз ӯ хеле калон буд. Барои фаҳмидани он ки дӯстонатон чӣ гуна инсонанд, аз худ пурсед: «Оё дӯстӣ бо онҳо бовариямро ба Яҳува зиёд мекунад? Оё дӯстонам маро даъват мекунанд, ки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунам? Ба онҳо дар бораи Яҳува ва мавзуъҳои рӯҳонӣ гап задан маъқул аст? Оё онҳо меъёрҳои Яҳуваро эҳтиром мекунанд? Оё онҳо ба ман гапҳои табъи диламро мегӯянд ё вақте хато мекунам, рӯирост ислоҳ мекунанд?» (Пнм. 27:5, 6, 17). Рости гап, агар дӯстонатон Яҳуваро дӯст надоранд, онҳо ба шумо даркор нестанд. Лекин, агар Яҳуваро дӯст доранд, ба онҳо маҳкам часпед, зеро аз дӯстӣ бо онҳо фоидаи зиёд мегиред (Пнм. 13:20). w23.09 саҳ. 9, 10, сарх. 6, 7

Чоршанбе, 15 октябр

Ман Алфа ва Омега ҳастам (Ошкор. 1:8).

Алфа аввалин ҳарф дар алифбои юнонӣ мебошад ва омега бошад, охирин ҳарф. «Алфа ва Омега» гуфта, Яҳува нишон медиҳад, ки, агар ӯ барои иҷрои коре миён бандад, онро то охир мебарад. Баъди офаридани Одаму Ҳавво Яҳува ба онҳо гуфт: “Серфарзанду сершумор шавед ва заминро пур кунед ва онро соҳибӣ намоед”» (1 Мӯсо 1:28). Он вақт Яҳува гӯё «Алфа» гуфт. Ӯ аниқ фаҳмонд, ки нияти ӯ чист: бо гузашти вақт насли комилу итоаткори Одаму Ҳавво заминро пур карда, ба биҳишт табдил медиҳанд. Вақте ин амалӣ мегардад, Яҳува гӯё «Омега» мегӯяд. Яҳува инро баъди «офариниши осмону замин ва ҳар он чӣ дар онҳо буд», кафолат дод. Бо ин роҳ Худо кафолат дод, ки дар охири ин рӯз ҳар чизеро, ки ният карда буд, амалӣ мегардонад (1 Мӯсо 2:1–3). w23.11 саҳ. 5, сарх. 13, 14

Панҷшанбе, 16 октябр

Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Барои Худои мо дар дашт шоҳроҳи росту ҳамворе бисозед (Иш. 40:3).

Сафар аз Бобил ба Исроил хеле душвор буд ва тақрибан чор моҳро дар бар гирифта метавонист. Лекин Яҳува ваъда дод, ки ҳамаи монеаҳоро бартараф мекунад. Яҳудиёни содиқ медонистанд, ки ба Исроил баргаштани онҳо аз ҳар қурбоние, ки мекунанд, болотар меистад. Баракати бузургтарин бо ибодати онҳо алоқаманд буд. Дар Бобил ягон ибодатгоҳи Яҳува вуҷуд надошт. Исроилиён на қурбонгоҳе доштанд, ки мувофиқи Шариати Мӯсо қурбонӣ оварда метавонистанд ва на тартиботе, ки коҳинон қурбониҳо пешкаш мекарданд. Ғайр аз ин, халқи Худо дар байни бутпарастон, мардону заноне зиндагӣ мекарданд, ки Яҳува ва меъёрҳояшро писанд намекарданд. Барои ҳамин ҳазорҳо яҳудиёни худотарс бесаброна интизор буданд, ки ба ватанашон баргашта, ибодати покро барқарор намоянд. w23.05 саҳ. 14, 15, сарх. 3, 4

Ҷумъа, 17 октябр

Чун фарзандони нур рафтор кунед (Эфс. 5:8).

Барои «чун фарзандони нур рафтор» кардан ба мо рӯҳи муқаддаси Худо даркор аст. Барои чӣ? Дар ин дунёи ифлос покдоман будан хеле душвор аст (1 Тас. 4:3–5, 7, 8). Бо ёрии рӯҳи муқаддас метавонем бо фикрронии ин ҷаҳон мубориза барем ва фалсафаву сафсатаҳоеро, ки зидди фикрронии Худоянд, рад кунем. Ғайр аз ин, бо мадади рӯҳи Худо мо самаре меорем, ки «аз ҳар гуна некуӣ, росткорӣ ва рафтори дуруст иборат аст» (Эфс. 5:9). Як роҳи гирифтани рӯҳи муқаддас онро пурсидан аст. Исо гуфт, ки Яҳува рӯҳашро «ба онҳое, ки аз ӯ мепурсанд», медиҳад (Луқ. 11:13). Вақте мо дар ҷамъомадҳои масеҳӣ Яҳуваро якҷоя ситоиш мекунем, рӯҳи муқаддас мегирем (Эфс. 5:19, 20). Таъсири неки рӯҳи илоҳӣ рафтори моро писанди Худо мегардонад. w24.03 саҳ. 23, 24, сарх. 13–15

Шанбе, 18 октябр

Биталабед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва меёбед, дарро тақ-тақ кунед ва он ба рӯятон кушода мешавад (Луқ. 11:9).

Оё ба шумо сабри бештар даркор аст? Агар ҳа, дар ин бора дуо гӯед. Сабр як қисми самари рӯҳи Худост (Ғал. 5:22, 23). Аз ин рӯ мо аз Худо рӯҳи покашро пурсида, хоҳиш карда метавонем, ки дар инкишофи самараш ба мо ёрдам диҳад. Агар зери озмоише ҳис кунем, ки косаи сабрамон ана-мана лабрез мешавад, барои тоқатро нигоҳ доштан аз Яҳува гаштаву баргашта рӯҳи муқаддас пурсида метавонем (Луқ. 11:13). Дар вазъияти душвор мо аз Яҳува биноии рӯҳонӣ пурсида метавонем, то масъаларо бо чашми пурхиради ӯ бинем. Пайваста дуо гуфтаю машқи пуртоқатӣ карда, мо сабрамонро обутоб медиҳему дар пурсабрӣ моҳир мешавем.Ҳамчунин мулоҳиза дар бораи намунаҳои Китоби Муқаддас кумак мекунад. Дар Китоби Муқаддас бисёр мисолҳои одамони пурсабр оварда шудааст. Дар бораи ин намунаҳо андеша карда, мо роҳҳои гуногуни босабр буданро ёд мегирем. w23.08 саҳ. 22, сарх. 10, 11

Якшанбе, 19 октябр

Қаиқро ба ҷойи чуқуртар бирон (Луқ. 5:4).

Исо Петруси расулро дилпур кард, ки Яҳува рӯзидеҳу мададгори ӯст. Вақте зинда шуд, Исо муъҷиза карда, Петрусу дигар расулонашро бо моҳӣ таъмин намуд (Юҳ. 21:4–6). Ин, бешак, ба Петрус ёдрас кард, ки Яҳува ҳар чизи лозимаро ба осонӣ ба ӯ дода метавонад. Эҳтимол, баъд аз ин муъҷиза Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки, агар шахс «пеш аз ҳама аз пайи Подшоҳии Худо» бошад, чизҳои дигарро Яҳува ба ӯ медиҳад (Мат. 6:33). Аз ин рӯ Петрус на моҳигириро, балки хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаёташ монд. Дар Пантикости соли 33-юм Петрус шаҳодати далерона дода, ба ҳазорон нафар ёрӣ расонд, ки хушхабарро қабул кунанд (Кор. 2:14, 37–41). Ҳамчунин бо ёрии ӯ баъдтар сомариён ва ғайрияҳудиён пайрави Масеҳ гаштанд (Кор. 8:14–17; 10:44–48). Бо ёрии Яҳува Петрус дар кори Подшоҳӣ саҳми бузурге гузошт ва бисёриҳоро ба ҷамоати масеҳӣ ҷалб кард. w23.09 саҳ. 20, сарх. 1; саҳ. 23, сарх. 11

Душанбе, 20 октябр

Агар хобро ба ман нагӯед ва таъбири онро ба ман маълум насозед, шуморо пора-пора мекунанд (Дон. 2:5).

Одамони далер ҳам баъзан метарсанд, лекин тарс онҳоро аз кардани кори дуруст бознамедорад. Дониёл ҷавони хеле далер буд. Биёед ду мавридеро бинем, ки чӣ тавр ӯ ин хислатро зоҳир намуд. Якум, аз афташ, ду сол пас аз Ерусалимро валангор кардани бобилиён Набукаднесари подшоҳи Бобил дар хобаш ҳайкали калонеро диду беқарор гашт. Шоҳ аз донишмандон талаб кард, ки хоб ва таъбири онро ба ӯ маълум созанд, вагарна ҳамаи онҳоро, аз ҷумла Дониёлро, ба қатл мерасонад (Дон. 2:3–5). Дониёл зуд амал кард, зеро ҷони бисёр касон дар хатар буд. Ӯ «омада, аз подшоҳ илтимос кард, ки ба вай вақт диҳад, то таъбири хобро ба подшоҳ бигӯяд» (Дон. 2:16). Барои ин ба Дониёл далерӣ ва имон даркор буд, зеро дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки пеш аз ин Дониёл хоберо таъбир карда бошад. Ӯ аз ҳамроҳонаш хоҳиш кард, «то онҳо ба Худои осмон дуо гӯянд, ки бар онҳо раҳм намояд ва ин сирро ба онҳо ошкор кунад» (Дон. 2:18). Яҳува ба дуоҳои Дониёлу дӯстонаш ҷавоб дод ва бо кумаки Худо Дониёл хоби Набукаднесарро таъбир кард. Ҳамин тавр ӯ ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони дигаронро аз марг раҳо намуд. w23.08 саҳ. 3, сарх. 4

Сешанбе, 21 октябр

Ҳар кӣ то охир истодагӣ кунад, наҷот меёбад (Мат. 24:13).

Дар бораи фоидаи пурсабрӣ фикр кунед. Дили пурсабр шоду беғам аст. Сабру тоқат асабҳоямонро орому танамонро сиҳат нигоҳ медорад. Вақте бо дигарон босабрем, муносибатамон бо онҳо беҳтар мешавад, дар ҷамоат ягонагӣ ҳукмфармо мегардад. Вақте касе ба асабамон расад, зуд хашм намегирем ва ба оташи нофаҳмӣ равған намерезем (Заб. 37:8, поварақ; Пнм. 14:29). Вале сабаби аз ҳама муҳим он аст, ки бо ин корамон мо ба Падари осмониямон пайравӣ намуда, ба ӯ наздик мешавем. Доруи сабр хеле фоидабахш асту либоси сабр зебандаи ҳар як масеҳӣ. Дар оянда, албатта, вазъиятҳое мешаванд, ки сабрамон камӣ мекунад, вале бо ёрии Яҳува метавонем ин сифати зеборо дар худ дучанд созем. Биёед интизору нигарони дунёи нав бошем ва дилпур бошем, ки «чашми Яҳува бар тарсгоронаш аст, бар онҳое, ки меҳру вафояшро нигаронанд» (Заб. 33:18). Биёед ҳамаамон ҳар рӯз ҷомаи сабрро бар тан кунем. w23.08 саҳ. 22, сарх. 7; саҳ. 25, сарх. 16, 17

Чоршанбе, 22 октябр

Имон низ, агар амал надошта бошад, мурда аст (Яъқ. 2:17).

Яъқуб сипас гуфт, ки ҳатто агар шахс даъвои имондорӣ кунад, нишонаҳои имон дар рафтораш дида намешавад (Яъқ. 2:1–5, 9). Яъқуб ҳамчунин дар бораи шахсе мегӯяд, ки бародар ё хоҳари ба либос ё хӯрок муҳтоҷро мебинаду дасти ёрӣ дароз намекунад. Ҳатто агар чунин шахс даъво кунад, ки имон дорад, ин дар рафтораш дида намешавад ва имони ӯ беҳуда аст (Яъқ. 2:14–16). Яъқуб мисоли касеро меорад, ки имонаш дар амал маълум мешавад, мисоли Роҳобро (Яъқ. 2:25, 26). Роҳоб дар бораи Яҳува шунида буд ва медонист, ки ӯ исроилиёнро дастгирӣ мекунад (Юшаъ 2:9–11). Аз ин рӯ ӯ дар амал имон зоҳир карда, ду ҷосуси исроилиро аз хатари марг наҷот дод. Дар натиҷа ин зани ғайриисроилӣ, ҳарчанд нокомил буд, мисли Иброҳим росткор шумурда шуд. Мисоли ӯ нишон медиҳад, ки рафтори кас бояд гувоҳи имонаш бошад. w23.12 саҳ. 5, 6, сарх. 12, 13

Панҷшанбе, 23 октябр

Бигзор шумо реша давонед ва бар таҳкурсии мустаҳкам бино ёбед (Эфс. 3:17).

Мо, масеҳиён, намехоҳем бо дониши рӯякии Каломи Худо қаноат кунем. Бо ёрии рӯҳи муқаддаси Яҳува мо мехоҳем ба «ҳикмати ниҳони Худо» назар дӯзем (1 Қӯр. 2:9, 10). Оё метавонед лоиҳаи омӯзишиеро сар кунед, ки шуморо ба Яҳува наздиктар гардонад? Шумо метавонед дар бораи он омӯзед, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта ба хизматгоронаш муҳаббат нишон медод ва чӣ тавр имрӯз ба шумо нишон медиҳад. Шумо метавонед бо парастиши пок дар Исроили қадим шинос шавед ва онро бо парастиши пок дар замони масеҳиёни имрӯз муқоиса кунед. Як лоиҳаи дигар дақиқомӯзӣ кардани пешгӯйиҳо дар бораи Исо ва иҷро шудани онҳо ҳангоми хизмати заминияш мебошад. Ин мавзуъҳои шавқоварро шумо бо ёрии «Индекси адабиёти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ё «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» омӯхта метавонед. Китоби Муқаддасро таҳкобӣ карда, имонатон бақувват мешаваду шумо «дониши Худоро ба даст» меоред (Пнм. 2:4, 5). w23.10 саҳ. 18, 19, сарх. 3–5

Ҷумъа, 24 октябр

Пеш аз ҳама якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред, зеро муҳаббат гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад (1 Пет. 4:8).

Биёед ба суханони Петруси расул бодиққат назар кунем. Дар аввали ояти 8 ӯ мегӯяд, ки «якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред». Иборае, ки дар ин ҷо «аз дилу ҷон» тарҷума шудааст, дар матни асл маънои «кашидашуда ё ёзондашуда»-ро дорад. Дар давоми оят гуфта мешавад, ки муҳаббати мо чунон сахт бошад, ки гуноҳҳои бародару хоҳаронро рӯпӯш кунад. Мисоле меорем. Тасаввур кунед, ки шумо матои ёзандаеро аз ду тарафаш мекашеду мекашед, он меёзаду меёзад ва паҳн мешавад, ба дараҷае, ки як гуноҳ не, балки «гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш» карда метавонад. Ҳамон тавре ки пораи матоъ метавонад доғро рӯпӯш кунад, муҳаббат низ сустиҳову камбудиҳои дигаронро мепӯшонад. Муҳаббати мо ба бародару хоҳарон бояд чунон қавӣ бошад, ки айбу хатои онҳоро бахшида тавонем. Баъзан ин кор хеле мушкил аст (Қӯл. 3:13). Агар мо бахшидани дигаронро нағз аз худ кунем, нишон медиҳем, ки муҳаббати қавӣ дорему дили Яҳуваро ёфтан мехоҳем. w23.11 саҳ. 11, 12, сарх. 13–15

Шанбе, 25 октябр

Шофони котиб... аз он китоб ба подшоҳ хонд (2 Воқ. 34:18).

Вақте шоҳ Юшиё ба воя расид, ӯ таъмири ибодатгоҳро сар кард. Вақти таъмир «китоби Тавроти Яҳуваро, ки ба воситаи Мӯсо дода шуд», пайдо карданд. Вақте онро хонданд, ӯ дарҳол мувофиқи суханони он амал кард (2 Воқ. 34:14, 19–21). Оё шумо ҳам Китоби Муқаддасро мунтазам хондан мехоҳед? Агар сар карда бошед, пешравиятон чӣ хел аст? Оё рӯйхати оятҳои дӯстдоштаатонро доред? Вақте Юшиё тақрибан 39-сола буд, ӯ як хатое кард, ки ҳаёташро барбод дод. Ӯ Яҳуваро ҷӯё нашуда, аз пеши худ кор кард (2 Воқ. 35:20–25). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Чанд соле надошта бошем ё чӣ қадаре Китоби Муқаддасро наомӯхта бошем, мо бояд ҳамеша фикри Яҳуваро ҷӯё бошем. Барои ин аз Яҳува доим роҳнамоӣ пурсем, Каломи ӯро омӯзем ва ба маслиҳати масеҳиёни баркамол гӯш диҳем. Он гоҳ пеши роҳи бисёр хатоҳои ҷиддиро мегирему роҳи шодию хурсандиро мекушоем (Яъқ. 1:25). w23.09 саҳ. 12, сарх. 15, 16

Якшанбе, 26 октябр

Худо зидди ҳавобаландон аст, лекин ба хоксорон лутф мекунад (Яъқ. 4:6).

Дар Китоби Муқаддас намунаи барҷастаи бисёр занони худодӯсту худопараст оварда мешавад. Онҳо «андозашинос ва аз ҳар ҷиҳат ба Худо вафодор» буданд (1 Тим. 3:11). Ғайр аз намунаҳои Китоби Муқаддас, ҷавондухтарон дар ҷамоаташон хоҳарони баркамолеро ёфта метавонанд, ки рафторашон шоистаи пайравӣ аст. Хоҳарони ҷавон, оё шумо якчанд хоҳари баркамолеро мешиносед, ки аз онҳо ибрат гирифта метавонед? Кадом сифатҳои хубашон ба шумо маъқул аст? Чӣ тавр шумо низ ин сифатҳоро нишон дода метавонед? Яке аз хислатҳои масеҳии пухта хоксорӣ мебошад. Агар зан хоксору фурӯтан бошад, ҳам ба Яҳува маъқул мешавад, ҳам ба дигарон. Зани хоксору яҳувадӯст ба қоидаи сарварӣ, ки Падари осмонияш ҷорӣ кардааст, итоат мекунад (1 Қӯр. 11:3). Ин қоида ҳам дар оила амал мекунад, ҳам дар ҷамоат. w23.12 саҳ. 18, 19, сарх. 3–5

Душанбе, 27 октябр

Шавҳарон низ бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд (Эфс. 5:28).

Яҳува мехоҳад, ки шавҳар зани худро дӯст дорад ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ ва рӯҳонӣ ба ӯ ғамхорӣ намояд. Инкишоф додани хирад, эҳтиром кардани занон, ҳалолкор будан ба шумо кумак мерасонанд, ки ҳамсари хуб бошед. Баъди оиладор шудан, шояд, шумо соҳиби фарзанд шавед. Барои падари хуб шудан шумо аз Яҳува дарсҳои бисёре гирифта метавонед (Эфс. 6:4). Яҳува ба фарзандаш, Исо, кушодаву рӯирост гуфт, ки ӯро дӯст медорад ва аз ӯ розист (Мат. 3:17). Агар шумо падар шавед, ба фарзандонатон зуд-зуд гӯед, ки онҳоро дӯст медоред. Ҳар боре ягон кори хуб мекунанд, таърифатонро аз онҳо дареғ надоред. Падароне, ки аз намунаи Яҳува таълим мегиранд, ба фарзандонашон кумак мекунанд, ки занону мардони пухтаи масеҳӣ шаванд. Чӣ тавр шумо барои падар ва шавҳари хуб шудан аз ҳозир тайёрӣ дида метавонед? Агар ба аҳли оила ва ҷамоататон муҳаббату ғамхорӣ нишон диҳеду онҳоро таъриф кунед (Юҳ. 15:9). w23.12 саҳ. 28, 29, сарх. 17, 18

Сешанбе, 28 октябр

[Яҳува] тинҷиву осудагии замони туст (Иш. 33:6).

Мо хизматгорони содиқи Яҳува дар қатори дигар одамон дучори нохушиву мушкилиҳо мешавем. Ҳамчунин бар сари мо аз тарафи душманони халқи Худо озору ранҷ омада метавонад. Ҳарчанд Яҳува тамоми хорҳои азиятро аз пеши роҳамон тоза намекунад, ӯ ба мо ваъда медиҳад, ки дар сахтиҳо мададгорамон мешавад (Иш. 41:10). Бо ёрии Яҳува мо дар тангтарин ҳолатҳо ба Худоямон вафодор мемонем, қарорҳои дуруст мекунем ва диламонро шоду осуда нигоҳ медорем. Яҳува ба мо ваъда додааст, ки осоиштагии худро медиҳад (Флп. 4:6, 7). Ин осоиштагӣ майнаи осуда ва дили беғам аст, ки аз дӯстии пурқиматамон бо Яҳува сар мезанад. Ин осоиштагӣ «аз ҳар фикр болотар аст». Зӯри инсон барои фаҳмидани бузургию аҷоибии он намерасад. Оё ягон бор Яҳуваро зора зада, баъд аз он худро орому сабук ҳис кардаед? Ана ҳамин «осоиштагии Худо» аст. w24.01 саҳ. 20, сарх. 2; саҳ. 21, сарх. 4

Чоршанбе, 29 октябр

Эй ҷонам, Яҳуваро ситоиш намо, эй тамоми ҳастиям, номи покашро васф бикун (Заб. 103:1).

Аз муҳаббат ба Худо хизматгорони боимонаш аз таҳти дил номи ӯро васфу ситоиш мекунанд. Довуд дарк мекард, ки ситоиш кардани номи Яҳува ситоиш кардани худи ӯ мебошад. Вақте номи Яҳуваро ба забон мегирем, обрӯйи неки ӯ ва тамоми сифатҳои зебову амалҳои нотакрораш ба ёдамон меояд. Довуд покии номи Яҳуваро дарк мекарду онро ситоиш кардан мехост. Ӯ мехост ин корро бо тамоми ҳастияш, бо тамоми вуҷудаш кунад. Левизодагон низ дар ситоиш кардани Яҳува дигаронро раҳнамоӣ мекарданд. Онҳо бо хоксорӣ тан мегирифтанд, ки забонашон дар васф кардани номи поки Яҳува нотавон аст (Наҳемё 9:5.) Бешак, чунин ситоиши хоксоронаву самимӣ ба Яҳува хуш меомад. w24.02 саҳ. 9, сарх. 6

Панҷшанбе, 30 октябр

Чӣ қадар пешравие накарда бошем, биёед минбаъд низ пеш равем (Флп. 3:16).

Агар шумо ба мақсаде, ки бароятон зӯрӣ мекунад, нарасед, Яҳува шуморо ноуҳдабаро ҳисоб намекунад (2 Қӯр. 8:12). Аз нокомиҳои худ дарс гиред. Дастовардҳои худро дар ёд доред. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Худо беинсоф нест, ки [меҳнататонро]... аз ёд барорад» (Ибр. 6:10). Шумо низ, корҳоеро, ки анҷом додед, фаромӯш накунед. Ба ёд оред, ки ба кадом мақсадҳо аллакай расидед, масалан, бо Яҳува дӯстӣ пайдо кардед, дар бораи ӯ ба дигарон шаҳодат доданро сар кардед ё таъмид гирифтед. Чи хеле дар гузашта ҳаракат карда ба мақсадҳои рӯҳониатон расида будед, ҳоло низ кӯшиш карданро давом диҳед. Бо ёрии Яҳува шумо ба мақсадҳои рӯҳониатон расида метавонед. Дар роҳ сӯйи мақсадҳоятон дасти Яҳува ва баракатҳояшро пай баред, ин кумак мекунад, ки аз ин сафари худ лаззат баред (2 Қӯр. 4:7). Агар таслим нашавед, соҳиби баракатҳои аз ин ҳам бузургтар мешавед (Ғал. 6:9). w23.05 саҳ. 31, сарх. 16–18

Ҷумъа, 31 октябр

Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки маро дӯст доштед ва бовар кардед, ки аз ҷониби Худо омадаам (Юҳ. 16:27).

Яҳува зуд-зуд нишон медиҳад, ки аз хизматгорони дӯстдоштааш розист. Мувофиқи Навиштаҳо Яҳува ба Писари азизаш, Исо, ду бор гуфт, ки аз ӯ розист (Мат. 3:17; 17:5). Оё шумо низ аз даҳони Яҳува баёни розигияшро шунидан мехоҳед? Имрӯз мо ба маънои асл овози Яҳуваро намешунавем, вале ӯ аз саҳифаҳои Каломаш бо мо сухан мегӯяд. Вақте мо суханони Исоро аз Хушхабар мехонем, «мешунавем», ки чӣ тавр Яҳува розигияшро баён мекунад. Мо акси комили сифатҳои Яҳуваро дар шахсияти Исо мебинем. Вақте мо мехонем, ки Исо розигияшро ба шогирдони содиқ, вале нокомилаш баён мекунад, тасаввур карда метавонем, ки Яҳува чунин суханонро ба мо гуфта истодааст (Юҳ. 15:9, 15). Озмоишҳо нишонаи он нестанд, ки мо ризои Худоро аз даст додаем. Онҳо имконияти исбот кардани дараҷаи муҳаббату бовариямон ба Яҳува мебошанд (Яъқ. 1:12). Вақте Яҳува дар озмоишҳо ба мо қуввату тобоварӣ медиҳад, мо муҳаббату ғамхорияшро ҳис мекунем. w24.03 саҳ. 28, сарх. 10, 11

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан