Сешанбе, 2 сентябр
Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто ҳикмати ниҳони Худоро маълум месозад (1 Қӯр. 2:10).
Агар шумо дар ҷамоати калон бошеду бисёр вақт барои ҷавоб додан ба шумо навбат нарасад, шояд, қарор кунед, ки дигар даст намебардоред. Лекин минбаъд низ кӯшиш кунед, ки шарҳ диҳед. Барои ҳар як вохӯрӣ якчанд шарҳ тайёр кунед. Дар ин сурат, агар шуморо дар аввалҳои вохӯрӣ напурсанд, эҳтимоли зиёд аст, ки дар давоми муҳокима имконияти ҷавоб додан пайдо шавад. Вақте ба «Бурҷи дидбонӣ» тайёрӣ мебинед, фикр кунед, ки чӣ тавр ҳар як сархат бо мавзуи мақола алоқаманд аст. Ин тавр карда дар рафти муҳокима ҷавобҳои хуб ба саратон омада метавонад. Ғайр аз ин, ба сархатҳое ҷавоб тайёр кардан мумкин аст, ки ҳақиқатҳои чуқур муҳокима мешаванд. Ба ин сархатҳо ҷавоб додан мушкилтар аст, барои ҳамин шумораи дастон, шояд, кам шавад. Лекин, агар дар давоми якчанд вохӯрӣ ҳоло ҳам шуморо напурсанд-чӣ? Пеш аз оғози вохӯрӣ ба бародаре, ки омӯзишро мегузаронад, гӯед, ки ба кадом савол ҷавоб додан мехоҳед. w23.04 саҳ. 21, 22, сарх. 9, 10
Чоршанбе, 3 сентябр
Юсуф... мувофиқи амри фариштаи Яҳува амал кард. Ӯ бо Марям хонадор шуд (Мат. 1:24).
Юсуф бо омодагӣ дастури Яҳуваро ба кор мебурд ва барои ҳамин ӯ тавонист шавҳари хуб бошад. Камаш дар се маврид Яҳува дар хусуси оилааш ба ӯ дастурот дод. Ҳар бор ӯ бечуну чаро мувофиқи роҳнамоии Яҳува амал мекард, ҳатто агар барои ин тағйироти ҷиддӣ даровардан лозим мешуд (Мат. 1:20; 2:13–15, 19–21). Ба гуфти Яҳува амал карда, Юсуф Марямро муҳофизат мекард ва дар бораи ӯ ғамхорӣ менамуд. Тасаввур кунед, ки рафтори Юсуфро дида муҳаббати Марям ва иззату ҳурмати ӯ ба ҳамсараш чӣ қадар зиёд мегашт! Шавҳарон, агар шумо низ барои ба оилаи худ ғамхорӣ кардан аз Китоби Муқаддас роҳнамоӣ ҷӯед, мисли Юсуф амал мекунед. Он гоҳ,— ҳатто агар дар ҳаётатон дигаргунӣ даровардан лозим шавад,— нишон медиҳед, ки зани худро дӯст медоред ва пайванди издивоҷатонро мустаҳкам мегардонед. Хоҳаре аз Вануату, ки зиёда аз 20 сол боз оиладор аст, мегӯяд: «Вақте шавҳарам роҳнамоии Яҳуваро ҷуста, аз рӯйи он амал мекунад, ман ӯро бештар ҳурмат мекунам. Дилам тинҷ аст ва ба қарорҳое, ки ӯ қабул мекунад, шубҳа намекунам». w23.05 саҳ. 21, сарх. 5
Панҷшанбе, 4 сентябр
Он ҷо шоҳроҳе хоҳад буд, роҳе, ки Роҳи покӣ номида мешавад (Иш. 35:8).
Исроилиёне, ки аз Бобил баргаштанд, барои Худояшон бояд «халқи муқаддас» мегаштанд (5 Мӯсо 7:6). Албатта, ин маънои онро надошт, ки барои ба даст овардани розигии Яҳува ба онҳо лозим набуд, ки ба ҳаёташон дигаргуниҳо дароранд. Аксарияти яҳудиён дар Бобил таваллуд шуданд. Аз афташ, онҳо тарзи фикрронӣ ва баъзе одатҳои бобилиёнро аз худ карда буданд. Даҳсолаҳо баъд аз он ки қисми аввали яҳудиён ба Исроил баргаштанд, ҳоким Наҳемё фаҳмид, ки кӯдакони дар Исроил таваллудшуда ҳатто забони яҳудиро аз худ накардаанд. Ӯ аз ин ба ҳайрат омад (5 Мӯсо 6:6, 7; Наҳемё 13:23, 24). Агар ин кӯдакон забонеро, ки қисми зиёди Каломи Худо бо он навишта шудааст, надонанд, пас, чӣ тавр Яҳуваро дӯст дошта, парастиш карда метавонистанд? (Эзро 10:3, 44). Ана барои ҳамин он яҳудиён бояд ба ҳаёташон дигаргунии ҷиддӣ медароварданд. Лекин ин корро дар Исроил, дар ҷое, ки ибодати пок оҳиста-оҳиста барқарор мешуд, кардан осонтар буд (Наҳемё 8:8, 9). w23.05 саҳ. 15, сарх. 6, 7